Суди ноҳияи Тоҷикобод ронандаи мастро 15 ҳазор сомонӣ ҷарима намуд

Декабрь 5, 2017 16:55

ТОҶИКОБОД, 05.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Тоҷикобод дар маҷлиси кушоди сайёри судӣ сокини ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳия Раҳмоналӣ Исмоиловро   барои дар ҳолати мастӣ идора намудани  воситаи нақлиёташ дар асоси моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ  бо ин модда  ҷазои маъмурии ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда, баробар ба 15 ҳазор сомонӣ  ба фоидаи давлат таъйин намуд. Суд ҳамчунин  Раҳмоналӣ Исмоиловро  аз ҳуқуқи идораи  воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол  маҳрум кард.  Дар ин бора  раиси  Суди ноҳияи Тоҷикобод Сайдалӣ  Миршарифзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Тибқи иттилои  сардори ШБДА РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Шодмони Ҳасан,  пас аз ворид шудани тағйиру иловаҳо  ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои минтақаи Рашт нисбат ба 13 ронанда барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт бо моддаи 332 ва барои дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт бо моддаи 337 -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба судҳои ноҳияҳои минтақа ирсол карда шуд. Аз ин шумора аз ҷониби судҳои ноҳияҳо 8 парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ баррасӣ гардидааст.

Инчунин аз тарафи кормандони ШБДА РВКД дар минтақа ва ноҳияҳои Рашт нисбат ба 11 ронанда бинобар надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ бо моддаи 336 Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми як, протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Аз онҳо 5 нафар ба маблағи 62 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шуда, парвандаи 6 нафари дигар  мавриди баррасӣ қарор дорад.

Декабрь 5, 2017 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Замони баргузории Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии шаҳри Панҷакент муайян шуд
Байни мутахассисони самти бехатарии радиатсионӣ ва муҳити экологии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳамкорӣ таҳким меёбад
Талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе ба 16,9 фоиз расидааст. Бардошт аз ҷаласаи гурӯҳи корӣ таҳти раëсати муовини Сарвазири Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
РОҲИ ПЕШГИРИФТАИ ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ АСТ! Мошинҳои барқӣ аз лиҳози экологӣ тозатарин навъи нақлиёт дар ҷаҳон эътироф шудаанд
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳияи Кӯшониён ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
Дар Панҷакент ниммарафони экологии кӯҳии «Seven Lakes» доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ дар назар аст
Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад