«ОЯНДА АЗ ТУ ВОБАСТА АСТ!». Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон байни дастаҳои футболи кӯдакони ятим ширкат мекунад
ДУШАНБЕ, 05.12.2017./АМИТ «Ховар»/. Командаи Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон байни дастаҳои футболи кӯдакони ятим иштирок мекунад. Чемпионати мазкур зери унвони «Оянда аз ту вобаста аст!» моҳи майи соли оянда пеш аз оғози Ҷоми Ҷаҳон-2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Директори генералии Ширкати «МегаФон» Сергей Солдатенков ва сардори фонди хайриявии британиягии Street Child United Джон Ро оид ба баргузории Чемпионати ҷаҳон байни кӯдакони ятим зери унвони «Оянда аз ту вобаста аст!» ёддошти ҳусни тафоҳум ба тасвиб расонданд. Мусобиқа моҳи майи соли оянда дар шаҳри Москваи Россия доир мешавад. Барои унвони чемпиониро соҳиб шудан 24 дастаи духтарону писарони аз 14 то 17 сола мусобиқа мекунанд. Дар мусобиқа дастаҳо аз давлатҳои Англия, Беларус, Бурунди, Бразилия, Миср, Зимбабве, Индонезия, Канада, Кения, Либерия, Маврикия, Мексика, Непал, Россия, ИМА, Танзания, ТОҶИКИСТОН, Уганда, Украина, Филиппин ва боз чанд кишвари дигари олам иштирок хоҳанд кард.
«Сар аз соли 2005 мо мусобиқаи «Оянда аз ту вобаста аст!»-ро байни дастаҳои футболи бачаҳои ятим ташкилу баргузор мекунем. Ҳадафи асосии мо аз баргузории ин чорабинӣ ба ҳар як кӯдаки ятим фароҳам овардани имконият барои сохтани ояндаи худаш мебошад. Соли оянда ин имконият ба кӯдакони ятими 22 кишвари дунё даст хоҳад дод», — зикр намуд Солдатенков бо изҳори сипос ба фонди хайрияи Street Child United.
Сардори фонди хайриявӣ дар навбати худ изҳор намуд, ки чемпионати ҷаҳон байни кӯдакони ятим бар асоси кӯшиши дастаҷамъона ташкил карда мешавад. Моҳи майи соли оянда, дар арафаи оғози Ҷоми ҷаҳон дар Россия мо ин чорабиниро баргузор менамоем ва боварӣ дорем, ки одамон ба ин гуна атфоли ятим таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд ва барои ояндаи дурахшони онҳоро сохтан имконият фароҳам меоранд», — гуфт Ро Джон.








Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






