ПАРИИ ҲИСОРӢ КӢ БУД? Дар шаҳри Ҳисор маҳфили бошукӯҳи илмӣ ва адабию фарҳангӣ баргузор гардид
ҲИСОР, 02.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳам истеъдоди нодири нависандагӣ ва ҳам донистани таърихи пурғановати гузашта ба нависанда Султонмуроди Одина имкон дод, ки дар бораи рӯзгор ва осори шоири намоёни асри 19 Парии Ҳисорӣ асари қобили таваҷҷуҳ ва хонданбоб эҷод намояд. Он дар асоси манбаъҳои муҳими таърихӣ таҳия гардида, воқеаҳои даврони зиндагӣ-ҳаёти пур аз шӯр ва фоҷиабори шоири маъруф Муллораҷаб Парии Ҳисориро дарбар мегирад. Дар китоб дарҷ гардидани осори гаронбаҳои Парии Ҳисорӣ нигоштаҳои муаллифро тақвият дода, воқеаҳои асрҳои гузаштаро хотирмон ва ҷолибу муассир нишон додааст.
Ба муносибати нашри ин асари хонданбоб дар Осорхонаи шаҳри Ҳисор маҳфили бошукӯҳи илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ доир гардид. Адибону донишмандон Ворис, Саидмурод Эшзода, Ҳакималӣ Назаралӣ, Ҳасан Юсуфи Файзбахш, Абдуқаҳҳори Қосим ва дигарон дар бораи асари мазкур андешаронӣ намуданд. Зимни суханронии нотиқон зикр гардид, ки нашри китоби мазкур падидаи бисёр муҳими илмӣ, адабӣ ва таърихӣ буда, барои омӯзиши таърихи гузаштаи миллати тоҷик имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ба маҳфили фарҳангӣ ширкати ҳунармандони маҳбуб Шамсиддин Муҳиддинов, Искандар Боев ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ шукӯҳу шаҳомат бахшид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






