Таъкиди С. Аслов аз минбари САҲА дар бораи «сиёсати духӯра»-и баъзе кишварҳои аъзои он бисёр зарурӣ ва боҷуръатона буд

Декабрь 12, 2017 15:03

ДУШАНБЕ, 12.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Таъкиди Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов аз минбари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар бораи сиёсати духӯраи баъзе аз кишварҳои аъзои он дар самти мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ бисёр зарурӣ ва боҷуръатона буд. Ин суханонро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ ХОЛИҚНАЗАР ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз дошт.

Ёдовар мешавем, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар иҷлосияи 24-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунанда, ки 7-8 декабри соли равон дар шаҳри Венаи Австрия баргузор гардид,  сухан ронда, доир ба мавқеи Тоҷикистон, нуктаҳои мубрами рӯзномаи ҷаласа ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар минтақаи САҲА ибрози ақида намуда, талошҳои муштараки кишварҳоро дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин зарурати густариши ҳамкорӣ дар масъалаҳои бознигарии усули баргузории чорабиниҳои Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ДНДҲИ/САҲА) ва таҳкими амниятро дар минтақа таъкид намуд.

Дар робита ба ин Худобердӣ Холиқназар зикр намуд, ки «дар ҳақиқат САҲА набояд дар бархӯрд бо чунин падидаи хатарноки аср –экстремизм ва терроризм «сиёсати духӯра» дошта бошад, балки дар ин масъала бояд бо кишварҳои узв ҳамаҷониба ҳамкорӣ кунад».

Ба таъкиди ҳамсуҳбат, «тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ иттилоъ дорад, ки дар табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 дар Душанбе, яъне замоне, ки А. Назарзода мехост дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табаддулоти низомӣ анҷом диҳад, ТЭТ ҲНИТ ва роҳбарияти он мустақиман дар ин амал даст доштанд. Инро на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки кишварҳои дигар низ эътироф карданд».

Ба ақидаи Худобердӣ Холиқназар, ин созмони муътабари ҷаҳонӣ дар ин маврид набояд аз як ҳизби террористӣ ва ифротгаро тарафдорӣ мекард, баръакс бояд тамоми фаъолиятҳо ва амалкардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ менамуд.

«Вақте ки як созмони мӯътабари ҷаҳонӣ бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи башар намояндагони ин ҳизби террористиро ба ҷаласаи умумие, ки соли гузашта дар Варшава доир шуда буд, даъват намуда, имконият медиҳад, ки онҳо шиорҳои гуногуни зиддиҳукуматӣ ва зиддидавлатӣ паҳн намоянд, магар ин «сиёсати духӯра» нест?»,-гуфт сиёсатмадор.

Ҳамсуҳбат изҳори боварӣ кард, ки баъди суханони С. Аслов ин созмон дар оянда фаъолияташро дубора баррасӣ мекунад.

Ҳамзамон ҳамсуҳбати мо доир ба масъалаи муҳими дигаре, ки С. Аслов аз минбари ин созмон таъкид кард,  чунин иброз дошт: «Бояд кишварҳои дигар низ нагузоранд, ки фаъолони ин ҳизб дар кишварҳояшон ба амалҳои экстремистӣ ва террористӣ даст зананд».

Худобердӣ Холиқназар аз вазъияти байнисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, ки рӯз то рӯз вахим ва бадтар мешавад, изҳори таассуф карда, гуфт: «Пешниҳоде, ки аз ҷониби С. Аслов садо дод, муҳим ва доғи рӯз аст. Яъне САҲА бояд ба масъалаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи бештар намояд ва кумак кунад. Зеро ин масъала на танҳо масъалаи сарҳади Тоҷикистон, балки сарҳади кишварҳои ин созмон ба шумор меравад».

Тавре маълум аст, яке аз вазифаҳои САҲА ҳимояи ҳуқуқи башар аст, зеро ин созмон дар ҷаҳон иддао мекунад, ки созмони мутараққӣ ва пешрафта аст ва аз ҳуқуқҳои башар ҳимоя мекунад.

Дар робита ба ин директори Маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд: «Ҳуқуқи башар иддао мекунад, ки гӯё Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудияти динӣ барқарор кардааст. Аслан ин нодуруст аст. Бояд гуфт, ки дафтари онҳо дар кишвари мо фаъол аст ва мебинанд, ки тамоми ҳуқуқҳои динии шаҳрвандон ҳимоя мешавад. Воқеан, агар аз нуқтаи назари имкониятҳои мазҳабӣ ба мардум нигарем, мебинем, ки имрӯз дар кишвари мо аз мактаб дида, масҷидҳо зиёд шудаанд. Ва тамоми мардум шароит доранд, ки ибодат ба ҷо оранд. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро муттаҳам кунад, ки ҳуқуқи мазҳабӣ ва динии мардумро поймол кардааст».

Ба андешаи ин сиёсатмадори шинохта, дар ҷаҳони муосир, мутаассифона, кишварҳои абарқудрат бештар кӯшиш мекунанд, ки дар сиёсатҳои хориҷиву дохилиашон ба истилоҳ аз «сиёсати духӯра» истифода кунанд. Барои дарк кардани ҳадафҳои аслии онҳо дар ин ҷо бояд сиёсати хориҷӣ хеле зиракона бошад. Моро зарур аст, ки дар дарки  сиёсати хориҷӣ ҳамаҷониба ҳушёр бошем. Дарк карда тавонем, ки он сиёсате, ки абарқудратҳо нисбат ба кишварҳои хурд мебаранд, чӣ гуна аст, ҳадафи аслиашон аз чӣ иборат аст ва онҳо билохира чӣ мехоҳанд?  «Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи сиёсати хориҷӣ амал мекунад ва мо сиёсати бисёрсамтӣ ва дарҳои бозро идома медиҳем. Сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёрсамтӣ аст ва мо кӯшиш мекунем, ки бо тамоми кишварҳои абарқудрат якхела рафтор кунем»,-хулоса намуд андешаҳояшро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар.

 

Декабрь 12, 2017 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Масъалаи тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо дар Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ESCAP ва UNECE баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Императори Ҷопон эътимоднома супорид
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон задухӯрди мусаллаҳонаро дар Умон қотеона маҳкум кард
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар самти бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси дипломатҳои ҷавон баррасӣ гардид
Дар Риёз мулоқоти сафирони Тоҷикистон ва Чин дар Арабистони Саудӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар маросими кушодашавии XXXIII Фестивали байналмилалии санъат «Славянский базар» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон эътимоднома супорид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид тақвият меёбад
Ҳоким Холиқзода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор дар Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Шаҳри Магдебурги Олмон мизбони Мусобиқаи варзишӣ оид ба аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид