ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борону барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст
ДУШАНБЕ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе минтақаҳои мамлакат боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 19 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳарорати ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард хоҳад шуд.
«Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад»,-илова намуд манбаъ.
Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, баъзан фаромадани туман ва боридани борону барф пешбинӣ шуда, шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






