Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои « Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои солҳои 2018-2020 тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 09.12. 2016 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020 тасдиқ намуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Қарори мазкур аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 8 декабр ба тасвиб расид.
Тибқи Қарори мазкур муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор ӯҳдадор гардиданд, ки барои иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо чораҳои амалӣ андешанд.
Ҳамчунин Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе вазифадор гардид, ки то 20 декабр ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе гузориш таҳия ва пешниҳод намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






