ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 16 декабр, шанбе, 350-юмин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 15 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Декабрь 16, 2017 08:44

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

16 декабри соли 2009 дар шаҳри Копенгагени Дания Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим суханронӣ намуданд.

***

4 сол қабл, 16 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли вақти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Дмитрий Мезентсев таваҷҷуҳи зиёд ба масоили баргузор намудани Форуми СҲШ ва таҳияи Стратегияи СҲШ барои солҳои 2020-2025 зоҳир карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар ҷаласаи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум кабинаи нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

 16 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

  Дар  Баҳрайн — Иди миллӣ.

***

Дар Қазоқистон – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Бангладеш – Рӯзи ғалаба.

РӮЙДОДҲО:

 16 декабри соли 2009 Федератсияи байналхалқии футбол — ФИФА ҷадвали ҷойгиршавии дастаҳои мунтахаби ҷаҳонро оид ба футбол барои соли 2009 муайян кард. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол дар ин ҷадвал дар байни 207 давлати ҷаҳон ҷои 165-умро ишғол намуд.

***

16 декабри соли 2016 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юмин ҷаласаи навбатии байниташкилотии Гурӯҳи корӣ оид ба муносибатҳои байнибуҷавии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 ***

99 сол муқаддам, 16 декабри соли 1918 Ҳизби коммунистии коргарии Полша таъсис дода шуд.

***

16 декабри соли 1958 мамлакатҳои  Паймони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ талаботи Иттиҳоди Шӯравиро барои аз Берлин баровардани ҳамаи низомиён ва «шаҳри озод» эълон кардани он рад намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1966 Шӯрои амнияти СММ ҷорӣ намудани як қатор таҳримҳоро бар зидди Родезия (Зимбабвеи муосир) ба тасвиб расонид.

***

16 декабри соли 1991 Ҳизби Коммунистии Туркманистон  фаъолияти худро қатъ карда, аз нав ҳамчун Ҳизби демократӣ таъсис дода шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1970 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таҳкими амнияти байналхалқӣ декларатсия қабул намуд.

***

Соли 1972 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нишони «Дӯстии халқҳо» таъсис дода шуд.

Декабрь 16, 2017 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш