Суди ноҳияи Тоҷикобод ронандаи мастро 15 ҳазор сомонӣ ҷарима намуд
ТОҶИКОБОД, 05.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Тоҷикобод дар маҷлиси кушоди сайёри судӣ сокини ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳия Раҳмоналӣ Исмоиловро барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёташ дар асоси моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ бо ин модда ҷазои маъмурии ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда, баробар ба 15 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин намуд. Суд ҳамчунин Раҳмоналӣ Исмоиловро аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол маҳрум кард. Дар ин бора раиси Суди ноҳияи Тоҷикобод Сайдалӣ Миршарифзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Тибқи иттилои сардори ШБДА РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Шодмони Ҳасан, пас аз ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои минтақаи Рашт нисбат ба 13 ронанда барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт бо моддаи 332 ва барои дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт бо моддаи 337 -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба судҳои ноҳияҳои минтақа ирсол карда шуд. Аз ин шумора аз ҷониби судҳои ноҳияҳо 8 парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ баррасӣ гардидааст.
Инчунин аз тарафи кормандони ШБДА РВКД дар минтақа ва ноҳияҳои Рашт нисбат ба 11 ронанда бинобар надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ бо моддаи 336 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми як, протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Аз онҳо 5 нафар ба маблағи 62 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шуда, парвандаи 6 нафари дигар мавриди баррасӣ қарор дорад.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






