ПРЕЗИДЕНТИ БЕЛАРУС АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «МАН ТОҶИКИСТОНРО БИСЁР ДӮСТ МЕДОРАМ ВА ИНРО ПИНҲОН НАМЕДОРАМ»
ДУШАНБЕ, 04.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Беларус Александр Лукашенко дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 1 декабри соли равон баргузор гардид, дар бораи муҳаббаташ ба Тоҷикистон нақл кард. Гузориши мулоқоти сарони ҳарду давлат тавассути телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ва Беларус пахш гардид.
«Мо бо Шумо дӯстони деринаем. Ман Тоҷикистонро бисёр дӯст медорам ва инро пинҳон намедорам. Ман дар ватани Шумо будам. Аз деҳоти Шумо, истеҳсолот ва хоҷагии қишлоқатон дидан намудаам. Кӯҳҳоятонро дидаам ва аз болои онҳо парвоз кардаам», — гуфт А. Лукашенко.
Президенти Беларус афзуд, ки Душанбе ба ӯ хеле писанд аст: на танҳо зебоии шаҳр, балки номи ӯ. Лукашенко онро дилписанд ва форам хонд. А. Лукашенко табиати нотакрори Тоҷикистонро низ ёдовар шуд. Ӯ зимни сухарониаш борҳо кӯҳҳо ва дарёҳои зебои Тоҷикистонро ёд овард.
«Ман аллакай дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон будам, вале чунин зебоиро дар ягон ҷо надидаам. Мехостам муносибатҳои мардумонамон низ чунин зебо бошанд», — изҳор дошт ӯ.
Ҳамзамон А. Лукашенко таъкид дошт, ки имрӯз ба Тоҷикистон муяссар гардидааст, ки бо ҳамсояҳои худ, махсусан бо Ӯзбекистон муносибатҳои хеле хуб ба роҳ монад.
Дар навбати худ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дӯстиро баланд арзёбӣ мекунад ва мардуми тоҷик ба Президенти Беларус эҳтиром доранд.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






