Тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳҳои вилояти Суғд соҳиби туҳфаҳои солинавӣ шуданд
ХУҶАНД, 29.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии сарпарастони соҳа дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии ҳудуди вилоят барномаҳои идона доир гардида, беш аз 1900 нафар бошандагони ин муассисаҳо ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, 28 декабр раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз се мактаб-парваришгоҳи вилоят дидан намуд. Аз ҷумла, дар ин рӯз 227 нафар бошандагони Мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд, 275 нафар бошандагони Мактаб-интернати кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 120 нафар бошандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон аёдат карда шуданд.
Раиси вилоят зимни аёдат дар барномаи солинавии бошандагони ин се муассисаи иҷтимоӣ иштирок намуда, онҳоро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик намуд ва ба муҳассилин туҳфаҳои солинавию либоси зимистона туҳфа намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






