«МО ҲАМА БАРОБАРЕМ!» 3 декабр-Рӯзи байналмилалии маъюбон
ДУШАНБЕ, 03.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 3 декабр дар тамоми дунё, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии маъюбон зери шиори «Мо ҳама баробарем!» таҷлил мегардад. Бояд гуфт, ки ҳоло дар ҷаҳон беш аз як миллиард маъюбон ба қайд гирифта шудаанд, ки он 15 фоизи аҳолии рӯи Заминро ташкил медиҳад.
Бо иттилои СММ, ин қишри ҷомеа баъзан аз неъматҳои асосии баробарҳуқуқӣ, ба монанди таҳсил, кор, ҳифзи саломатӣ ва дастгирии ҳуқуқӣ дур мемонанд. Аз ин рӯ 3 декабр ба хотири бештар равона намудани диққати аҳли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон, ҳифзи эътибор, ҳуқуқ ва муваффақиятҳои онҳо ва иштирокашон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил карда мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани Истиқлолият то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017- 2020» таҳия ва қабул гардид, ки мақсади асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои маъюбон, беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва солимгардонии онҳо мебошад.
Инчунин зикр гардид, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба оилаҳое, ки 2 нафар ва зиёда аз он маъюб доранд ва ба маъюбоне, ки ба воситаҳои тавонбахшии маъюбӣ ва воситаҳои ёрирасони техникӣ эҳтиёҷманданд, воситаҳои протезию ортопедӣ, маҳсулоти тавонбахшӣ, асобағал ва аробачаҳои маъюбӣ харидорӣ ва тақдим карда мешаванд.
Илова бар ин, роҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев иброз дошт, ки имрӯзҳо шароити будубоши маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд хеле хуб буда, онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дастгирӣ меёбанд. Ба иттилои номбурда, Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон соли 1989 таъсис ёфта, ҳадафи аслии он ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар Тоҷикистон 144 ҳазор нафар шахсони имконияташон маҳдуд ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 24 ҳазор нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.
Бояд зикр намуд, ки бахшида ба ин рӯз бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ ва сохторҳои давлатӣ барномаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ бо иштироки ҳунармандоне, ки имконияти маҳдуд доранд, доир мегарданд.
Ибодат ДАВЛАТОВА,
АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






