ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 2 декабр, шанбе, 336-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 29 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Декабрь 2, 2017 09:21

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

2 декабри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»-ро имзо карданд.

***

2 декабри соли 2016 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои зебо ва қадимию таърихии ин кишвар боздид ба амал оварданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ таҳти номи рамзии «Салом алейкум, халқҳои ҳамеша дӯсти Туркманистон ва Тоҷикистон!» намоиш баргузор гардида буд.

 2 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди  ғуломдорӣ.

***

Дар Россия- Рӯзи кормандони бонкдорӣ.

***

Дар Мянма- иди миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

2 декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар мавзӯи «Рӯзноманигорон ва ҳуқуқи низоъҳои мусаллаҳона» семинар баргузор намуда буд.

***

2 декабри соли 1870 Рим пойтахти Шоҳигарии Италия эълон шуда буд.

 ***

26 сол қабл аз ин, 2 декабри соли 1991 дар раъйпурсии Ингушетия аксарият барои ҷудо шудан аз Чеченистон овоз дода буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1977 дар натиҷаи ба садама дучор шудани ҳавопаймои Ту-154 дар наздикии шаҳри Ал-Байдаи Ливия қариб 60 нафар ба ҳалокат расиданд.

Декабрь 2, 2017 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 ноябр, якшанбе, 312-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 ноябр, шанбе, 311-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, ҷумъа, 310-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, панҷшанбе, 309-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, чоршанбе, 308-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, сешанбе, 307-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, душанбе, 306-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, якшанбе, 305-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, шанбе, 304 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, ҷумъа, 303-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, панҷшанбе, 302 — юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, чоршанбе, 301 — умин рӯзи соли 2026 аст