ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст

Декабрь 21, 2017 08:52

ДУШАНБЕ, 21.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво   тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе минтақаҳои мамлакат боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 21 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 4-9 дараҷа сард хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, баъзан фаромадани туман ва боридани борону барф пешбинӣ  шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 2-7  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 ва  рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 21, 2017 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид