ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 15 декабр, ҷумъа, 349-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 16 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Декабрь 15, 2017 08:11

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 15 декабри соли 2011 дар шаҳри Берлин бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Германия ифтитоҳ ёфт.

***

8 сол пеш аз ин, 15 декабри соли 2009  дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии хавфи офатҳо” ва Нақшаи амал барои татбиқи он семинар баргузор шуд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Шри-Ланка  Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шри-Ланка ва Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи тиҷорати Коломбо оид ба рушди тиҷорати дуҷониба ва ҳамкории соҳибкорони ду мамлакат ба имзо расид.

15 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии чой.

***

Дар Россия – Рӯзи хотираи журналистони ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҳалокшуда.

 РӮЙДОДҲО:

 15 декабри соли 2011 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии «Ҳисоботи миллӣ оид ба куҳансолӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

 ***

15 декабри соли 1923 тамғаи ширкати мошинсозии «Шкода» ба қайд гирифта шуд.

***

35 сол муқаддам, 15 декабри соли 1982 Хазинаи байналмилалии асъор барои ба Бразилия пешниҳод намудани заём дар ҳаҷми 4,5 миллиард доллар барои хизматрасонӣ ба қарзҳои хориҷӣ ризоият дод.

***

Дар ин рӯзи соли 1990 декларатсия оид ба истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон қабул гардид.

***

15 декабри соли 1972 ташкилоти СММ оид ба ҳифзи муҳити зист таъсис дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

  Соли 1989 дар ИМА рекорди ҷаҳонӣ дар мавриди  50 соату 50 сония ба таври муаллақ дар ҳаво истодани чархбол гузошта шуд.

 

Декабрь 15, 2017 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст