«САДОИ ШАРҚ» дар баробари нашри беҳтарин намунаҳои адабиёти миллӣ барои ҳифзи арзишҳо ва манфиатҳои миллию мардумӣ талош намудааст

Декабрь 19, 2017 15:08

ДУШАНБЕ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ» имсол 90-сола шуд. Оид ба фаъолияти пурсамари ин маҷаллаи куҳантарину бонуфузи  адабию иҷтимоии Тоҷикистон  сардабири маҷалла Рустам ВАҲҲОБЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин изҳори назар кард:  

Шумораи нахустини нашрияи миллии адабии «Садои Шарқ»  бо номи «Дониш-биниш» дар Самарқанд интишор ёфта буд. Аз шумораи дуюм дар соли 1927 то соли 1932 он бо унвони «Раҳбари дониш» ба нашр мерасид. Аз соли 1932, бино бар таҳаввулоти сиёсие, ки дар ҳаёти адабию фарҳангӣ низ таъсир гузошт, номи ин маҷалла «Барои адабиёти сотсиалистӣ» шуд, ки ба сурати мухтасар «БАС» низ гуфта мешуд. Аз соли 1934 то 1964 маҷалла унвони «Шарқи сурх»-ро дошт ва аз шумораи 5-уми соли 1964 то имрӯз бо номи «Садои Шарқ» интишор меёбад. Дар тӯли ин ҳама давр танҳо бо шурӯи Ҷанги дуюми ҷаҳон аз соли 1941 то 1945 чопи маҷалла қатъ гардид ва аз соли 1946  интишори он давом ёфт.

Маҷалла аз рӯзи таъсис муаррифи  беҳтарин чеҳраҳои адабӣ мебошад. Муҳимтарин осори адабии устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Мунзим, Ҳаким Карим, Раҳим Ҳошим ва дигар нависандагони насли аввали адабиёти навини тоҷик дар он ба чоп расида, аслҳои амалии мактаби адаби муосири тоҷикро устувор сохтанд. Агар ин насли адибон бо маҳсули расида ва пухтаи таҷрибаҳои эҷодии худ вориди майдони нашрия шуда бошанд, пас наслҳои баъдӣ ба он чун ба як мактаб ва парваришгоҳи ҳунари адабӣ омадаанд.

Метавон гуфт, ки тақрибан тамоми осори насли дуюми адабиёти муосири тоҷик, хусусан устод Мирзо Турсунзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ, Фотеҳ Ниёзӣ ва ҳамаи намояндагони барҷастаи адабиёти навини тоҷик дар саҳифаҳои «Садои Шарқ» дарҷ гардидаанд.    Хонандаи тоҷик бо осори тақрибан тамоми адибони давраи навин, аз ҷумла, Муъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Меҳмон Бахтӣ, Гулрухсор, Абдулҳамид Самад, Муҳиддин Хоҷазод, Сорбон, Ҳақназар Ғоиб, Урун Кӯҳзод, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Салимшо Ҳалимшо, Мастон Шералӣ, Султон Шоҳзода, Гулназар, Камол Насрулло, Ҷонибек Акобиров, Назри Яздонӣ, Алимуҳаммад Муродӣ, Ширин Бунёд, Низом Қосим, Сайф Раҳимзод, Барот Абдураҳмонов, Баҳманёр, Диловари Мирзо, Муҳаммадраҳими Сайдар, Юнус Юсуфӣ, Саидаҳмади Зардон, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Муҳаммад Ғоиб, Аҳмадҷони Раҳматзод, Неъмат Оташ, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Раҳмат Назрӣ, Фарзона, Мӯҳтарам Ҳотам, Зиё Абдулло, Ато Мирхоҷа, Сиёвуш, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Давлати Раҳмониён, Абдуқодири Раҳим, Файзи Ашӯр, Аҳлиддин Ҳисорӣ, Озар, Озарахш, Раънои Мубориз, Адиба, Гулноз, хулоса ҳамаи чеҳраҳои адабии шинохтаи имрӯз беш аз ҳама ба воситаи «Садои Шарқ» шинос гардидааст.

Маҷалла барои ривоҷи суннатҳои истеъдодпарварӣ ва ҷазби адибони ҷавони лаёқатманд, ки ҳамеша яке аз бахшҳои муҳими кори ҳайати эҷодии он аст, талош мекунад. Бояд ёдовар шуд, ки дар маҷалла бо номи «Эҷоди ҷавонон» саҳифаи махсус ҷой дорад ва дар ҳар шумораи он эҷоди ҷавонон ҷой дода мешавад.

Навиштаҳои ҷавонтарин аъзои Иттифоқи нависандагон, ки дар айни ҳол муваффақтарин адибони ҷавон ба шумор меоянд, аз ҷумла, Толиби Луқмон, Муҳриддин Сабурӣ, Баҳманёр Муродӣ, Баҳром Раҳматзод, Бузургмеҳри Баҳодур бештар ва пештар аз ҳама ба воситаи «Садои Шарқ» муаррифӣ шуда ва як силсила истеъдодҳои ҷавоне, низ ки ҳанӯз ба узвият пазируфта нашудаанд, аз ҷумла, Бузургмеҳри Ҳаким, Мафтунаи Қосим, Шоҳбегим, Мирзо Наврӯз пайваста бо намунаҳои хуби осори адабии худ дар маҷалла иштирок доранд ва хонандаро ба ояндаи равшани адабиётамон умедвор месозанд.

Соли 2005-ум аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷалла нашрияи миллӣ эълон гардид. Амри Пешвои миллат дар хусуси Нашрияи миллӣ эълон намудани «Садои Шарқ» асоси амиқи таърихӣ дорад, ки дар сафҳаҳои ин нашрияи куҳанбунёд ба таври амалӣ ва дурахшон инъикос ёфтааст. Пеш аз ҳама, ин нашрия бо нияти амалӣ кардани ормонҳои ҳувият ва истиқлоли маънавӣ ташкил шуда, воситаи пуртаъсири ҳифзи арзишҳои волои миллӣ, хусусан забону адабиёти тоҷик гардидааст. Гузашта аз ин, аз шумораҳои нахустин сар карда, ин нашрия саҳифаҳои худро ба майдони пайкорҳои илмию маънавӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои миллӣ, тамомияти арзӣ, истиқлоли сиёсию маънавӣ, забони ноби тоҷикӣ табдил додааст. Ҳамеша дар баробари нашри беҳтарин намунаҳои адабиёти миллӣ «Садои Шарқ» ба ҳифзи арзишҳо ва манфиатҳои ҳаққонии миллию мардумӣ талош намудааст.

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН

Декабрь 19, 2017 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид