«ОЯНДА АЗ ТУ ВОБАСТА АСТ!». Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон байни дастаҳои футболи кӯдакони ятим ширкат мекунад

Декабрь 5, 2017 15:12

ДУШАНБЕ, 05.12.2017./АМИТ «Ховар»/. Командаи Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон байни дастаҳои футболи кӯдакони ятим иштирок мекунад. Чемпионати мазкур зери унвони «Оянда аз ту вобаста аст!» моҳи майи соли оянда пеш аз оғози Ҷоми Ҷаҳон-2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Директори генералии Ширкати «МегаФон» Сергей Солдатенков ва сардори фонди хайриявии британиягии Street Child United Джон Ро оид ба баргузории Чемпионати ҷаҳон байни кӯдакони ятим зери унвони «Оянда аз ту вобаста аст!» ёддошти ҳусни тафоҳум ба тасвиб расонданд. Мусобиқа моҳи майи соли оянда дар шаҳри Москваи Россия доир мешавад. Барои унвони чемпиониро соҳиб шудан 24 дастаи духтарону писарони аз 14 то 17 сола мусобиқа мекунанд. Дар мусобиқа дастаҳо аз давлатҳои Англия, Беларус, Бурунди, Бразилия, Миср, Зимбабве, Индонезия, Канада, Кения, Либерия, Маврикия, Мексика, Непал, Россия, ИМА, Танзания, ТОҶИКИСТОН, Уганда, Украина, Филиппин ва боз чанд кишвари дигари олам иштирок хоҳанд кард.

«Сар аз соли 2005 мо мусобиқаи «Оянда аз ту вобаста аст!»-ро байни дастаҳои футболи бачаҳои ятим ташкилу баргузор мекунем. Ҳадафи асосии мо аз баргузории ин чорабинӣ ба ҳар як кӯдаки ятим фароҳам овардани имконият барои сохтани ояндаи худаш мебошад. Соли оянда ин имконият ба кӯдакони ятими 22 кишвари дунё даст хоҳад дод», — зикр намуд Солдатенков бо изҳори сипос ба фонди хайрияи Street Child United.

Сардори фонди хайриявӣ дар навбати худ изҳор намуд, ки чемпионати ҷаҳон байни кӯдакони ятим бар асоси кӯшиши дастаҷамъона ташкил карда мешавад. Моҳи майи соли оянда, дар арафаи оғози Ҷоми ҷаҳон дар Россия мо ин чорабиниро баргузор менамоем ва боварӣ дорем, ки одамон ба ин гуна атфоли ятим таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд ва барои ояндаи дурахшони онҳоро сохтан имконият фароҳам меоранд», — гуфт Ро Джон.

 

Декабрь 5, 2017 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад