Таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ: ҳосили гармхонаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бозор бароварда шуд
ДУШАНБЕ, 12.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 130 адад гармхонаҳо мансуб ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфродӣ мебошанд, ки дар онҳо помидору бодиринг, занҷабили булғорӣ ва дигар маҳсулот барои таъмини бозори истеъмолӣ дар давраи зимистон парвариш карда мешаванд.
Хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолии деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли равон ҳаҷми истеҳсоли анвои гуногуни маводи ғизоии кишоварзиро афзун намуданд. То расидани фасли сармо ҳосили кишти такрорӣ ҷамъоварӣ карда шуда, дар 130 адад гармхонаҳои мавҷуда парвариши помидору бодиринг ва дигар маҳсулот ба роҳ монда шуд, ки ин дар баробари афзоиши даромаднокии хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ, заминаи фаровонию дастрасии маводи ғизоӣ дар бозори истеъмолӣ мебошад.
Дар қисми гармхонаҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳосили сабзавот-помидору бодиринг ва булғорӣ нисбат ба солҳои қаблӣ барвақт пухта расида, як ҳафта аст, ки ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пешниҳод мегардад. Ҳосили гармхонаҳо давра ба давра аз моҳи декабр сар карда, то охири фасли зимистону тайёр шудани маҳсулот дар заминҳо пешниҳоди аҳолӣ карда мешавад.
Дар оғози фасли зимистон расондани ҳосили гармхонаҳо натиҷаи тадбирҳои хуби агротехникӣ- кишту кучати барвақтии сабзавот дар гармхонаҳо, истифодаи тухмиҳои санҷидашудаи серҳосил ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи парвариши сабзавот дар гармхонаҳо мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






