Мушаррафа Қосимова: «Ман доимо бо театр ҳастам»

Декабрь 20, 2017 15:48

ДУШАНБЕ, 20.12.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Тамоми кормандони театри кишвар шуморо устод ва модари худ медонанд, аҳли театри тоҷик бо Мушаррафа Қосимова ифтихор мекунанд. Ин суханонро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дирӯз, 19 декабр дар дидорбинӣ ва табрики Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова бо рӯзи мавлудаш иброз дошт.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамроҳ бо Вазири фарҳанг намояндагон ва собиқадорони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла Арбоби ҳунари Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Ғуломова,  сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг Мирзоолим Саидов, директорони театрҳои пойтахт ва дигарон бо зодрӯзаш табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва хушбахтии аҳли хонаводаро таманно намуданд.

Фотима Ғуломова аз солҳои аввали фаъолияташ дар театр ёдовар шуда, нақл кард, ки Мушаррафа Қосимова дар ҳаёт модари дуюми ӯ аст. «Модари ман дар театр Мушаррафа-ойтӣ ҳастанд, ки ба ман нозукиҳои касбро омӯхтаанд. Мушаррафа-ойтӣ ҳамеша беҳтарин маслиҳатгар, дӯст ва устоди ман ҳастанд. Ман хеле хушбахтам, ки аз нақшофариҳои якҷоя дар намоишҳои бешумор ва сафарҳои ҳунарӣ бо ин инсони наҷиб хотироти ғанӣ дорам» — гуфт Фотима Ғуломова.

Мушаррафа Қосимова аз дидори дӯстону ҳамкасбон ва шогирдонаш хеле хурсанд гардид. «Ташаккур, ки маро ёд кардед, сарам ба осмон расид. Ташрифи шумо барои ман неруи нав мебахшад», — изҳор дошт ӯ.

Бояд гуфт, ки фаъолияти кории хешро ҳунарманди маҳбуб дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оғоз кардааст.

Мушаррафа Қосимова иброз дошт, ки дар хонаи ӯ ҳамеша фазои театр эҳсос мешавад. «Аз аксҳо ва мусаввараҳои атроф худатон метавонед хулоса бароред, ки ман доимо бо театр ҳастам», — изҳор дошт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки Мушаррафа Қосимова 19 декабри соли 1918 дар гузари Чорраҳаи шаҳри Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падари вай Орифҷон Расулиро соли 1924 дар қатори дигар равшанфикрони тоҷик ба пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе фиристода буданд. Соли 1930 падари Мушаррафа Қосимова оилаашро аз Самарқанд ба Душанбе овард.

Шавҳари Мушаррафа-апа Ҳунарманди Халқии СССР Муҳаммадҷон Қосимов низ яке аз саромадони театри тоҷик буд.

М. Қосимова аз овони ҷавонӣ дар саҳнаи тоҷик бо намоишҳои театрӣ дар шаҳру деҳаҳои Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, доимо дар байни мардум буд. Мушаррафа Қосимова дар намоишномаҳои зиёд, аз ҷумла, дар намоишномаҳои «Тӯй», «Зиндагӣ ва муҳаббат», «Модар», «Номаро ман навиштам», «Фармони Кадушоҳ» ва ғайра нақш офаридааст. Инчунин ин ҳунарпеша дар филмҳои ҳунарии «Нисо», «Дохунда», «Дӯсти ман Наврӯзов», «Дарду алами Афғонистон», «Ҷавонии Насриддин» ва ғайра нақш бозидааст.

Бо гузашти солҳо, ҳунар ва образҳои офаридаи ҳунарманд низ тағйир ёфтаанд. Нақшҳои Модар аз намоиши «Беватан»-и Султон Сафаров (соли 1970), Бӯстонбибӣ аз намоиши «Ҷон модаракон»-и А. Қаҳҳор (соли 1972), Модаркалон аз асари «Номаро ман навиштаам»-и Файзулло Ансорӣ (соли 1973) ва Фармонбибӣ аз «Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад (соли 1982) чун беҳтарин образҳои саҳнаи тоҷик муаррифӣ мешаванд. Нақши момодоя Мушаррафа Қосимоваро аз филми «Марди мутааллиқи ду зан» дар дилу дидаи мардум ҷой намуд. Ин аст, ки чеҳраи нуронӣ, мӯйҳои сафеди ба пешона хамида ва қомати андаке хамшудааш пеши чашм ҳамеша ҷилвагар асту лафзи ширадораш чун зангӯлаи зиндагӣ аз абадияту муҳаббат ёдрас менамояд. Нақши модари дар филми машҳури тоҷикии «Нисо» офаридааш низ аз ҳамин қабил образҳои ӯ ба шумор меравад.

Ҳарчанд М. Қосимова солҳои охир дар саҳнаи театр ва кино нақш намеофарад, вале доимо аз тариқи рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизион бо хабарҳои дохиливу хориҷи кишвар ошно мегардад. Ба гуфтаи вай, имрӯз дӯсти беҳтаринаш рӯзнома мебошад. Ба 99- солагии худ нигоҳ накарда, «модар»-и театри тоҷик пайваста бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар робита буда, ба суолҳои хабарнигорон посух медиҳад.

Имрӯз ин зани ҳунарманд соҳиби набераю абераҳои зиёд буда, ҳамеша кӯшиш мекунад онҳоро дар сари як дастархон ҷамъ намояд. М. Қосимова аз рӯзгори ба сар бурдааш шукрона дошта, фахр мекунад, ки меҳнати кардааш зоеъ нарафта ва онро қадрдонӣ кардаанд.

Ин зани ҳунарманд ба ҳама насиҳат карда, сирри дарозумриашро аз  зиндадилию дӯст доштани зиндагӣ медонад. Ӯ пайваста изҳор мекунад, ки ҳар як шахс бояд зиндагиро дӯст дорад ва ба қадри ҳар нафаси ҳаёт бирасад.

Декабрь 20, 2017 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид