«МУФАТТИШ МЕОЯД!». Одамон ба поквиҷдонию меҳнати ҳалол даъват карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Иҷозат диҳед ман ба шумо як хабари нохуш расонам: ба наздамон муфаттиш меояд!». Бо чунин суханони сардори идораи полис Амос Фёдорович Ляпкин-Тряпкин оғоз мешавад фоҷиаи драмнависи машҳури рус Николай Василйевич Гогол «Муфаттиш». Аз рӯи ин асар ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ -мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа спектакли навро рўи саҳна оварданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, спектакли «Муфаттиш» аз аъмоли шахсоне, ки манфиатҳои давлатро як сӯ гузошта, ба фоидаи кисаи худ кор мекунанд, ба ришвагириву қаллобӣ ва мардумфиребӣ даст мезананд, нақл мекунад.
«Муфаттиш»-ро коргардон Нигина Раҷабова ҳамроҳи хормейстер Нилуфар Абдуллоева, оҳангсоз Шералӣ Қосимов, хореографҳо Шариф Азизов, Ойимгул Давлатова, консертмейстер Парвина Аҳророва ва рассом-таҳиягар Алимурод Сайдалиев ба саҳна гузоштааст.
Дар спектакл нақшҳои асосиро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Меҳринисо Ҳоҷибоева, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шомиддинов ва дигар ҳунармандони варзидаю собиқадор ва ҷавонони соҳибистеъдод иҷро кардаанд.
«Муфаттиш» сеюмин спектакли Нигина Раҷабова мебошад, ки дар саҳнаи Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ба намоиш гузошта мешавад.
«Ин спектакл мавзӯи дархӯри рӯз буда, одамонро ба поквиҷдонию меҳнати ҳалол даъват мекунад. Хушбахт аз он ҳастам, ки имрӯз ҳама ҳунармандони соҳибмартабаи соҳа дар ин театр ба кор фаро гирифта шудаанд. Ин пеш аз ҳама, аз маҳорати кордонии директори театр Аловуддин Абдуллоев дарак медиҳад»,-изҳор дошт Нигина Раҷабова.
Дар назар аст, ки спектакли «Муфаттиш» дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон намоиш дода шавад.
Хотиррасон менамоем, ки ба тамошобинони тоҷик «Муфаттиш»-и Н. Гогол ҳанӯз аз охири солҳои 70-уми асри гузашта маълум аст: онро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абқабдулло Рӯдакӣ коргардони маъруф Хушназар Майбалиев рӯи саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оварда буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад






