ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, шанбе, 290-умин рӯзи соли 2026 аст
17 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуда, масъалаҳои ҷамъоварии ҳосилу омодагӣ ба зимистон ва иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои дохилӣ додаашонро баррасӣ намуданд.
***
17 октябри соли 2012 дар Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ мулоқоти судманд анҷом доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
7 сол пеш, 17 октябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Пойгоҳи таъминоти моддию техникӣ оғоз бахшиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.
***
17 октябри соли 2020 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди марҳилаи дуюми гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК-Агро” санги асос гузоштанд.
***
17 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва анвои меваю сабзавоти сардхона шинос шуда, дар чорабинии Иди Меҳргони вилояти Суғд иштирок намуданд.
***
17 октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт тарабхонаи бразилии «Латина-Душанбе» (Latina-Dushanbe)-ро ифтитоҳ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим Оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва бародарии Тоҷикистону Қатар баррасӣ гардид.
17 ОКТЯБР:
Рӯзи умумиҷаҳонии аз байн бурдани камбизоатӣ.
***
Рӯзи ҷаҳонии овозхонӣ
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1918 дар Москва аввалин маротиба дар ҷаҳон Осорхонаи бозичаҳо кушода шуд.
***
17 октябри соли 1929 оид ба пурра таъмир намудани шаҳри Москва қарор қабул шуд.
***
17 октябри соли 1973 11 давлати арабӣ дар бораи ҳар моҳ 5 фоиз кам намудани истеҳсоли нафт созишнома ба имзо расониданд.
***
17 октябри соли 2006 аҳолии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба 300 миллион нафар расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар самти амният баррасӣ гардиданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1959 Ширкати «Де Бирс» дар Африкои ҷанубӣ эълон намуд, ки нахустин маротиба аз ҷониби онҳо алмоси сунъӣ истеҳсол карда шуд.
***
Соли 2004 дар Кипр ширинипазҳои маҳаллӣ ширинии шарқиеро бо номи роҳат-лукум ва вазни 2,5 тонна омода намуданд, ки барои таҳияи он беш аз 2 тонна шакар, 350 килограмм орди ҷуворӣ ва 150 килограмм меваи хушк истифода бурда шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, ҷумъа, 289-умин рӯзи соли 2026 аст






