Рамазон Раҳимзода: «Волидонро зарур аст бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирии оворагардиву беҳудагардии фарзандони худ ҳамкорӣ намоянд»

Декабрь 25, 2017 16:40

ДУШАНБЕ, 25.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамъомади бошукӯҳе, ки ба муносибати Соли ҷавонон имрӯз, 25 декабр дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини Вазири маориф ва илми кишвар Бозоралӣ Одиназода, роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону курсантони Академия ва намояндагони ҷавонони фаъол аз тамоми донишгоҳу донишкадаҳои олии минтақаву вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, қабл аз шурӯи ҷамъомад ҳайати меҳмонон дар саҳни Академияи ВКД аз намоишгоҳи дастовардҳои илмиву варзишии омӯзгорону курсантони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дидан намуданд. Сипас, Рамазон Раҳимзода аз дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соли сипаришудаи 2017 ёдовар шуда, изҳор намуд, ки рӯйдоди фараҳбахше, ки дар охири ин сол ба вуқӯъ пайваст, ирсоли Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабр ба Маҷлиси Олии мамлакат буд.

Роҳбари аввали мақомоти корҳои дохилӣ аз тафовути Паёми навбатии Пешвои миллат аз паёмҳои солҳои пешини ӯ ҳарф зада, зикр намуд, ки дар Паёми навбатии худ Сардори давлат як қатор имтиёзҳо дар соҳаи андоз, дастгирии корхонаву муассисаҳои истеҳсолии дохилӣ, аз ҷумла, соҳибкорони ватанӣ ва пешниҳоди сабукиҳо ба онҳо, воридсозии таҷҳизоти замонавии дорусозӣ ба кишвар, баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои тандурустиву маориф, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нафақа, стипендияи донишҷӯён иброз доштанд. Аз ҷумла, Роҳбари давлат дар ин Паёмашон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд, ки мақсад аз он дастгирии ин самтҳои муҳими хоҷагии халқи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мебошад.

Вазири корҳои дохилӣ ба масъалаи таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон дахл намуда, иброз дошт, ки тавре дар Паёми навбатии Президенти мамлакат омадааст, «ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд». Аз ин рӯ, ҳадаф аз ҷамъомади имрӯзаи мо низ аз наздик суҳбат намудан бо намояндагони ҷавонони фаъол аз тамоми минтақаҳои кишвар ва бохабар шудан аз ҳаёту фаъолияти онҳо мебошад.

Тавре мавсуф зикр намуд, имрӯз барои таҳсилу фароғат ва машғул шудан ба ҳар гуна машғулиятҳо барои ҷавонон тамоми шароит муҳайё мебошанд. «Имрӯз дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла, дар Академияи он барои машқу тамрини ҷавонон тамоми шароит мавҷуд буда, ҳамсолони шумо дар толорҳои муҷаҳҳаз бо тамоми дастгоҳҳои зарурӣ ба намудҳои гуногуни варзиш машғул мешаванд», — илова намуд Вазир.

Ба ақидаи Р. Раҳимзода,  новобаста ба андешидани тадбирҳои зиёд баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди кору таҳсил ба ҷавонон, мутаассифона, ҳанӯз ҳам ҳолатҳои ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ шомил гардидани намояндагони ин табақаи ҷомеа ҷой дошта, авбошиву муноқишаҳои мактабиву гурӯҳӣ миёни онҳо ба қайд гирифта мешаванд.

Мавсуф бо овардани мисолҳо аз ин гуна рафтору кирдорҳои номатлуби ҷавонон изҳор дошт, ки волидонро зарур аст, ки аз пештара бештар бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирии оворагардиву беҳудагардии фарзандони худ ҳамкорӣ намоянд.

 

Декабрь 25, 2017 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба хатари терроризм ба низоми давлатдории муосир дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борону барф меборад
Дар шаҳри Гулистон даври омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» доир гардид
Ҷаласаи сеюми гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия доир гардид
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймо дар Кореяи Ҷанубӣ 179 нафар ба ҳалокат расид
Президенти 39-уми ИМА Ҷимми Картер даргузашт
Имрӯз дар Тоҷикистон борону барф пешбинӣ шудааст
Пешвои миллат: «Ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва аз тоҷик будани худ ифтихор намоем»
Дар Бадахшон озмуни вилоятии «Канӣ духтарон» ҷамъбаст гардид
Дар Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии минтақа баргузор шуд
Соли 2024 155 километр роҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба истифода дода шуд