«Пешвои миллат – падари маҳбуб ва ғамхори ятимон»-ҳамоиш дар Суғд
ДУШАНБЕ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар «Кохи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо дастгирии раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ таҳти сарпарастии Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зери унвони «Пешвои миллат–падари маҳбуб ва ғамхори ятимон» ҳамоиш баргузор гардид. Мақсади ҳамоиши мазкур дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ табрик намудан ва расонидани кумаки моддӣ ба ятимон, кӯдакон ва наврасон аз оилаҳои камбизоати шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд буд.
Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар дода, зикр карданд, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон яке аз фазилатҳои хуби инсонии миллати куҳанбунёди тоҷик аст.
Дар ҳамоиш сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва зиёда аз 600 нафар донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбӣ иштирок доштанд. Олимҷон Зоҳидзода ҷавононро даъват кард, ки анҷом додани амали нек -дасти ятимону ниёмандон гирифтан, бо рафтору муомилаи хуш шод гардонидани хотири онҳоро, ки беҳтарин амали хайру савоб аст, биомӯзанд ва намунаи ибрати дигарон бошанд.
Сипас, барпокунандагони ҳамоиш иштирокдоронро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, ба хотири болидарӯҳӣ барномаи рангини фарҳангиро пешниҳоди онҳо намуданд. Дар фарҷоми ҳамоиш аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд туҳфаҳо ва маблағҳои пулӣ ба ятимон, кӯдакон ва наврасон аз оилаҳои камбизоати шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар ҷаҳон Рўзи байналмилалии кумак ба камбизоатон таҷлил мегардад.











Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






