Таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ: ҳосили гармхонаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бозор бароварда шуд

Декабрь 12, 2017 12:02

ДУШАНБЕ, 12.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 130 адад гармхонаҳо мансуб ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфродӣ мебошанд, ки дар онҳо помидору бодиринг, занҷабили булғорӣ ва дигар маҳсулот барои таъмини бозори истеъмолӣ дар давраи зимистон парвариш карда мешаванд.

Хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолии деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли равон ҳаҷми истеҳсоли анвои гуногуни маводи ғизоии кишоварзиро афзун намуданд. То расидани фасли сармо ҳосили кишти такрорӣ ҷамъоварӣ карда шуда, дар 130 адад гармхонаҳои мавҷуда парвариши помидору бодиринг ва дигар маҳсулот ба роҳ монда шуд, ки ин дар баробари афзоиши даромаднокии хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ, заминаи фаровонию дастрасии маводи ғизоӣ дар бозори истеъмолӣ мебошад.

Дар қисми гармхонаҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳосили сабзавот-помидору бодиринг ва булғорӣ нисбат ба солҳои қаблӣ барвақт пухта расида, як ҳафта аст, ки ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пешниҳод мегардад. Ҳосили гармхонаҳо давра ба давра аз моҳи декабр сар карда, то охири фасли зимистону тайёр шудани маҳсулот дар заминҳо  пешниҳоди аҳолӣ карда мешавад.

Дар оғози фасли зимистон расондани ҳосили гармхонаҳо натиҷаи тадбирҳои хуби агротехникӣ- кишту кучати барвақтии сабзавот дар гармхонаҳо, истифодаи тухмиҳои санҷидашудаи серҳосил ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи парвариши сабзавот дар гармхонаҳо мебошад.

 

 

Декабрь 12, 2017 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад