«Паём — роҳнамои имрӯзу фардо»-ҷаласа дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Декабрь 28, 2017 16:41

ДУШАНБЕ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо мақсади омӯзиш ва натиҷагирӣ аз нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандони Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» таҳти унвони  «Паём – роҳнамои имрӯзу фардо» ҷаласаи васеъ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи илмӣ-методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов хабар дод.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода иброз намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат хамчун роҳнамо ва дастури амиқу дақиқ барои фаъолияти ҳар як шаҳрванди мамлакат баҳри ободонӣ, рушду пешрафт ва шукуфоии ҷумҳурии азизамон нақши муҳим мебозад.

Инчунин дар ҷаласа ходимони илмии осорхона андешаву бардоштҳои хешро аз Паём иброз дошта, зикр намуданд, ки баҳри амалӣ намудани бандҳои асосии Паёми Сарвари давлат тамоми саъю кӯшишро ба харҷ медиҳанд.

Дар ҷаласа аз ҷониби директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муовинони директор ва сардорони шуъбаҳо баҳри гузаронидани чорабиниҳо, ташвиқу тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба осорхона ва ба ин восита бедор намудани ҳисси баланди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар замири ҷавонон, инчунин дар самти таҳияи нақшаи чорабиниҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.

 

 

Декабрь 28, 2017 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад