ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2017. Солномаи АМИТ «Ховар» бо зикри рӯйдодҳои муҳими кишвар дар соле, ки имрӯз ба поён мерасад

Декабрь 31, 2017 08:10

ДУШАНБЕ, 31.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз чанд соат Соли нави мелодии 2018 бо файзу баракат ва шукӯҳу шаҳомати хоси худ ба сарзамини Тоҷикистон қадам мегузорад.

Соли нави 2018 барои Тоҷикистону тоҷикистониён соли фаромӯшнашаванда, соли таконҳои ҷиддӣ дар рушди иқтисоду иҷтимоиёти мамлакат хоҳад гашт, зеро дар ин сол нахустин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор медарояд.

Бо умеди фардои дурахшону шукуфон АМИТ «Ховар» тасмим гирифт муҳтавои воқеаҳои муҳими соли равонро, ки баъд аз чанд соат бо мо хайрухуш мекунад, дар чор фасл пешкаши хонандагон намояд. Ҳар яке аз фаслҳо се моҳи соли 2017-ро дар бар мегирад. 

Моҳи январ

4 январи соли 2017 Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» иттилоъ дод, ки аз 5 январи соли равон дар саросари мамлакат маҳдудияти рӯзонаи барқ пурра аз байн бардошта мешавад. Баъд аз даҳ рӯз, 14 январи соли 2017 маҳдудияти барқ пурра бардошта шуд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар Муроҷиатнома қабул кард, ки дар он зикр шуда буд: «Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат яъне аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ аз 14 январи соли 2017 дар тамоми қаламрави кишвар бисту чор соат бо барқ таъмин карда мешаванд».

4 январи соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба муносибати 25-солагии робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой барқияи табрикӣ ирсол намуданд. Дар он, аз ҷумла, омадааст: «Имрӯз ба ҳамшарикии кишварҳои мо, ки дар асоси усулҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимод ба ҳамдигар, баробарҳуқуқӣ ва риояи мутақобилаи манфиатҳо бино ёфтааст, сатҳи баланди ҳамкорӣ хос аст».

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Тоҷикистону Хитой ҳамсояҳои ба ҳам хайрхоҳ мебошанд ва онҳоро кӯҳҳои осмонбӯсу дарёҳо ба ҳам мепайванданд. Дӯстии халқҳои мо аз гузаштаи дур маншаъ мегирад. Тайи 25 соли истиқрори робитаҳои дипломатӣ муносибатҳои кишварҳои мо босубот ва самарабахш рушд меёбанд».

5 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷлисро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз карда, оид ба фаъолияти ҲХДТ дар соли 2016 ва вазифаҳои нави ташкилотҳои ҳизбӣ дар соли 2017 бо таҳлилҳои мушаххас суханронӣ карданд. Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир, раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири он андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки амалигардонии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нишондодҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, таъмини амният ва суботи сиёсӣ, ҳифзи истиқлолият, арҷгузорӣ ба муқаддасоти Ватан бояд вазифаи муқаддаси ҳар як фард бошад.

9 январи соли 2017 Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки Тоҷикистон дар ҷамъбасти олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика, ки дар Руминия баргузор шуд, ҷои ҳафтумро ишғол карда, аз ҷиҳати иштирок ва сазовор шудани ҷойҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои ҷаҳон ворид шуд.

10 январи соли 2017 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муносибати 10 –солагии таъсисёбии ин мақоми махсуси мубориза ба муқобили коррупсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар рафти ҷаласа Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, вазорати нақлиёт, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, комиссиариатҳои ҳарбӣ ва бонкдорӣ дар даҳ соли охир изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

12 январи соли 2017 Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) шаҳри Душанберо ҳамчун макони баргузории бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби миллии бонувон аз кишварҳои Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Урдун, Мянмар, Тайван, Ӯзбекистон, Филиппин, Гонконг, Лубнон, Баҳрайн, Эрон, Ҳиндустон, Фаластин, Кореяи Шимолӣ, Гуам, Ироқ, Сингапур, Сурия ва Имороти Муттаҳидаи Араб тасдиқ кард.

13 январи соли 2017 дар шаҳри Парижи Франсия маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Монако (Князигарӣ) баргузор гардид. Санади мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия Ҳомидҷон Назаров ва аз ҷониби Монако Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Монако дар Франсия Клод Котталорда ба имзо расониданд.

14 январи соли 2017  дар  Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  ба муносибати таҷлили соли нави чинӣ барномаи фарҳангии «Базми баҳор» баргузор гардид. Дар барномаи фарҳангии мазкур Оркестри миллии созҳои халқии Гуандуни Ҷумҳурии мардумии Чин ба шаҳрвандони муқими ин кишвар дар Тоҷикистон ва дӯстдорони санъату фарҳанги пурғановати кишвари ба мо дӯст ва ҳамсояи Чин мусиқиҳои фораму шуниданиро пешниҳод намуд.

18 январи соли 2017 шоҳмотбози маъруфи Тоҷикистон Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмилалии «Delhi International Open-2017» бо иштироки 268 шоҳмотбоз аз 23 давлати ҷаҳон, ба аввалин ғалабаи худ дар соли нави 2017 комёб гардид.  Фаррух Амонатов дар  ин мусобиқа бо 8,5 имтиёз соҳиби мақоми аввал гардид.

18 январи соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд. Аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки дар айни замон лоиҳаҳои фаъоли Бонк ба маблағи зиёда 350 миллион доллар дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мавриди иҷро қарор доранд.

19 январи соли 2017 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Ширкати «Ходайз групп Индастрис» Радҷа Рамакришнан мулоқот намуд. Дар мулоқот барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамгироии манфиатбор дар соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

19 январи соли 2017  дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин барои намояндагони ВАО бахшида ба қабули Қатъномаи МУ СММ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 брифинг барпо гардид.  Мутобиқи Қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон мешавад, ки он аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад.

20 январи соли 2017 Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои Ҳамкории Шанхай (СҲШ) Маҳмадшариф Ҳақдод дар машваратҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, ширкат варзид. Зимни машваратҳо доир ба ҳадафҳои авлавиятнок ва тадбирҳои амалӣ ҷиҳати рушди муносибатҳо дар чаҳорчӯби СҲШ дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ муҳокима сурат гирифт.

21 январи соли 2017 Бори аввал барои кӯдакони ношунаво ва дершунав қисми аввали китоби дарсии «Забони имову ишора» бо забони тоҷикӣ омода ва ба мактаб-интернатҳои махсус дастрас карда шуд.  Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 5 ҳазору 633 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

22 январи соли 2017 Дар виллаи Швартсшеи Берлин шоми мусиқии бастакори овозадори тоҷик Фирӯз Баҳор баргузор гардид. Барномаи мазкур дар феҳристи барномаҳои фарҳангии шаҳри Берлин дохил гардида, барои шунидани оҳангҳои ин бастакори шинохта меҳмонон ва сокинони пойтахти Олмон- шаҳри Берлин, аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва аҳли фарҳанг ҷамъ омаданд. Дар барномаи мусиқӣ Фирӯз Баҳор, аз ҷумла офаридаҳои худ «Мақоми Ироқ», «Суруди баҳор» ва «Мароканд», инчунин аз эҷодиёти бастакорони машҳури олам асарҳо иҷро намуда, хотири ҳозиринро шод намуд.

23 январи соли 2017 Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд — Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зимни мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Тоҷикистонро шарики муҳими Арабистони Саудӣ дар минтақа номид.
Дар робита ба ин, Ходими ҳарамайни шарифайн ба масъулони девони подшоҳӣ, раиси Маҷлиси Шӯро ва роҳбарони вазорату идораҳои марбута дастур дод, ки барои суръат бахшидани масъалаҳои ҳалталаб ва рушду тавсеаи ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Тоҷикистон, хусусан дар самти густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳавасманду сафарбар намудани доираҳои соҳибкории мамлакат, инчунин тавсеаи ҳамкории фарҳангӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

24 январи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Бурианро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ба сатҳи муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд дода, ҳарду ҷониб аз тамоюли густариши ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори қаноъатмандӣ намуданд. Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Буриан баъди мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки «Иттиҳоди Аврупо дар оянда ҳам барои тақвияти  соҳаи маориф ва илм, тандурустиву кишоварзӣ  ҳавасмандӣ зоҳир карда, инчунин дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ҳамкориро идома медиҳад».

25 январи соли 2017 Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» ба имзо расонданд. Барои ба расмиятдарории раводиди электронӣ шаҳрвандони 78 давлате, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо бо таври содда додани раводидро муайян кардааст, метавонанд тавассути интернет бо пешниҳод намудани маълумотҳои дахлдор ва пардохти маблағ, раводиди худро тариқи почтаи электронӣ дастрас намоянд.

25 январи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як гурӯҳи фаъолони марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 2 нафар тоҷиконро «барои саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии байналмилалӣ ва ризоият дар кишвар» бо ордену медалҳо сарфароз гардонид.  Бо ордени «Дӯстлик» раиси Маркази миллии фарҳангии тоҷикони вилояти Қашқадарё Абдурасул Эргашев ва бо медали «Шӯҳрат» фаъоли маркази миллии фарҳангии тоҷикони вилояти Намангон, хабарнигори газетаи ҳукуматии «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон Анвар Муродов қадрдонӣ шуданд.

26 январи соли 2017  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ассамблеяи XVI генералии ҳисоботию интихоботии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар интихоб шуданд. Бар асоси Оинномаи КМОТ Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои чаҳор сол (2017-2020) интихоб шуданд.

27 январи соли 2017 дар Кохи Наврӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.  Сарвари давлат, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба нақши Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки қарорҳои дар ҷаласаҳои ин Шӯро қабулшуда дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ба эътидол овардани вазъи ҷомеа, ваҳдати миллӣ, суботи комили сиёсӣ таъмини сулҳу амният, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодии сухан ва муколамаи сиёсӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварданд.

27 январи соли 2017 Нимаи дуюми рӯз  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шуваловро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Душанбе бо сафари корӣ ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар рафти сӯҳбат натиҷаҳои кори Комиссия ва масоили вобаста ба ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия  мавриди баррасӣ қарор доштанд.

27 январи соли 2017 Ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Федератсияи  Россия  оид ба ҳамкориҳои  иқтисодӣ  баргузор гардид. Вобаста ба натиҷаҳои кори ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои  иқтисодӣ  роҳбарони  ҳайатҳо  бо изҳороти матбуотӣ дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма баромад намуда, натиҷаҳои  вохўрии имрўзаро барои ҳарду ҷониб манфиатбор арзёбӣ карданд.

29 январи соли 2017 Дар Боғи «Ирам» бахшида ба ҷашни Сада бо иштироки  устодони санъат, ҳунарпешагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, оркестри эстрадии «Гулшан» ва Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» барномаи консертӣ баргузор шуд.

30 январи соли 2017 Се нафар лижаронҳои Тоҷикистон Соҳибназари Турсунмурод, Сайфиддини Низомиддин ва Дониёр Каримов дар Универсиадаи XXVIII зимистона, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз ёфт, ширкат варзиданд. Варзишгарони тоҷик аввалин бор дар Универсиадаи зимистона дар риштаи лижаронии кӯҳӣ ширкат мекунанд.

30 январи соли 2017 Таҳти раёсати  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XVII Шӯро баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ, намояндагони бахши хусусӣ, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуданд. Зимни баррасии масъалаҳо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалӣ намудани як қатор тадбирҳо дар самти рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ, коҳиш додани воридот ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, инчунин нақши неруи созандаи бахши хусусӣ дар рушди иқтисодии мамлакат ибрози назар намуданд.

30 январи соли 2017 Нависандаи амрикоӣ Бред Гуч дар китоби наваш бо номи «Асрори Румӣ» навишт, ки муаллифи «Маснавии маънавӣ», ки имрӯз пурхонандатарин шоир дар Амрико эътироф шудааст, дар водии Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст, на дар Балх. Дар ин бора  рӯзномаи машҳури амрикоии «New York Times» хабар дод. Муаллиф навиштааст, ки Мавлавӣ, ки имрӯз пурхонандатарин шоир дар Амрико ҳисоб мешавад,  соли 1207 дар як деҳаи тоҷикнишини водии Вахши  Тоҷикистони имрӯза ба дунё омадааст, на дар Балхи Афғонистон, ки бисёриҳо гумон мекунанд.

30 январи соли 2017 Бар асари боришоти зиёди барф, ки тайи рӯзҳои охир ба қайд гирифта шуд, дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 60 адад тарма фаромада, боиси маҳдудияти ҳаракати нақлиёт гардид.  Бо назардошти вазъияти ба амаломада таҳти роҳбарии Раиси Ситоди ҳалатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят, Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ситоди фаврӣ даъват карда шуд. Чунин ҳаҷми зиёди барф дар вилоят ва бахусус дар маркази он, ки зиёда аз 70 сантиметрро ташкил медиҳад, бори охирин соли 1969-и асри гузашта ба қайд гирифта шудааст.

30 январи соли2017 Маҷаллаи сайёҳии «34 travel» бар асоси таҳқиқоти  яке аз ширкатҳои бузурги трансмиллии молиявии ИМА — «Mastercard» рӯйхати 5 шаҳрро, ки имкониятҳои зиёде дар  соҳаи сайёҳӣ доранд ва дар оянда метавонанд ба самтҳои асосии ҷаҳонгардии сайёҳони хориҷӣ табдил биёбанд, нашр кард. Дар ин раддабандӣ дар ҷои аввал шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Маҷаллаи «34 travel» дар шарҳи интихоби Душанбе ба унвони яке аз шаҳрҳои аз нигоҳи туризм ояндадор чунин навишт: «Табиати кӯҳистонаш поку ором аст. Агар шумо мехоҳед аз тамоми хубиҳои туризм баҳра баред, беҳтар аст, ки саёҳати худро ба ин ҷо зудтар ба нақша гиред». Муаллифон ба сайёҳон дар Душанбе ҳатман тамошо кардани осорхонаҳои бостонӣ, археологӣ ва этнографиро машварат дода, навиштаанд, ки «чашидани шоҳкорҳои ошпазии маҳаллӣ – оши палави машҳури тоҷикӣ ва шириниҳои тоҷикиро фаромӯш накунед. Бар изофа, бузургтарин ҳайкали Буддои хобида дар Осиёи Марказӣ низ дар Душанбе ба маърази тамошо гузошта шудааст».

31 январи соли 2017 Дар Қасри Миллат  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки аз ҷониби ширкати «Салини Импреҷило» ҳамчун ширкати боэътимод ва пешрафтаи байналмилалӣ, ки дар сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» иштирок менамояд, барои иҷрои корҳои лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, камбудию мушкилоти ҷойдошта дар ин самт сари вақт бартараф карда мешаванд.

Моҳи феврал

1 феврали соли 2017  Шаш корхонаи ресандагии Тоҷикистон: «Ваҳдат Текстил», «Ноҳид», «Олим Текстайл», «РБТ Ресандаи Тоҷикистон», «Файзи Истиқлол 2011» ва «ХИМА Текстил» дар намоишгоҳи байналмилалии ришта, ки аз 2 то 5 феврал дар Истанбул доир гардид, иштирок намуданд.

1 феврали соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Венгрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андраш Бараниро (бо қароргоҳаш дар ш.Остона) ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди муносибатҳои ду кишварро бар асоси натиҷаҳои машваратҳои сиёсии дар Будапешт 28 ноябри соли гузашта барпогардида баланд арзёбӣ намуданд.

3 феврали соли 2017 Китоби арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор»  дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бори дуюм ва бо сифати баланд ба табъ расид. Китоби арзишманд аз ҷониби доираҳои илмӣ, фарҳангӣ, динӣ ва хонандагони сершумори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истиқболи гарм ёфт ва ниҳоят зарурӣ арзёбӣ гардид.

3 феврали соли 2017  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот машварати корӣ доир карданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба вазъи боду ҳавои кишвар, бахусус боришоти шадиду беисти рӯзҳои охир равона гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба боришоти рӯзҳои охир ба масъулини сохторҳои дахлдор, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ супориш доданд, ки баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, амнияти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва шаҳрвандонро таъмин намоянд.

2 феврали соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония Синдзо Абэ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ҷаноби Олӣ, бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония  сидқан табрику таҳният мегӯям. Тағйирот ва таҳаввулоти хеле ҷолибе, ки тайи ин солҳо дар муносиботи дӯстонаи Тоҷикистон ва Япония рух доданд, далели равшани эҳтимоми ҷонибҳо ба рушди равобити ҳасана байни ду кишвар дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мебошад».

2 феврали соли 2017 Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Шуморо ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Япония ва Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям. Моҳи октябри соли  2015 ба ҳайси Сарвазири Япония бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овардам ва бо Шумо мулоқоти судманд анҷом додам, ки дар натиҷа мо барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун ақидаи ҳамсон пайдо намудем. Бо хушнудӣ зикр менамоям, ки сафари мазкур ба рушди муносибатҳои миёни кишварҳоямон такон бахшида, оид ба татбиқи мувофиқаҳо дар соҳаҳои густурда тадбирҳои минбаъд фаъолана андешида мешаванд».

3 феврали соли 2017 Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Венгрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андраш Барани мулоқот намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Венгрия баррасӣ гардида, ҳавасмандии ҳар ду ҷониб барои густариши минбаъдаи онҳо иброз карда шуд. Дар ҷараёни мулоқот оид ба масъалаи қабули донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои олии Венгрия, васеъ гардонидани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои тиҷоратии кишварҳо ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи созандаи афкор сурат гирифт.

3 феврали соли 2017 Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Остона) Шон Стейл баргузор гардид. Дар ҷараёни суҳбат роҷеъ ба густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи Тоҷикистону Канада, аз ҷумла ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.

5 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Давлати Қатар сафар карданд.

5 феврали соли 2017 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи сармоягузорию молиявии Давлати Қатар баргузор шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон баргузории ин мулоқотро имконияти мусоиди муаррифии бештари роҳу самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон арзёбӣ карда, дар ҳузури намояндагони сершумори доираи молиявию сармоягузории Давлати Қатар бо нутқи пурмӯҳтаво баромад намуданд.

5 феврали соли 2017 Дар доираи сафари расмӣ дар Давлати Қатар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази Бунёди Қатар ва Осорхонаи санъати исломӣ ташриф оварда, бо фаъолияти онҳо шинос шуданд. Дар Маркази Бунёди Қатар меҳмони олимақом муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси иҷроияи Бунёди Қатар Шайха Ҳинд бинти Ҳамад истиқбол гирифта, бо фаъолияти марказ шинос намуданд. Баъди шиносоӣ бо шароити Бунёди Қатар дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таассурот ва таманниёти нек дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.

5 феврали соли 2017 Дар шаҳри Давҳа дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Созмони сармоягузории Давлати Қатар Шайх Абдулло ибни Муҳаммад ибн Сауд Оли Сонӣ мулоқот намуданд. Дар мулоқот масоили марбут ба иштироки доираи иқтисодию сармоягузории Давлати Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги дорои аҳамияти миллию минтақавии Тоҷикистон ва дурнамою нақшаҳои ҳамкориҳои фаъолтари Тоҷикистону Созмони сармоягузории Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Барои беҳтару хубтар гардидани ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ҳамчун қадами нахуст таъсиси Фони рушди Қатар оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна, Ширкати консталтингӣ ва Бонки сармоягузории Қатар дар Тоҷикистон амали муҳим арзёбӣ шуд.

6 феврали соли 2017 Дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар муқаррароти истиқболи расмӣ дар назди Қасри Амирӣ самимона ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд. Ба ифтихори ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар парчамҳои давлатӣ афрохта шуда, сурудҳои миллии ду давлат садо доданд ва фармондеҳи Горди фахрии Давлати Қатар ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии ҳайати низомӣ барои истиқболи расмӣ гузориш дод.

6 феврали соли 2017 Дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар Муҳаммад ибни Муборак Алхулайфӣ мулоқот намуданд. Дар мулоқот муколамаи сиёсии мунтазами Тоҷикистону Қатар дар сатҳи олӣ заминагузори рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои неку манфиатбори ду давлат арзёбӣ гардид.

6 феврлаи соли 2017  Питер Алагос, хабарнигори бахши иқтисодии рӯзномаи «Галф Таймс» («Gulf Times»)-и Қатар зери сарлавҳаи «Тоҷикистон сармоягузории Қатарро ба бахшҳои сайёҳӣ ва гидроэнергетика ҷалб менамояд» мавод нашр намуд.

6 феврали соли 2017  Дар дафтари Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон мулоқоти кории аъзои Кумитаи ҳидояткунандаи Гурӯҳи «Дӯстони об» (Намояндагони доимии Маҷористон, Швейтсария, Финландия, Таиланд, Тоҷикистон) баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла масъалаҳои татбиқи минбаъдаи ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

7 феврали соли 2017 Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) соҳиби дипломи ҷоизадорони ҳамоиши нобелӣ гардид. Дар ҳамоиши 16-уми ҷоизадорони нобелӣ, ки аз 2 то 5 феврал дар пойтахти Колумбия- шаҳри Багота баргузор гардид лоиҳаи барномаи «Футбол ба назди шумо меояд»-и ФФТ барои беҳтарин ташаббуси иҷтимоӣ барои ҷавонон дар сулҳпарварӣ, ба ин диплом сарфароз шуд.

8 феврали соли 2017 Дар доираи сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа  дар ҳузури намояндагони сершумори доираи молиявию сармоягузории Давлати Қатар муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон, ба мисли гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий, низоми бонкӣ ва сайёҳӣ муаррифиномаи муфассалро дар мавзӯи «Тоҷикистон — Қатар: Фарохтар аз тиҷорат» пешниҳод намуд.

9 феврали соли 2017  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот намуд. Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории судманди мутақобиларо дар бахши хоҷагии манзиливу коммуналӣ, аз ҷумла соҳаҳои гармидиҳӣ (таъмиру таъвизи хатҳои интиқоли гармӣ), нақлиёти шаҳрӣ, поккории санитарии ҳудудҳо (тоза кардани кӯчаҳо, идораи партовҳои маишӣ), обтаъминкунӣ ва рушди чароғонкунии кӯчаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

10 феврали соли 2017 Ян Ҳамачек, раиси палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия бо ҳайати баландпояи парлумонӣ бо сафари расмӣ ба Душанбе омад.  Дар доираи сафари расмиаш ба Тоҷикистон Ян Ҳамачек дар маросими ифтитоҳи Анҷумани доираҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Чехия, ки баргузории он 10 феврал дар Душанбе дар назар аст, иштирок намуд.

10 феврали соли 2017 Таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва як зумра шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласа дастур дода шуд, ки барои дар муҳлатҳои кӯтоҳ бартараф намудани мушкилот дар роҳҳои мошингарди мамлакат, тоза кардани иншооти роҳу нақлиёт аз барфу тарма, таҳияи нақшаи нави сохтмони иншооти ҳимоявӣ дар шоҳроҳҳое, ки аз мавзеъҳои баландкӯҳ мегузаранд, тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳама минтақаҳои хавфнок ва расонидани ёрию дастгирии ҳамаҷониба ба аҳолии зарардида, хусусан оилаҳое, ки дар натиҷаи ин ҳодисаҳои табиӣ наздиконашонро аз даст додаанд, тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

10 феврали соли 2017 Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Палатаи намояндагони Парламенти Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачекро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Чехия ва робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

10 феврали соли 2017 Шукурҷон Зуҳуров дар маросими ифтитоҳи Форуми соҳибкории Тоҷикистону Чехия, ки 10 феврал дар Душанбе доир гардид, хостори ташкили Шӯрои сармоягузории Тоҷикистону Чехия гардид. Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Чехия, ки дар доираи сафари расмии Ян Ҳамачек, Раиси палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия ба Душанбе сурат гирифт, доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Чехияро бо ҳам овард.

10 феврали соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Сарфарозам ба муносибати фарорасии санаи хотирмон дар таърихи муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка – 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ – ба Шумо табрикоти самимии хешро бифиристам. Тоҷикистон Штатҳои Муттаҳидаи Америкаро, ки яке аз аввалинҳо соҳибихтиёрии давлати моро эътироф намуд, шарики муҳимми худ дар арсаи байналмилалӣ медонад».

10 феврали соли 2017 Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Муҳтарам Президент, Ман Шумо ва тамоми халқи Тоҷикистонро бо 25-умин солгарди Истиқлолият табрик менамоям. Штатҳои Муттаҳида соҳибистиклолӣ ва якпорчагии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсояи он, инчунин кӯшишҳои Тоҷикистонро дар пешбурди корҳо баҳри гулгулшукуфӣ ва боз ҳам муттаҳидтар гардонидани Осиёи Марказӣ, пурра дастгирӣ менамояд».

11 феврали соли 2017 Дар Ҷумҳурии Туркия бахшида ба «25-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия» маҷаллаи «Тоҷикистон»  бо теъдоди 67 ҳазор нусха аз чоп баромад. Маҷаллаи мазкур дар ҳамкории сафорати Тоҷикистон дар Туркия  бо Шӯрои робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Туркия (DEIK) ва рӯзномаи иқтисодӣ-сиёсии «Дунё» 9 феврал ба табъ расид.

13 феврали соли 2017 Дар доираи 24-умин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизои «Продэкспо-2017» озмуни байналхалқии «Маҳсулоти беҳтарин-2017» доир гардид, ки дар он аз байни 105 ширкат маҳсулоти ҶСП «Евроазия-2005» (Ҷумҳурии Тоҷикистон) — обҳои ташнашикани «Ҳавотоғ» ва «Лимонад №1» беҳтарин дониста шуда, ғолиби озмун ва соҳиби медали тилло шуданд.

13 феврали соли 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо Директори генералии департаменти робитаҳои байналхалқии Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ Чен Бо мулоқот баргузор намуд. Дар рафти вохӯрӣ масъалаи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи туризм баррасӣ шуд. Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ дар соҳаи туризми ҷаҳонӣ дорои мақоми баланда буда, дар шароити ҳозира 110 шаҳри ҷаҳон аъзои ин Федератсия мебошанд.

13 феврали соли 2017 Ташаббуси нави глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар шумораи навбатии маҷаллаи «Invoice Magazine»-и Покистон дар мақолаи зери унвони «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи захираҳои обӣ баҳри рушди устувор ҳимоят намуд» инъикос гардид.

15 феврали соли 2017 Бори нахуст мусобиқаҳои кушоди ҷумҳуриявӣ аз намудҳои гӯштини миллӣ, пойга (аспдавонӣ), тенниси калон ва волейбол барои дарёфти ҷоми «Пойтахт» байни ҷавондухтарон баргузор мегарданд. Мусобиқаҳои мазкур бо мусоидати бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ роҳандозӣ шудаанд.

15 феврали соли 2017 Дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар мулоқот раёсат ва аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, намояндагони ташкилоту муассисаҳои гуногуни пойтахт, доираи соҳибкорону тоҷирон, аҳли илму маърифат, зиёиён, иттиҳодияҳои эҷодию динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Дар мулоқот Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сухан баромада, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирию таваҷҷуҳи пайваста изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки дар доираи дастуру супоришҳои роҳнамунсози Сарвари давлат роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои ободонию пешрафти пойтахти мамлакат тамоми тадбирҳоро амалӣ хоҳад намуд.

16 феврали солди 2017 Дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. Форум ба ифтихори барқарорсозии 25-солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия роҳандозӣ шуд.

17 феврали соли 2017 Таҳти раёсати   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.  Сарвари давлат, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҷаласа фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакатро дар роҳи таъмини амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва мубориза ба муқобили ҷинояту ҷинояткориҳо натиҷагирӣ намуда, аз тадбирҳои муваффақ ва мавҷудияти як қатор камбудию норасоиҳо дар ин самт ёдовар шуданд.

17 феврали солди 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Юлдирим Туғрул Тюркешро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифта, вохӯрии имрӯза идомаи мантиқии ҳавасмандии дуҷониб ба рушду тавсеаи бештари робитаҳо арзёбӣ гардид. Барои ҷалби доираи соҳибкорию сармоягузории ҷониби Туркия дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои муштарак дар чор минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёти байналмилалӣ, туризм ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои энергетикаву коммуникатсия ҳавасмандӣ зоҳир гардид.

17 феврали соли 2017 Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Юлдирим Туғрул Туркеш баъди мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки  Ҷумҳурии Туркия ният дорад, дар наздиктарин фурсат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки муштарак таъсис диҳад.

18 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббониро ба ҳузур пазируфтанд. Дар суҳбати самимию созанда муҳимтарин масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар асоси эътимоду боварии мутақобила ба роҳ монда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

18 феврали соли 2017 Салоҳиддин Раббонӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари Афғонистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои ҷолиб менамоянд, изҳори сипос намуд.

22 феврали соли 2017 Шабакаи нави телевизионӣ бо номи «Футбол» ба фаъолият оғоз намуд. Ҳадафи таъсиси шабакаи телевизионии «Футбол» муаррифии наврасону ҷавонони болаёқати кишвар, оммавигардонии футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии кишвар арзёбӣ карда шуд. Шабакаи «Футбол»-и Федератсияи футболи Тоҷикистон на фақат вохӯриҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, бозиҳои лигаи олӣ ва аввали футболи Тоҷикистон, балки чемпионатҳо ва мусобиқаҳоеро, ки таҳти васояти Конфедератсияи Футболи Осиё-лигаи чемпионҳо ва Ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё, чемпионатҳои миллии кишварҳои Осиё мегузаранд, инъикос мекунад.

22 феврали соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок ва суханронӣ намуда, зикр карданд: «Артиши миллии Тоҷикистон, ки бисту чор сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шуд, ҳанӯз аз солҳои нахустин аз имтиҳону озмоишҳои шадиди он айём гузашт ва тадриҷан ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи боэътимоди сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфт».

24 феврали соли 2017 Таҳти Раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати мамлакатро барои истифодаи оқилонаи замин, пешгирии ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ дар истифода ва тақсимоти он ҷалб сохта, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар ин соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

27 феврали соли 2017  Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо сафари расмии навбатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Владимир Путинро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат ҷараён гирифт.

27 феврали соли 2017   Дар Қасри миллат мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин доир гардид. Роҳбарони давлатҳо дар оғози вохӯрӣ бори дигар ҳамдигарро ба муносибати 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия самимона шодбош гуфта, барои идома додани муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ ва рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ омодагию ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.

27 феврали соли 2017 Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми бузург ва талошҳои созандаю иқдомҳои пайваста дар роҳи рушду тавсеаи бесобиқаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Россия бо мукофоти олии Федератсияи Россия- Ордени Александр Невский сарфароз намуд.

27 феврали соли 2017  Дар ҳузури сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар нишасти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи баланд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

27 феврали соли 2017  Шаҳри Душанбе макони баргузории бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2018 байни наврасони то 16-сола ва ҷавонони то 19-сола интихоб шуд.

28 феврали соли 2017  Дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Зимни гуфтугӯи судманди телефонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор дода, барои рушду тавсеаи бештару хубтари онҳо дар ҳамаи соҳаҳои афзалиятнок изҳори омодагию ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

28 феврали соли 2017  Шоми рӯзи 28 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ вориди шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон шуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо ҳамроҳӣ карданд.

Моҳи март               

1 марти соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон – шаҳри Исломобод баргузор гардид иштирок карданд.  Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) 12 марти соли 1977 аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пас аз ба имзо расидани Паймони Измир таъсис ёфтааст.

1 марти соли 2017 Дар доираи Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исломобод бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот намуданд. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Туркия аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки дар фурсати муносиб бо сафари расмӣ ба Туркия ташриф оваранд.

1 марти соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар давраи мавҷудияти худ Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба рушду тавсеаи бештару хубтари ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои аъзо мусоидати фаъол карда, дар ин самт бо талошҳои муштарак заминаи ҳуқуқии ҳамкории ҷонибҳо дар самтҳои афзалиятнок ташаккул ёфтааст ва ҷиҳати густариши тиҷорати байни кишварҳо, рафтуомади мардум ва ҳамлу нақли транзитӣ шароити созгор фароҳам оварда шудааст.

1 марти соли 2017 Дар ҷаласаи Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ қарор қабул карда шуд, ки соли 2018 ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад

2 марти соли 2017 Мулоқоти ҳайати Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва бархе аз созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ таҳти сарварии Аҳмад Сайф Ал-Давла, муовини директори иҷроияи Дафтари Кумитаи мубориза бо терроризм /CTED/ бо мақомоти марбутаи Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар вохӯрӣ масоили марбут ба таъмини амният, мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроту таҳдидҳои замони муосир, тавсеаи ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқ, идораи самарабахши сарҳадот ва назорати ҷойивазкунии фаромарзии борҳо муҳокима гардиданд.

2 марти соли 2017 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Мехоҳам табрикоти хешро ба шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-солагии узвияти кишвари шумо дар Созмони Милали Муттаҳид изҳор намоям. Ман аз дастгирии Ҳукумати шумо аз фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипоси беандоза мекунам. Тоҷикистон кишвари пешбари воқеии масъалаҳои марбут ба рушди устувор ва мудирияти захираҳои об аст».

2 марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Бо камоли мамнуният дастрас гардидани табрикоти самимии Шуморо  ба муносибати 25-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид таъкид менамоям. Шинохти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ҷараёни эътирофи истиқлолияти давлатии кишвари моро аз ҷониби дигар аъзои он вусъат бахшида, барои воридшавии Тоҷикистони соҳибихтиёр ба ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи устувор фароҳам овард».

3 марти соли 2017  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати 25-мин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия самимона табрику таҳният мегӯям. Мо аз он қаноатмандем, ки тӯли ин солҳо муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд. Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро бо Франсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад. Аз ин рӯ, мо ба рушди муносибатҳои худ бо кишвари Шумо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем ва ҷонибдори инкишофу нумӯи ҳар чи бештари онҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем».

3 марти соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Сеюми март биступанҷумин солгарди таъсисёбии муносибатҳои дипломатии Фаронсаю Тоҷикистон кайд карда мешавад. Фаронса ҳамеша барои истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон кушишҳои зиёд мекард. Вобаста ба ин, ман аз он хурсандам, ки дар тулли ин бисту панҷ сол байни кишварҳои мо муносибатҳои устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъсис дода шуданд. Ман фаромуш намекунам, ки Тоҷикистон низомиёни ҳавоии фаронсавиро, ки барои осоиштагии Афғонистон фаъолият доштанд, дар замини худ пазируфт».

3 марти соли 2017 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ба ҳайси узви нав дар нахустин иҷлосияи имсолаи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) роҷеъ ба фаъолиятҳои амалиётӣ барои соҳаи рушд иштирок ва суханронӣ намуд. Намояндаи доимӣ аз аҳамияти Шарҳи сиёсати фарогири чаҳорсола (QCPR-2016) ҷиҳати тақвияти фаъолияти фаврии СММ барои дастгирии кишварҳои аъзо дар татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор таъкид намуд.

3 марти соли 2017 «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот»-и Муҳаммад ибни Маҳмуд ибни Аҳмади Тӯсӣ — ёздаҳумин китоб аз силсилаи «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун), ки бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр мешавад, интишор шуд.

4 марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд. Боздиди кории Сарвари давлат аз мавзеи Фахробод оғоз гардида, дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди «Душанбе—Қӯрғонтеппа» муаррифӣ карда шуд.

4-5 марти соли 2017  Дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе ба муносибати истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Япония Рӯзҳои фарҳанги Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардиданд.

6 марти соли 2017 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо хонум Элизабет Миллард, Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Ҷонибҳо доир ба самту уфуқҳои нави ҳамкории мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати таҳкиму густариши додани робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои бародаршаҳрии байни шаҳри Душанбе ва шаҳри Боулдери иёлати Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳавасмандии махсус зоҳир намуданд.

7 марти соли 2017 Дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи модар чун анъанаи накуи наврӯзӣ бо занону бонувони фаъоли кишвар мулоқоти судманду самимӣ доир карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модарро офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон номиданд ва таъкид доштанд, ки маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

9 марти соли 2017 Китоби Замира Fаффорова, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Маркази таҳқиқоти форсии Донишгоҳи давлатии Алигарҳи Ҳиндустон таҳти унвони «Арзёбии ду тазкираи маъруфи Ҳинд: «Каламот-уш-шуаро» ва «Сафинаи хушгӯ» ба нашр расид.

9 марти соли 2017 Мусобиқаи ҷумҳуриявии футболбозон бахшида ба Рӯзи Модар бо ширкати дастаҳои футболи занона ба анҷом расид. Дар он футболбоздухтарони шаҳри Душанбе, ки ҳайати асосии дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ғолиб омаданд.

10 марти соли 2017 Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят маҷаллаи «Бонувони Хатлон» таъсис ёфт, ки аввалин шумораи он дар рӯзҳои ҷашни Рӯзи Модар ва Рӯзи матбуот ба дасти хонандагон расид.

12 марти соли 2017  Светлана Торно мардумшиноси олмонӣ дар сӯҳбат ба Радиои «Озодӣ» изҳор кард, ки: «Занони тоҷик худро хушбахт меҳисобанд. Албатта дар зиндагиашон мушкилот пеш меояд, шояд узви хонавода мефавтад, ингуна ҳолатҳо ҳастанд. Вале дар умум мардум механданд, аз паси зиндагиашон ҳастанд ва ба оянда бисёр хушбин ба назар мерасанд». Светлана Торно  муддати  як сол сохтори хонаводаҳои суннатӣ ва нақши зан дар оила дар Тоҷикистонро таҳқиқ кардааст. Ӯ аз соли 2014 то соли 2016 чанд дафъа ба Тоҷикистон ва бахусус вилояти Хатлон рафта,  дар он ҷо суннатҳои хонаводагӣ ва нақши зан дар онро таҳқиқ кардааст.

13 марти соли 2017 Дар шаҳри Хуҷанд телевизиони нави маҳаллӣ бо номи «7 ситора» ба фаъолият оғоз кард.

8-12 марти соли 2017 Иштироки ширкатҳои сайёҳии «Ассотсиатсияи Сайёҳии Эко-Фарҳангии Помир», «Боми Ҷаҳон Тур», «Ором саёҳат», «Кӯҳандиз», «Саёҳатҳои кӯҳии Помир, «Диана ва Т», «Помир Сафарӣ», «Скай Тур», «Морхур», «Тоҷикистон Тревел», «Тоҷик Тур», «Ҷавоҳир», «Ориент Адвентур», «Зарафшон Маҷестик Трэйвел», «Виркан-сайр», «Сари Хосор Тревел» ва «Маҷмааи кӯҳию лижаронии Сафед-Дара» дар Намоишгоҳи ITB Берлин.

17 марти соли 2017 Дар шаҳри Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҷибути баргузор гардид. Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Ҷумҳурии Ҷибути Намояндаи доимии он кишвар дар СММ Моҳамед Сиад Дуале ба имзо расониданд.

17 марти соли 2017 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии Талай Асилбеков мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.

17 марти соли 2017 Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии обу энергетика ва мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Асифро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои дорои аҳамияти минтақавӣ — энергетика, соҳаи нафту газ, истифодаи имкониятҳои нақлиётию транзитӣ баррасӣ гардида, фаъолгардонии Гурӯҳи муштараки корӣ оид ба масъалаҳои энергетика ва инфрасохтор ва фаъолияти самарабахши Зергуруҳи муштараки он оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ дар самти татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла амалигардонии барномаи КАСА-1000 барои ҳарду ҷониб манфиатбахш арзёбӣ карда шуд.

20 марти соли 2017 соати 15:29 Наврӯз ё соли нави хуршедӣ дар Тоҷикистон фаро расид. Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ҳамин вақту соат шабу рӯз баробар мешаванд ва соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз вориди Тоҷикистон мешавад.

20 марти соли 2017 Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи фарорасии Наврӯзи хуҷастапай китоби «Ас-саводу-л-аъзам»-и Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ – яке аз сарчашмаҳои қадими мардуми Мовароуннаҳру Хуросонро дар баёни ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат ба чоп расонид.

20 марти соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Наврӯз дар арафаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд. Сарвари давлат аз ҷаҳонишавии Наврӯз ва минбаъд ба таври густурда ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани оинҳои хоси он ёдовар шуда, изҳори бовар намуданд, ки зиёиёни тоҷик барои тарғибу таблиғи мунтазами суннатҳои ин ҷашни бостонӣ, оммавӣ гардонидани ғояву арзишҳои ҷовидонаи он ва ба ин восита таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии зиндагии ҷомеаи мо талош меварзанд.

21 марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Имсол барномаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Наврӯзи фархундапай дар маркази шаҳри Турсунзода сурат гирифтанд.

21 марти соли 2017 Нимаи дуюми рӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи наврӯзӣ, ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт доир гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Зимни суханронии табрикотии Президенти мамлакат таъкид гардид, ки воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо — тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона — дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

21 марти соли 2017 Дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк бахшида ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз ҷаласаи ботантана баргузор гардид. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар паёми табрикотии худ аз эҷодиёти шоири барҷастаи тоҷик Носири Хусрав иқтибос оварда, таъкид намуд, ки «паёми умумии Наврӯз ҳамбастагӣ, сулҳ, дӯстӣ, шаъну шарафи инсон ва шукуфоӣ мебошад».

23 марти соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

23 марти соли 2017 Вазорати корҳои ҳориҷаи Тоҷикистон дар иртибот ба хабари фоҷеабори амали террористӣ дар назди бинои парлумон дар шаҳри Лондон, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо мардуми осоишта гашт изҳорот қабул кард. «Ҷониби Тоҷикистон тасаллияту ҳамдардии амиқи худро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳон аст. Мо ин амали ғайриинсонии интиҳориро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ муҷаддадан таъкид менамоем», — омадааст дар изҳороти ВКХ ҶТ.

23 марти соли 2017 Дар қароргоҳи СММ дар ш. Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Тағйирёбии иқлим ва Рӯзномаи рушди устувор» ширкат ва суханронӣ намуд. Вазири корҳои хориҷӣ иттилоъ дод, ки Тоҷикистон моҳи феврали соли ҷорӣ Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлимро ба тасвиб расонидааст, ки он пояи мустаҳкамеро барои иқдомҳои муштараки минбаъда дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим таъмин хоҳад кард.

24 марти соли 2017 Дар шаҳри Гулистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд. Дар кори машварат вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, рафти корҳои ободонию созандагӣ, кишту кори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, бартараф кардани камбудию мушкилоти ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, ки бештар дар шаҳрҳои Гулистон, Истаравшан, ноҳияҳои Ашт, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст, изҳори нигаронӣ карданд.

23—24 марти соли 2017 Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз бори аввал дар Тоҷикистон шоу-барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо истифода аз таҷҳизоти ҳозиразамони лазерии видео-мэппинг дар майдони 800-солагии Москва баргузор гардид.

28 марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Филипп Беннетт ва роҳбари нави намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамоваро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масъалаҳо оид ба самтҳои ҳамкории дуҷониба ва дурнамои фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд. То имрӯз дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 100 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 750 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст. Айни ҳол бошад, ҳамкорӣ дар самти татбиқи 65 лоиҳа бо маблағи умумии 420 миллион доллар идома дорад.

28 марти соли 2017 Дар вилояти Хатлон машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ бо ҷалби ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо тирпаронии ҷангӣ оғоз гардиданд. Машқҳои муштарак дар машқгоҳҳои ҳарбии Фахробод, Ҳарбмайдон, Ҳомиён, Сумбула, Ҳалқаёр, Ҷайралӣ ва Лоҳур то 30 март идома ёфтанд.

29 марти соли 2017 Дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ, воқеъ дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» муҷассамаи қаҳрамонҳои филми машҳури «Ман бо духтаре вохӯрдам» гузошта шуд.

29 марти соли 2017 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии ноиби якуми Президенти Бонки номбурда Филип Беннетт мулоқот намуд. Ҷонибҳо ёдовар шуданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкорӣ ҳанӯз имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуданд ва изҳори итминон гардид, ки роҳбари тозаинтихоби намояндагии Бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова дар амалисозии тарҳҳои муштараки инфрасохтори шаҳр саҳми сазовор мегузорад.

31 марти соли 2017 Дар шаҳри Душанбе вохӯрии минтақавии сарони мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид. Дар конфронс роҳбарони вазорату мақомоти дахлдор дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, намояндагиҳои дипломатӣ, донорҳо ва оҷонсиҳои СММ иштирок намуданд.

31 марти соли 2017 Таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

31 марти соли 2017 Оҳангсози машҳури Тоҷикистону Канада, набераи бастакори шинохтаи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ- Фарангис Нуруллохоҷа соҳиби ҷоизаи тиллоии «Мусиқии ҷаҳонӣ» — (Global Music) гардид.

31 марти соли 2017 Сафорати Тоҷикистон дар ШМА дар ҳамоҳангӣ бо Шӯрои тиҷоратии ШМА-Тоҷикистон ҳамоиши тиҷоратӣ-сармоягузорӣ бо мақсади ҷалби сармоя ва ширкатҳои ШМА ба Тоҷикистон доир намуд. Дар ҳамоиш намояндаҳои ширкатҳои бузурги амрикоӣ, мисоли «General Electric Company», «Baker & McKenzie», «AGCO Corporation», инчунин намояндаҳои сохторҳои давлатӣ, ба монанди Котиботи давлатӣ, Вазорати тиҷорат ширкат варзиданд.

Моҳи апрел

2-9 апрели соли 2017 Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид.

3-5 апрели соли 2017 ҳайати соҳибкорони Австрия бо роҳбарии директории минтақавӣ оид ба масъалаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Палатаи Федералии иқтисоди Австрия ба Тоҷикистон омад.

5 апрели соли 2017 бо ташаббуси Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб ва Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар толори машваратии Китобхонаи вилоятӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб озмуни «Мо ва Шоҳнома» баргузор гардид.

5 апрели соли 2017 Нашрияи бритониёии «The Independent» харитаи адабии ҷаҳонро пешниҳод намуд, ки дар он 197 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ зикр гардидаанд. Дар ин харита ҳар кадоме аз кишварҳо бо асари бадеӣ муаррифӣ шудаанд, ки ба хонандагон ҷиҳати шиносоӣ бо зиндагиву фарҳанги ин давлат имкон медиҳад. Тоҷикистон дар харита бо китоби Андрей Волос «Хуррамабад» (Хуррамобод) пешниҳод шудааст. «Хуррамобад» романи нависандаи рус Андрей Волос мебошад, ки соли 1955 дар Душанбе ба дунё омадааст. Зимни эзоҳи роман муаллиф қайд мекунад, ки «Хуррамобад» шаҳри хушбахтӣ аз афсонаҳои форсӣ аст. Зери мафҳуми Хуррамобод шаҳри Душанбе дар назар буда, қаҳрамонони асар сокинони шаҳри Душанбе мебошанд.

5-11 апрели соли 2017 дар Париж бахшида ба 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ намоиши тасвирҳо баргузор гардид. Онро Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Франсия дар ҳамкорӣ бо рассоми барҷастаи тоҷик Қодир Раҳимов ва рассом Люся Денисова баргузор намуд.

6 апрели соли 2017 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнат Гҳош мулоқот намуд. Ҳарду ҷониб аз рушди ҳамкории иқтисодӣ, ки дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникӣ мунтазам таъмин мегардад, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

6 апрели соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Тошканд қарор дошт, бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуд.

7 апрели соли 2017 Озмуни «Пайки наврӯз», ки онро Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз барои беҳтарин хабар, гузориш ва мусоҳиба эълон намуда буд, ҷамъбаст гардид.

7 апрели соли 2017 дар шаҳри Анқара машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардиданд, ки дар онҳо ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати Туркияро муовини Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Умит Ярдим роҳбарӣ карданд. Зимни машваратҳо тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл, маориф ва фарҳанг, амният ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

8 апрели соли 2017 Федератсияи футболи Тоҷикистон /ФФТ/ ва ширкати маъруфи ҷаҳонии «Coca-Cola» ба муҳлати се сол созишномаи сарпарастӣ ба имзо расониданд. Созишномаро ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва директори генералии ширкати ҶСК «Coca-Cola – Нӯшокиҳои Тоҷикистон» Эзел Агаоғлу ба имзо расониданд.
Ширкати «Coca-Cola» аз соли 1928 сарпарасти Бозиҳои олимпӣ ва соли 1978 сарпарасти расмии ФИФА мебошад.

10 апрели соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҳайати вакилони Бундестаг аз гурӯҳи дӯстии «Олмон ва Осиёи Марказӣ»-ро бо роҳбарии Манфред Грунд ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Олмон, инчунин доир ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

11 апрели соли 2017 тайёраи тамғаи Airbus A320 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон Ҳаво Йуллари»  (Uzbekistan Airways) баъд аз 25 соли таваққуф бори нахуст ба Тоҷикистон парвоз анҷом дод.

11 апрели соли 2017 Дар Қасри миллат маросими эътимодномасупории сафирони навтаъйини панҷ кишвар (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка, Ҷумҳурии Мали, Ҷумҳурии Кот-д Ивуар ) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

11 апрели соли 2017 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид хонум Пратибҳа Меҳтаро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ карда шуд.

11 апрели соли 2017 дар саҳни бинои СММ дар Вена муҷассамаи 4 донишманди бузурги тоҷик — Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абурайҳон Берунӣ ва Закариёи Розӣ гузошта шуд. Муҷассама дар шакли суҳбатгоҳ дар сабки шарқӣ, ки дар он ҳар чаҳор бузургвор бо савлату салобат ва суҳбаткунон нишастаанд, сохта шудааст. Дар тӯли таърих ин чаҳор донишманд дар рушди илм дар тамоми ҷаҳон нақши муҳим бозидаанд.

11 апрели соли 2017 як гурӯҳ донишмандони Акадамияи илмҳои Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки минбаъд дар Тоҷикистон ҷашнҳои Сада ва Меҳргон расман дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта шаванд

12 апрели соли 2017 ҳунарпешагони Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский бо намоиши «Нидои Хайём» дар XIX Фестивали байналхалқии театрии ИДМ ва Балтия таҳти унвони «Мулоқот дар Россия» иштирок карданд.

12 апрели соли 2017 40 адад автобусҳои мусофиркаши тамғаи «ISUZU» аз Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.

12 апрели соли 2017  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкориро миёни шаҳри Душанбе ва Федератсия Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

13 апрели соли 2017 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов мулоқот намуд. Тарафҳо ба роҳҳои баланд бардоштани сатҳи равобит дар соҳаҳои барои ҳар ду тараф мувофиқ мароқ зоҳир намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гуногуни мошинсозӣ, техникаи маишӣ, асбобҳои рӯзгор ва дигар ҷанбаҳо мубодилаи афкор намуданд.

14 апрели соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.

14 апрели соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар кори мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамчунин Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев иштирок намуданд.

17-21 апрели соли 2017 дар Маркази савдои «Пойтахт-90» 160 ширкати бонуфузи Ӯзбекистон маҳсулоти худро дар ярмарка-намоишгоҳ ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.

18-24 апрели соли 2017  Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» баргузор гардид. Фестивал-озмун ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 100- солагии Ҳунарпешаи халқии СССР Тӯҳфа Фозилова бахшида шуда буд.

18 апрели соли 2017 Ҳамоиши байналмилалии илмӣ таҳти унвони  «Анъана ва меросбарӣ дар фарҳанги театрию мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз» ба ифтихори 100-солагии ҳунармандони мумтози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Артисткаи халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, шодравон Туҳфа Фозилова (1917-1984) доир гардид. Дар ҳамоиш олимону донишмандон ва мусиқишиносон аз кишварҳои Тоҷикистон, Россия, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.

18 апрели соли 2017 бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ниммарафони VIII байналмилалӣ гузаронида шуд, ки он бо ғалабаи варзишгарони Эфиопия ва Қирғизистон ҷамъбаст шуд. Дар ниммарафон ба ғайр аз варзишгарони тоҷик, варзишгарони Афғонистон, Беларус, Бразилия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Олмон, Покистон, Россия, Ӯзбекистон, Украина, Франсия, Ҳиндустон, Чин, Шведсия, Эрон ва Эфиопия иштирок карданд.

19 апрели соли 2017 дар маҷаллаи «Лоҷвард»-и Афғонистон аз ҷониби муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба Даҳсолаи ҷадиди байналмилалӣ таҳти унвони «Об барои рушди пойдор» ба нашр расид.
20 апрели соли 2017 ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон бо иштироки роҳбарону намояндагони чил ширкати истеҳсолию саноатии Қазоқистон баргузор карда шуд.

20 апрели соли 2017 мутахассисони Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (WEF), ки дар Швейтсария баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистонро бехавфтарин кишвари Осиёи Марказӣ дар соли 2017 номбар карданд.  Дар ин рейтинг Тоҷикистон миёни 136 кишвар мақоми 49-умро касб кард.

24 апрели соли 2017 дар тақвими расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як ид зам гардид. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид намуданд, ки тибқи он минбаъд 20 март ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи фарҳанг бидуни истироҳат таҷлил мегардад.

24 апрели соли 2017 спектакли «Дирафши коваёнӣ»-и Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи ин Фестивал-озмун ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» гардид.

25 апрели соли 2017 Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷик дар Ҷоми Африқо оид ба дзюдо миёни наврасон дар Тунис (Tunis Cadets African Cup 2017) медали тилло ба даст овард.  Ба шарофати пирӯзии Сомон дар Ҷоми Африқо дар Тунис парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта, суруди миллии кишвар танинандоз шуд.

25 апрели соли 2017 лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ (Малайзия) сазовори Шоҳҷоиза, 2 медали тилло, 14 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ гардиданд.

25 апрели соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотелро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Америка дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, ки ҳадафҳои муштараки саҳмгузорӣ дар таъмини амният ва суботи минтақа доранд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

28-30 апрели соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ панҷумин Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» бо иштироки ҳунарпешаҳои шинохта аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Швейтсария, Олмон, ИМА ва Туркия баргузор гардид.

28 апрели соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Тӯрақул Зеҳнии ноҳияи Шоҳмансур ба бунёди Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё, ки дорои 420 ҷойи нишаст дар як баст мебошад, оғози расмӣ бахшиданд. Таъсис ва ба фаъолият шурӯъ гардидани Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё   дар самти рушди соҳаи маорифи кишварамон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Ҳайати омӯзгорону устодон дар ин муассиса аз доираи беҳтарин муаллимони соҳибкасбу соҳибтаҷрибаи Бритониё даъват гардида, машғулиятҳову дарсҳо ба хонандагон бо истифода аз усули муосири таълим ба роҳ монда мешаванд. Тибқи дурнамо ва мувофиқаҳои қаблӣ бо шарикони бритониёвӣ, дар заминаи Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё ташкил намудани имтиҳоноти қабул ҷиҳати идомаи таҳсил ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Бритониёи Кабир ба нақша гирифта шудааст.

29 апрели соли 2017 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Белгия Филипп Леополд Людовик Мария ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

28 апрели соли 2017 филми коргардони 24-солаи тоҷик Румӣ Шоазимов «Хоби ҳамдуна» дар Кинофестивали 23-юми Россия «Адабиёт ва синамо» ду мукофот гирифт.  Филми ҳунарии «Хоби ҳамдуна» аввалин филми бадеии пурраи коргардони ҷавон Румӣ Шоазимов буда, он аз рӯи асари Уилям Ҷейкобс «Дасти ҳамдуна» ба навор гирифта шудааст.

26-27 апрели соли 2017 шиноварони тоҷик дар чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба шиноварӣ дар намуди эстафетаи 4х50 миёни занон Карина Климик, Анастасия Тюрина, Аниса Ҷӯраева ва Гулшан Шодиева соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

Моҳи май

1 майи соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи 6-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония», ки дар Ашқобод баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ намуд. Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Муколама аз таъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари раисикунанда дар давраи солҳои 2017-2018 ва ба ин муносибат аз баргузории нишасти 7-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония дар Душанбе истиқбол намуданд.

6 майи соли 2017 дар шаҳри Душанбе Фестивал-намоишгоҳи панҷуми «Авто Ретро-Душанбе» баргузор гардид. Дар фестивал-намоишгоҳ мошинҳои қадимии истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва Амрико ба тамошо гузошта шудаанд.

8 майи соли 2017  дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони нави Кумита тасдиқ гардид.   Нишони нав аз ду қисм иборат аст. Дар қисми болои нишон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати парафшон бо зернавишти “TAJIKISTAN” акс ёфтааст. Дар қисмати поёни нишон рамзи олимпиада – 5 ҳалқаи ба ҳам пайваст ҷой карда шудааст.

10 майи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар калонтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон-Неругоҳи барқи обии Роғун ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо муҳандисону сохтмончиёни НБО Роғун дастур доданд, ки қабл аз ҳама, ба сифат ва таъмини бехатарӣ аҳамият зоҳир намоянд, зеро ин Кохи нур ҳаёту мамоти миллат ва кафолати зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мебошад.

10 майи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарпеша ва коргардони Муассисаи давлатии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абӯлқосим Лоҳутӣ Ҳошим Гадоев унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон»-ро тақдим намуданд.

10 майи соли 2017 дастаи мототсиклсаворони тоҷик бо шиори «Мо тоҷиконем!» ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рафтанд. Дастаи мотосиклсаворони тоҷик давоми як моҳ бо сокинони шаҳру аёлатҳои гуногуни Амрико: Ню-Йорк, Вашингтон, Детройт, Чикаго, Денвер, Лас-Вегас, Лос-Анджелес ва бародаршаҳри Душанбе — Боулдер мулоқоту сӯҳбатҳо баргузор карда, онҳоро бо фарҳанг, таърих ва табиати нодири Тоҷикистон ошно намуданд.

10-13 майи соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

6-21 майи соли 2017 Аввалин  мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон» байни наврасони то 18-сола бо иштироки 60 нафар варзишгарон аз давлатҳои ИМА, Британияи Кабир, Россия, Украина, Беларус, Ӯзбекистон, Эрон баргузор карда шуд.

12 майи соли 2017 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ канали «Водии Данғара-3»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ҳадаф аз бунёди иншооти муҳими обрасонӣ баланд бардоштани сатҳи истеҳсолоту иқтисодиёт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устувор намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин беҳтар намудани некуаҳволии сокинони деҳот ва атрофи он мебошад.

15 майи соли 2017 дар шаҳри Брюссел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзид. Ҷониби Иттиҳоди Аврупоро Вазири корҳои хориҷии Малта Георг Велла ҳамчун намояндаи кишвари раисикунандаи Иттиҳоди Аврупо роҳбарӣ кард. Рӯзномаи ҷаласа баррасии ҷанбаҳои калидии шарикӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон, инчунин мавзӯъҳои байналмилалӣ ва минтақавиро дарбар гирифт.

16 майи соли 2017 бори аввал дар таърихи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ иборат аз 63 хона мавриди истифода қарор дода шуд. Ин бино туҳфаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳри Хоруғ буда, далели таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Роҳбари давлат ҷиҳати беҳтар гардидани вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинони ин минтақаи кӯҳистони кишвар мебошад.

16 майи соли 2017  нахустин ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии миллӣ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, раиси Комиссияи олии аттестатсонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Академияи илмҳо, Прокуратураи генералӣ, Суди олии иқтисодӣ, раёсати муассисаҳои олии таълимӣ, дигар вазорату идораҳо баргузор гардид. Акнун аспирантон, унвонҷӯён, муҳаққиқон ва докторантҳо бидуни маҳдудият дар Шӯрои диссертатсионии миллӣ аз рӯи 3 самт рисолаҳои докторӣ ва аз  рӯи 11 самт рисолаҳои номзадӣ ҳимоя мекунанд.

17 майи соли 2017 дар шаҳри Люксембург Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вазил Худак мулоқот намуд. С.Аслов ба роҳбарияти бонки мазкур барои сармоягузории лоиҳаҳои миллӣ ва байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла «CASA-1000» арзи сипос намуда, ҷиҳати тақвияти бештари ҳамкории тарафайн ҳавасмандии амиқ баён кард. Мусоҳибон ҳамчунин имконияти маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои дигари Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ ва рушди деҳотро мавриди баррасӣ қарор доданд.

17 майи соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори кишварии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчукро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот самтҳо ва имконоти нави густариши ҳамкорӣ баррасӣ гардида, Намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс муаррифӣ карда шуд.

18 майи соли 2017 Намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс изҳор кард, ки: «Бонки ҷаҳонӣ барои дар амал татбиқ шудани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳм хоҳад гузошт. Бонки ҷаҳонӣ омода аст, ки бо тамоми мақомоти давлатӣ, бонкҳо ва сохторҳои хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд».

18 майи соли 2017 Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар шаҳри Брюссел дар чаҳорчӯбаи Конфронси Иттиҳоди Аврупо «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030»-ро муаррифӣ карданд. Дар Конвронси мазкур изҳор карда шуд, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолтарин ширкаткунандагони равандҳои глобалӣ, алалхусус дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор буда, он бо ормонҳои милливу ҳадафҳои муҳимтарини кишвари мо дар роҳи рушд ҳамоҳанг мебошад».

20 майи соли 2017 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар карданд.

20 майи соли 2017 дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси мулоқот намуданд. Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси дар рафти мулоқот ба қобилияти сулҳоварию пешвоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт: «мо ба шахсият ва талошҳои ибратбахши шумо эҳтироми хос дорем».

21 майи соли 2017 дар шаҳри Риёз дар ҳошияи нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Саад Ҳарирӣ мулоқот доир карданд.

21 майи соли 2017 дар ҳошияи Нахустин саммити Сарони давлатҳои арабӣ, исломӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина Вазед мулоқот намуданд.

21 майи соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар Маркази ҳамоишҳои байналмилалии Шоҳ Абдулазиз баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. ​Дар кори саммит сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои  55 кишвари олам иштирок доштанд. ​Дар суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ аз ҷуғрофияи паҳншавии   терроризм ва ифротгароӣ дар шаклу усулҳои  боз ҳам даҳшатноктар, ки  хатари аз байн рафтани кишварҳо, ҳалокати садҳо ҳазор нафарони бегуноҳ  ва харобиву хисороти бемисл дар пай доранд, инчунин кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини ислом ва сӯиистифода аз номи поки он ёдовар шуданд.

20 майи соли 2017 дар «Боғи Ирам» Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ  доир гардид. Дар фестивали мазкур тамоми  сафоратҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе иштирок намуда,  расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои худро пешкаши тамошобинон гардониданд.

23 майи соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат аҳли ҷомеаро вазифадор намуданд, ки барои дар ниҳоди ҷавонон тарбия кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ саҳмгузор бошанд.

25 майи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳёнро ба ҳузур пазируфтанд.  Ҷонибҳо ба масъалаи муҳимияти ҳамкории густурдаи дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ва сайёҳӣ мароқ зоҳир гардид.

27 майи соли 2017 паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати  Осиё оид ба дзюдо  дар Гонконг ба унвони қаҳрамонӣ шарафёб шуда, соҳиби медали тилло гардид.

31 майи соли 2017 дар шаҳри Душанбе Ҷамъомади ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои зиддитеррористии мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ баргузор гардид.

31 май—1 июни соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар доираи Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои дорои хусусияти зӯроварӣ барои солҳои 2017-2019, ҷамъомади навбатии ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои зиддитеррористии мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ баргузор шуд.

31 майи соли 2017 Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи реклама» тағйироту илова ворид намуданд, ки тибқи он минбаъд дар Тоҷикистон рекламаи тамоку, машрубот ва маҳсулоти тамоку манъ  карда мешавад.

Моҳи июн

1 июни соли 2017 Идомаи машқҳои ҳарбӣ-тактикии зиддитеррористӣ бо иштироки ҷузъу томҳои махсуси КДАМ ҶТ, ВКД ҶТ, Вазорати мудофиа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, аз ҷумла, авиатсияи дурпарвози Федератсияи Россия, танку тӯпҳои дурандоз, аз ҷумла, артиллерияи реактивии пойгоҳи 201-уми Федератсияи Россия.

1 июни соли 2017   Дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баррасии масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат машварати корӣ баргузор шуд.

1 июни соли 2017 Бо супориши Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  ҷамъоварии маблағ  барои тармиму таъмири мактабҳо  ва боғчаҳои кӯдакон  аз волидони хонандагон манъ карда шуд. Бо ирсоли мактуби расмӣ Раиси шаҳр  раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар масъулини соҳаро вазифадор намудааст, ки тармиму таъмири мактабҳо, кӯдакистонҳо ва боғчаҳои кӯдаконро  тибқи қонунгузории ҷорӣ роҳандозӣ  намуда,  то 1 августи соли равон оид ба корҳои дар ин самт ба анҷомрасида ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот ирсол намоянд.

1 июни соли 2017 Идомаи мулоқоти гурӯҳҳои кории ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе.

1 июни соли 2017 Иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар ҷаласаи 14-уми вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон).

6 июни соли 2017 Мубодилаи барқияҳои табрикӣ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар. Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн, аз ҷумла, омадааст: «Ҷаноби Олӣ, боиси қаноатмандист, ки тайи ин солҳо ҳамкориҳои судманд ва муносибатҳои анъанавии дӯстонаи кишварҳои мо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба таври назаррас густариш ёфта, сатҳ ва мазмуни тозаро касб кардаанд».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, омадааст: «Ҷаноби Олӣ, ҳарду кишварҳои моро робитаҳои неки таърихӣ, динӣ ва фарҳангӣ мепайванданд. Покистон дар рушд ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, энергетика ва мудофиа манфиатдор аст».

7 июни соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедарро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Франсияро муҳокима намуданд.

8 июни соли 2017  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

8 июни соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҷаноби Олӣ, Дар иртибот ба амалҳои террористӣ дар шаҳри Теҳрон, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта гардид, ба Шумо таъзияву тассалияти амиқи хешро иброз менамоям. Мо ин ҷинояти золимонаи террористонро қатъиян маҳкум намуда, зарурати таъхирнопазири тақвияти муборизаи беамону дастаҷамъонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ муҷаддадан таъкид менамоем».

8 июни соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот намуданд. Ҳамкориҳои амниятӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи сарҳадот самти ниҳоят муҳимми ҳамёрии Тоҷикистону Афғонистон арзёбӣ гардид ва ҳарду ҷониб зарурияти тақвияти ҳамдастии муштаракро дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва зуҳури ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.

9 июни соли 2017 Дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Оренбурги Россия дастаи мунтахаби гӯштини камарбандӣ (кураш)-и Тоҷикистон зинаи аввалро ишғол намуда, аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа 54 имтиёз ба даст овард. Варзишгарони тоҷик Муҳаммадғуфрон Тошзода дар вазни то 68 кило ва Достон Почоев дар вазни то 90 кило ба дарёфти медалҳои тиллои мусобиқа шарафёб гардиданд.

9 июни соли 2017 Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

9 июни соли 2017 Дар ҳошияи баргузории Иҷлосияи навбатии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Чин дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардид.

10 июни соли 2017 Дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии “Остона ЭКСПО — 2017” иштирок карданд.

11 июни соли 2017 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

11 июни соли 2017  Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд. Сарвари давлат аз имкони мулоқот ва мубодилаи афкори судманд бо Антониу Гутерриш, ки ба ҳайси Дабири кулли СММ бори нахуст ба Тоҷикистон омадааст изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамкории Тоҷикистонро бо Созмони Милали Муттаҳид барои таҳкими низоми давлатдорӣ, ислоҳоти иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди устувор пурарзиш ва муҳим шумориданд.

12 июни соли 2017 Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид изҳор кард, ки: «Яке аз мақсадҳои рушди устувор  масъалаҳои марбут ба об ва экология дар сатҳи минтақаву ҷаҳон аст, ки дар ҳалли он ташаббусҳои Тоҷикистон ва Роҳбари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр муҳиму саривақтӣ мебошанд».

12 июни соли 2017 Дар Маҷмааи давлатии «Кохи Наврӯз» Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори ин чорабинии муҳими байналмилалӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, роҳбарону намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, корпуси дипломатии муқими Душанбе ва коршиносону масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ширкат доштанд.

12 июни соли 2017 Бори нахуст ҳавопаймои ширкати  миллии  ҳавонавардии Туркманистон — «Turkmenistanairlines» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст. Ҳавопаймои  «Боинг» -и ширкати «Turkmenistanairlines» дар хатсайри   Ашқобод –Душанбе –Ашқобод парвози  техникӣ -озмоишӣ анҷом дод.

12 июни соли 2017 Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар  Намоишгоҳи ЭКСПО-2017, гала-консерти устодони санъати Тоҷикистон бо иштироки ансамблҳои «Базморо», «Садои Суғд», «Фалак», сарояндаҳо Фотима Машрабова, Дамирбек Олимов, Абдураҳмон Мадхолов, Искандар Тагиров, Раҳматулло Бойматов ва Фарҳод Одинаев.

12-17 июни соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

13 июни соли 2017 Боздиди Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш аз кӯли Сарез. Изҳороти Антониу Гутерриш баъди боздид чунин буд: «Зимни боздид аз кӯли Сарез, аз ин минтақаи кӯҳҳои Помир, мо бояд ду сабақ омӯзем.  Аввал, пеш аз ҳама, мо мушоҳида менамоем, ки пиряхҳо об шуда истодаанд, ва бинобар ин ниҳоят муҳим аст, ки тамоми ҷомаеи байналмилалӣ барои андешидани тадбирҳои таъсиргузор ва гому талошҳои муассир дар ростои пешгирии зуҳуроту таъсири тағйирёбии иқлим ҷалб карда шавад ва иқдомҳои зарурӣ барои татбиқи  Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим амалӣ гарданд. Силсилаи чораҳое андешида шаванд, ки мо тавонем ояндаи сайёраи худ ва инсониятро аз гирдоби хавфу падидаҳои хатарзои натиҷаҳои тағйирёбии иқлим раҳои бахшем. Аз дигар ҷиҳат, ҳангоме ки мо ба ин кули нодир назар меафканем, мо муқаддам аз ҳама, неъмати гаронбаҳои табиат – обро мебинем. Кӯли Сарез мисоли хуби он мебошад, ки чи гуна мо бояд захираҳои обиро нигоҳ дорем. Мо бояд обро ба тарзи самаранок, ба шеваи устувор мавриди истифода ва истеъмоли худ қарор бидиҳем, Зеро ин неъмати табиат – об барои истеҳсоли нерӯи барқ сарвати муҳим маҳсуб мешавад.

13 июни соли 2017 Изҳороти Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истифодаи самаронок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Хеле муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ин шеваву усули истифода сабақ биомӯзанд, ба он пайрав ва пуштибон бошанд».

13 июни соли 2017 Машварати корӣ дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баргузор шуд. Зимни машварати корӣ масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

14 июни соли 2017 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арманистон сафар карданд.

14 июни соли 2017 Дар доираи сафари расмӣ ба Арманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ереван бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян мулоқот карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърих, таҷриба, рушд ва саҳми парламентаризми тоҷик ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки таҳкими қонунгузорӣ дар кишвари мо боиси ваҳдати комили сартосарӣ гардид.

14 июни соли 2017 Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон бо маросими истиқболи расмӣ дар назди «Қасри Президент» оғоз ёфт.

14 июни соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 3-юми гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ баргузор гардид. Ҳайати гурӯҳи муштаракро аз ҷониби Тоҷикистон муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати Ҳиндустонро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Маҳавир Сингҳ роҳбарӣ карданд.

16 июни соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Филпоттро ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабирро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг ва амният изҳори омодагӣ намуданд.

19 июни соли 2017 Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёгии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд.

19 июни соли 2017 Аввалин қатораи мусофирбар дар хатсайри Душанбе — Остона ба пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуд.  Ин хатсайр ҳафтае як маротиба танҳо се моҳ аз 10 июн то 10 сентябри соли равон (зимни баргузории намоишгоҳи байналмилалии махсуси «ЭКСПО-2017») амал карда, давомнокии он чор шабонарӯзро ташкил медиҳад.

19 июни соли 2017  Бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт  маркази нави муҳташами истироҳатии «Обшорон» — калонтарин дар ҷумҳурӣ  аквапарк ё худ парки обӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

20 июни соли 2017 Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мутахассисони Ширкати рейтингии байналмилалии «Moody’s Investors Service» ва  коршиносони ширкати «Oppenheimer»  барои шинос шудан бо рафти корҳои сохтмонӣ ба НБО «Роғун» сафари корӣ анҷом доданд.

20 июни соли 2017 Ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон   таҳти роҳбарии муовини  Сарвазири ин кишвар Улуғбек  Розуқулов  ба Тоҷикистон ташриф овард.

21 июни соли 2017 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ин кишвар Улуғбек Розуқулов мулоқот намуд. Маҳаки асосии музокиротро масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни шаҳри Душанбе ва субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил дод.

22 июни соли 2017 Дар арафаи иди саиди Фитр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҳангоми оростани дастархони идона мардуми шарифи Тоҷикистон дастархони хоксорона ороста, ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд, сарфаю сариштакор ва бо сабру таҳаммул бошанд ва ба ҷойи дастархони серхарҷ хони маънавӣ ороянд.

26 июни соли 2017  Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

27 июни соли 2017 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.

27 июни соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдатро бо 25 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

28 июни соли 2017 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар мулоқот кард. Ҷониби Франсия изҳор намуд, ки ояндаи наздик дар Душанбе сохтмони Институти модару кӯдакро ба нақша гирифтааст. Ҳамчунин дар мулоқот таъкид гардид, ки  соли 2019 дар Франсия баргузории нахустин Намоишгоҳи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки он дастовардҳои кишвари моро аз асри биринҷ то имрӯз фаро хоҳад  гирифт.

28 июни соли 2017 Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Венгрия Петер Сийярторо ба ҳузур пазируфтанд. Аз сатҳи робитаҳои сиёсии Тоҷикистон ва Венгрия изҳори қаноатмандӣ карда, ҳарду ҷониб барои идомаи бобарори ҳамгироӣ дар доираи СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

27 июни соли 2017 Ҳайати баландпояи вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ ба Душанбе ташриф оварданд. Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода пешвоз гирифт.

28 июни соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

Моҳи июл

 1 июли соли 2017 Мубодилаи барқияҳои табрикӣ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Венгрия Янош Адер ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар.

3 июли соли 2017 Давоми 20 рӯзи охир ба  павилйони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳазор меҳмонону тамошобинони EXPO-2017 ворид гардида, бо захираҳои фаровон, безарар ва табиии обу барқи Тоҷикистон, мавзеъҳои сайёҳӣ ва осори таърихӣ-фарҳангии миллати тоҷик шинос шуданд.

5 июли соли 2017 Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо сафари расмии дурӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

5 июли соли 2017 Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон нахуст дар вохӯрии хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф оғоз гардида, сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб идома ёфт.

6 июли соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Президенти Афғонистон дар мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон иштирок кард.

6 июли соли 2017 Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори КАСА-1000 иштирок намуд.

6 июли соли 2017 Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори лоиҳаи CASA-1000 баргузор шуд.

6 июли соли 2017 Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баргузор шуд. Дар чаҳорчӯби вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкорӣ миёни се кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва амният баррасӣ гардиданд.

6 июли соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Пугус»  дар дараи Варзоб дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA-1000 иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар вохӯрии сатҳи баланд Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ,  Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай   Жээнбеков иштирок доштанд.

6 июли соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бустонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Пугус» бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуданд. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳои пайваста дар роҳи ба эътидол овардани вазъи сиёсию низомии Афғонистон, дастгирии ин кишвар дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон арзи сипосу миннатдорӣ карда, таъкид доштанд, ки ҷониби Афғонистон дар ҷавоб ба ин таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҷониби Тоҷикистон пайваста талош хоҳад кард, ки сатҳу сифати ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба таври доимӣ ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллии ҳарду давлат бошад.

6 июли соли 2017 Мулоқоти сеҷонибаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф. Дар мулоқоти сегона бо диди васеъ ва иродаи матин суръат бахшидани раванди татбиқи ин тарҳи стратегӣ  таъкид гардида, аз роҳбарони ҳайатҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати татбиқи бетаъхири лоиҳа бо мақсади пайванди табиии  давлатҳои  минтақа  ва  таъмини  рушди устувори иқтисодию иҷтимоии онҳо тадбирҳои судманд амалӣ намоянд.

6 июли соли 2017 Мулоқоти Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамкории ду давлати ҳамсоя дар доираи татбиқи лоиҳаи минтақавии хатҳои барқи баланшиддати КАСА-1000 муҳим ва барои тамоми минтақа манфиатбор арзёбӣ шуд.

11 июли соли 2017 Дар «Кохи Борбад» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд. Зимни суханронии хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақши Қонуни мазкур дар пешрафти ҷомеа андешаронӣ карда, ҳадафи баргузории мулоқотро натиҷагирӣ аз татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми даҳ соли қабули он маънидод карданд.

12 июли соли 2017 Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервисро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот аз сатҳу сифати ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои тақвияти бештар ва пойдориву судмандии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.

14 июли соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Шӯрои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Филипп Де Леонро ба ҳузур пазируфтанд. Ҷойгоҳи хоссаи рушди равобити ҳасанаю ҳамаҷониба бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида, сафари ҳайати соҳибкорону тоҷирони Амрико ба Тоҷикистон барои мубодилаи афкор атрофи ҳолати кунуниву дурнамои ҳамшарикии байни ду давлат дар арсаҳои тиҷорату иқтисод муҳим шуморида шуд.

14 июли соли 2017 Нимаи дуюми рӯз дар Қасри миллат  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президент — Мудири иҷроияи ширкати «Ҷенерал Электрик»-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллеттро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати амрикоӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ баррасӣ карда шуд.

15 июли соли 2017 Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай дар мувофиқат бо  Низомнома оид ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст,  ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд.

15 июли соли 2017 Дар шаҳри Боку чорумин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.

27-29 июли соли 2017 Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии  универсиалии «Тоҷикистон -2017» /TAJIKISTAN-2017/ дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо иштироки даҳ кишвари ҷаҳон баргузор гардид.

Моҳи август

3 августи соли 2017 Аввалин ҷаласаи гурӯҳи кории Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 баргузор шуд.

4 августи соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Носири Хусрав ташриф оварданд.

4 авусти соли 2017 Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён баргузор гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён дар соҳаи азхудкуниву истифодаи замин ва умуман, пешбурди соҳаи кишоварзӣ, хусусан, пахтакорӣ ёдовар шуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳои дахлдор, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён бобати иҷрои босамари супоришҳои ҳукумат, татбиқи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ дастурҳои муфид доданд.

4 августи соли 2017  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бунёдкорию созандагӣ ва рафти корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои саҳроӣ, аз ҷумла оғози ҷамъоварии ҳосили пахта ва парвариши сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Ҳаваскори Ҷамоати деҳоти «Тахти Сангин» шинос шуда, ҳамзамон аз намоиши маҳсулоти кишоварзию чорводорӣ ва саноатии ноҳияи мазкур дидан намуданд.

9 августи соли 2017 Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ, дастовардҳои меҳнатии кишоварзон ва ифтитоҳи иншооти муҳим бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросони вилояти Хатлон мулоқоти самимию созанда доир карданд.

10 августи соли 2017 Сарбози қатории қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Азимов зимни наҷот додани писарбачаи 10-сола, ки дар об ғарқ шуда буд, ба ҳалокат расид.

14 августи соли 2017 Варзишгари маъруфи  Тоҷикистон, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаров дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар қувваозмоии гурзпартоӣ миёни мардон ҷои ҳафтумро ишғол кард.

16 августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд. Сарвари давлат  дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо сокинону фаъолон мулоқот ва вохӯриҳои судманд анҷом дода, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як силсила иншооти ҳаётан муҳим, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, биноҳои  нави  муассисаҳои  таълимӣ иштирок намуданд ва  ба  сохтмони иншооти нав оғози расмӣ бахшиданд.

17 августи соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари худ ба вилояти Хатлон бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» шинос шуданд.

18 авусти соли 2017 Дар идомаи сафар ба вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Панҷ ташриф оварданд. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Отряди сарҳадии «Панҷ» дидан намуда, дар вазъияти тантанавӣ иншооти навбунёди онро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

21 августи соли 2017 Паҳлавони  ҷавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ  оид ба дзюдо барои Ҷоми Аврупо миёни навҷавонони то 21-сола, ки дар  шаҳри Аради Руминия баргузор шуд, дар вазни 66 кило сазовори медали  тилло гардид.

23-27 августи соли 2017 Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

25 августи соли 2017  Раиси шаҳри Душанбе  Рустами  Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Стенли Филпотт мулоқот намуд. Дар ҷараёни музокирот таъкид гардид, ки Департаменти Рушди Байналмилалии Британияи Кабир тасмим гирифтааст дар татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе то соли 2025» саҳмгузорӣ кунад.

28 августи соли 2017 Нахустин ҷарроҳии иваз кардани буғумҳои сунъии пой дар Муассисаи давлатии  Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе аз тарафи табиби ҷавон Абдушокир Эҳсонов бомуваффақият гузаронида шуд.

26 августи соли 2017  Сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Канаски ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат. Ҳадаф аз сафари кории навбатии Президенти мамлакат ба мавзеи Канаск мусоидат ба рушди соҳаи картошкапарварӣ, раванди татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2016-2020», занбӯрпарварӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав ва истифодаи самараноки он дар ин минтақа мебошад.

28 августи соли 2017  Тибқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯз аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ ёфт, вақти баргузории маъракаҳо  дар ҷумҳурӣ бо тартиби нав пешбинӣ карда шуд.

28 августи соли 2017 Мубодилаи барқияҳои табрикӣ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар.

30 августи соли 2017 Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Маҷмааи нави таълимии  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, воқеъ дар шаҳраки «Шифобахш»-и ноҳияи Сино мавриди истифода қарор дода шуд.

30 августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар Ҳамоиши IX сарони давлатҳои узви БРИКС ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.

31 августи соли 2017 Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид. Меҳмони олиқадр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

31 августи соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии мардумии Чин Ли Кетсян мулоқот намуданд. Ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин мубодилаи афкор карда, соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноати кӯҳию металлургӣ, молияву бонкдорӣ, кишоварзӣ, амният, фарҳанг, маориф ва туризмро аз самтҳои ояндадор ва манфиатовари ин муносибатҳо арзёбӣ намуданд.

Моҳи сентябр

1 сентябри соли 2017 Дар қароргоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай дар Пекин Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда шуд.

1 сентябри соли 2017 Барномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Барномаи ҳамкорӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳия шудааст.

1 сентябри соли 2017 Дар Пекин  аз рӯи натиҷаҳои  мулоқот ва гуфтушунидҳои сатҳи олӣ дар ҳузури сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

1 сентябри соли 2017 Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»  ва Агентии иттилоотии Чин «Синхуа» ба тасвиб расид.

3-5 сентябр соли 2017 Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муколамаи байни кишварҳои аъзои БРИКС ва  5 кишвари рӯ ба инкишоф, ки ба ин ҳамоиш даъват шуда буданд.

4 сентябри соли 2017 Дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи китоб таҷлил гардид.

4 сентябри соли 2017    Қабл аз баргузории Ҳамоиши навбатии БРИКС дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои рӯзномаи «Жэнмин жибао» ҷавоб доданд.

5 сентябри соли 2017  Дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори он ҳамчунин Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Бразилия Мишел Темер, Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нето, Президенти Гвинея Алфа Конде ва Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча иштирок кардаанд.

5 сентябри соли 2017   Дар шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума баргузор шуд.

5 сентябри соли 2017  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча мулоқот карданд.

5 сентябри соли 2017 Дар доираи Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси, Президенти Бразилия Мишел Темер, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нето, Президенти Гвинея Алфа Конде, Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума, Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мулоқотҳои самимию дӯстона анҷом доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқотҳои судманд бо сарони кишварҳои номбурда тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.

7 сентябри соли 2017 Бо ибтикори ҷониби Туркия миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган суҳбати телефонӣ сурат пазируфт. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум як силсила масъалаҳои мубрами дуҷониба ва байналмилалиро мавриди табодули афкор қарор доданд.

9 сентябри соли 2017 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

9 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идона ба ифтихори 26 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

12 сентябри соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷарро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории имрӯза ва дурнамои равобити Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ карда шуд.

12 сентябри соли 2017 Павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи  умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2017 (EXPO-2017)» дар Остона, пойтахти Қазоқистон ба унвони беҳтарин павилйон дар бахши  «ифшои сужаҳо» шинохта шуд ва медали тиллоро дар ин бахш касб кард.

13 сентябри соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва директори Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии қитъаи «Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин»-и роҳи мошингарди «Кӯлоб-Қалъаи Хумб» оғози расмӣ бахшиданд.

13 сентябри соли 2017 Сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба хотири шиносоӣ бо дастовардҳои меҳнатии заҳматкашон, оғози корҳои бунёдӣ ва ба истифода додани хонаҳои навбунёд сурат гирифт, бори дигар умеду боварии сокинони вилоятро ба ояндаи дурахшони Ватани азизамон тақвият бахшид.

13 сентябри соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияи Дарвоз ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти самимӣ доир карданд.

15 сентябри соли 2017 Дар мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо аъзои лоиҳаи «Инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодӣ»-и Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) масоили омодасозии инфрасохтори шаҳри Душанбе ба сифати «шаҳри ҳушманд» (Smart City) баррасӣ гардид.

17 сентябри соли 2017  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Туркманистон сафар карданд.

17 сентябри соли 2017   Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқоти дуҷониба намуданд.

17 сентябри соли 2017   Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн мулоқот намуданд.

18 сентябри соли 2017  Дар шаҳри Ашқобод дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.

18 сентябри соли 2017   Дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ иштирок намуданд. Дар ин чорабинии бузурги варзишӣ 6000 нафар варзишгар аз 62 давлати Осиё ва Уқёнус иштирок намуданд.

18 сентябри соли 2017  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори 72-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз шаҳри Ашқобод ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд.

18 сентябри соли 2017 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо гурӯҳи тиҷоратию иқтисодии Испания, ки таҳти роҳбарии директори генералии ширкати «Grupo АСS» Кастило Лакабекс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд.

19 сентябри соли 2017  Ширкатҳои истеҳсолии  Тоҷикистон  дар  намоишгоҳи 26-уми байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017», ки дар пойтахти Россия баргузор гардид, соҳиби ду медали тилло ва нуқра гардиданд.

19 сентябри соли 2017 Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш баргузор шуд.

19 сентябри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар  чорабинии сатҳи баланд зери унвони «Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок ва суханронӣ намуданд.

20 сентябри соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк, ки яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ карда, изҳор намуданд, ки: «Амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ бо дини мубини ислом ҳеҷ гуна робитае надоранд. Онҳо, баръакс, мухолифи таълимоти ахлоқӣ ва арзишҳои таҳаммулгарову инсондӯстонаи ислом мебошанд».

20 сентябри соли 2017 Дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии СММ 20 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири савдои хориҷӣ ва рушди Финляндия Кай Миканен мулоқот намуд.

21 сентябри соли 2017 Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо мулоқоти самимӣ ва созанда анҷом доданд.

21 сентябри соли 2017 Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер мулоқот намуданд.

21 сентябри соли 2017 Дар шаҳри Ню-Йорк ҳамчунин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президент — Мудири иҷроияи ширкати «Ҷенерал Электрик»-и Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт баргузор шуд.

21 сентябри соли 2017 Дар доираи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкони мусоид бо доираи соҳибкории Штатҳои Муттаҳидаи Америка мулоқот намуданд.

21 сентябри соли 2017  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуданд (Ню-Йорк ШМА).

22 сентябри соли 2017 Дар Тоҷикистон  Рӯзи Рӯдакӣ – тавонотарин шоири даврони Сомониён, бунёдгузори адабиёти тоҷику форс бо лақабҳои «Одамушшуаро», «Султонушшуаро» ва «Соҳибқирони шоирон» таҷлил карда шуд.

23-27 сентябри соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон баргузор гардиданд.

27 сентябри соли 2017  Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, дар Туркманистон ҷамъбаст гардиданд. Варзишгарони Тоҷикистон дар ин бозиҳо соҳиби 51 медал (3 тилло, 14 нуқра, 34 биринҷӣ) шуданд.

27 сентябри соли 2017 Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» дидан намуд. Муовини Сарвазири мамлакат иброз дошт, ки «дар сохтмони ин иншоот ҳеҷ кас ҳуқуқи хато кардан надорад, зеро иншооти мазкур бояд садсолаҳо ба наслҳои имрӯзу фардои кишвар хизмат расонад».

28 сентябри соли 2017 Судяи Суди Олии Тоҷикистон Азизов Ш.О. зимни мусоҳиба бо рӯзноманигор Шарифи Ҳамдампур изҳор кард, ки «То табаддулоти ТТЭ ҲНИТ дар Тоҷикистон се рӯз монда буд».

Моҳи октябр

1 октябри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва рафти корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи намунавии интенсивии ба номи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» дидан намуданд.

3 октябри соли 2017 Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти  Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандонро бар асари амали золимона дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо андӯҳи бузург дарёфтам. Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамоям ва хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам».

5 октябри соли 2017 Дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ Паёми табрикотӣ ироа карданд.

7 октябри соли 2017 Аз бемории сактаи дил қалби Нуриддин Раҳмон дар синни 67-солагӣ аз таппидан боз монд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба бародари марҳум-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён карданд.

8 октябри соли 2017 Комроншоҳи Устопириён дар Мусобиқаи байналмилалии Гран-прии Тошканд оид ба дзюдо сазовори медали тилло гардид. Паҳлавони тоҷик дар вазни то  90 кило, ки дар он 12 паҳлавони номдор  аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ширкат доштанд, ҳамаро мағлуб сохт.

9 октябри соли 2017 Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шайх Халифа ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат, гидроэнергетика, фарҳанг, алоқаи ҳавоӣ, бонкдорӣ, саёҳат ва дигар бахшҳои афзалиятноки барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ гардид.

10 октябри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия сафар карданд.

10 октябри соли 2017  Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ дар шаҳри Сочи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуданд. Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамгироии байнидавлатӣ арзёбӣ гардида, аз сатҳу сифати муносибатҳои дуҷониба дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

12 октябри соли 2017  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

12 октябри соли 2017  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

11 октябри соли 2017   Дар шаҳри Тошканд дар толори Театри давлатии академии калони ба номи Алишер Навоӣ маросими расмии оғози Рӯзҳои фарҳанги  Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор гардид. Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 14 октябр идома ёфтанд.

14 октябри соли 2017  Дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили сеюмин солгарди «Рӯзи соҳибкорон», ки ҳамасола 14 октябр ҷашн гирифта мешавад, мулоқоти Пешвои миллат бо соҳибкорон ва сармоягузорон баргузор гардид.

15 октябри соли 2017   Дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе ҷашни пуршукӯҳи Меҳргон — иди ҳосил ва фаровонӣ таҷлил гардид.

16 октябри соли 2017  Дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба кори худ оғоз кард. Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд намояндагони 26 кишвари арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок намуданд.

16 октябри соли 2017  Дар «Кохи Сомон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Судон Ҳомид Муҳаммад Аннур Мумтозро ба ҳузур пазируфтанд.

16 октябри соли 2017  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ, ки ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар Душанбе қарор дошт, мулоқот намуд.

16 октябри соли 2017  Дар «Кохи Сомон» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исилку валади Аҳмад Изидбеҳро, ки кишварашро дар иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон роҳбарӣ дошт, ба ҳузур пазируфтанд.

16 октябри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, рушд ва банақшагирӣ ва Вазири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Давлати Кувайт Ҳинд Ас-Сабиҳ мулоқот намуданд.

16 октябри соли 2017  Дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф мулоқот намуданд.

16 октябри соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб Султон ибн Саид ал Мансуриро ба ҳузур пазируфтанд.

16 октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Низор Маданиро ба ҳузур пазируфтанд.

16 октябри соли 2017  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин доктор Риёз ал Маликӣ мулоқот намуданд.

16 октябри соли 2017  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон  кишварҳои арабиро аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ унвон намуданд.

16 октябри соли 2017  Дар «Кохи Сомон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайтро ба ҳузур пазируфтанд.

18 октябри соли 2017  Шаҳриёр Даминов, варзишгари тоҷик, дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардуми Чин дар масофаи 1000 метр (С-1) бо натиҷаи 3:57:758 сазовори медали нуқра шуд.

17 октябри соли 2017   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо мақсади расидан ба ҳадафҳои созанда, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва густариши  робитаи мустақим бо аҳолии   пойтахт почтаи электронии раиси шаҳри Душанберо Dushanbe80@yahoo.com фаъол намуд.

18 октябри соли 2017 Темур Зулфиқоров, адиби русзабони Тоҷикистон барои асари нави «Қиссаҳои тиллоии ишқ» дар Россия барандаи ҷоизаи Бунин гардид.

20 октябри соли 2017  Мубодилаи барқияҳои табрикӣ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар.

26 октябри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накаоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқоти мазкур роҳҳои боз ҳам бештар ва амиқтар таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои 20 солаи  Ҳукумати мамлакат бо Бонки Осиёии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Такехико Накао, Президенти Бонки Осиёии Рушд Ҳукумати мамлакатро ба муносибати раисии миёнадаврии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC) шодбош гуфта, изҳор кард, ки БОР ҳадафҳои рушди Тоҷикистонро пурра дастгирӣ менамояд.

27 октябри соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи 16-уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC), ки дар толори «Зарандуд»-и Кохи Наврӯз баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

27 октябри соли 2017 Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон аз Кӯли Сарез ва Неругоҳи барқи обии «Норак» боздид ба амал овард. Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дода, табиати зебою нотакрори кишвари моро биҳишти кашфношуда дар рӯи замин арзёбӣ намуд.

27 октябри соли 2017 Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао таасуроташро аз ҷараёни боздид аз Кӯли Сарез ва Неругоҳи барқи обии Норак дар суҳбат бо хабарнигорон  чунин баён дошт: «Ман аз сафари  Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус ба ин минтақаҳои зебо бисёр хушҳолам. Зеро кӯҳҳои осмонбӯсу табиати дилфиреби Тоҷикистон дили ҳар як бинандаро шод мекунад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳодҳои заруриаш дар арсаи байналмиллалӣ мақоми шоёнро касб намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кардааст».

28 октябри соли 2017 композиори маъруфи тоҷик,  Корманди шоистаи фарҳанги   Тоҷикистон Фируз Баҳор ба Тоҷикистон омад. 30 октябр, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ балети «Мақоми ишқ»-и Фирӯз Баҳор намоиш дода шуд.

30 октябри соли 2017 Намояндаи ҷавони Тоҷикистон Ёсуман Исмонзода ғолиби барномаи истеъдодҳои «Удивительные люди» (Одамони аҷиб)-и шабакаи телевизионии «Россия-1» гардид.

Моҳи ноябр

1 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳ ва Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

2 ноябри соли 2017 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмии дурӯза вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

2 ноябри соли 2017  Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон аз ҷониби сарони ҳар ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов Шартнома оид ба шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон ба имзо расид.

2 ноябри соли 2017 Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Ашқобод дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод созишнома ба тасвиб расид.

3 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори чорум ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини олам шомил шуданд.

3 ноябри соли 2017   Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро таҳти роҳбарии хонум Иветта Григулле Петерс, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 6-уми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номида, аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои гуногунҷанба изҳори қаноатмандӣ карданд.

4 ноябри соли 2017 Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»     дар самти Душанбе-Сеул-Душанбе бори нахуст парвози техникӣ анҷом дод.

6 ноябри соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-ро баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дар рӯзи таҷлили ҷашни 23 — юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи таҷлили 25 — солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

7 ноябри соли 2017  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил карда шуд

7 ноябри соли 2017 Дастаи  мунтахаби  то 19-солаи футболи Тоҷикистон дар бозии охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби то 19-солаи Ӯзбекистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ба сабқати муҳташами қора роҳхати мустақим ба даст овард.

8 ноябри соли 2017  Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

10 ноябри соли 2017 Ҷаласаи 39-уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия лоиҳаи ҷашни Меҳргонро ҳамчун мероси фарҳангии  ғайримоддии халқи тоҷик ба қайд гирифт ва он соли 2019 мавриди баррасӣ ва қабул қарор мегирад. Ҳамчунин бо такмил ва иловаҳо лоиҳаи Қалъаи Ҳулбук аз нав дар Созмони ЮНЕСКО ҳамчун осори моддии ҷаҳонӣ  ба қайд гирифта шуд.

10 ноябр соли 2017 Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикистон.

13 ноябр соли 2017 Шабакаи нави телевизионии мусиқии «Шаҳнавоз»  ба фаъолият оғоз намуд.

13 ноябр соли 2017 Паҳлавони ҷавони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар  шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид, дар вазни 74 кило соҳиби ҷои аввал гардид.  Беҳрӯзи Хоҷазода баъди 42 соли интизорӣ дастоварди ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Саидмӯъмин Раҳимовро такрор кард ва унвони чемпиони  ҷаҳон оид ба самборо ба даст овард.

16 ноябри соли 2017  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 25 — умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

19 ноябри соли 2017  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маҷлиси тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 25 — умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

24 ноябри соли 2017 Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Ба ин муносибат Сарвари давлат Паёми табрикӣ ба сокинони мамлакат ироа намуда, зикр карданд: «Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо мебошад».

30 ноябри соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ва иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар карданд.

30 ноябри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев иштирок карданд.

30 ноябри соли 2017 Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар мулоқоти навбатии Гурӯҳи «Дӯстони об» ширкат ва суханронӣ намуд. М.Маҳмадаминов роҷеъ ба раванди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ва аҳамияти он барои пешбарии Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) ба ҳозирин маълумот пешкаш кард.

Моҳи декабр

1 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд. Баррасии маҷмӯи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар вохӯрии хоссаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии ҳарду ҷониб идома ёфт.

1 декабри соли 2017 Дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ҷаласаи 16-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуд. Кори ҷаласаи навбатӣ дар доираи ҳайати васеи кишварҳои аъзо, нозир, мушоҳид ва меҳмон натиҷагирӣ карда шуда, раёсат дар Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.

4 декабри соли 2017 Таҷлили 130- солагии зодрӯзи шоири шаҳири тоҷик устод Абулқосим Лоҳутӣ. Ба ин муносибат Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор кард.

5 декабри соли 2017 Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 4 декабр Тоҷикистонро ба Лигаи қаҳрамонҳои Осиё – мӯътабартарин мусобиқаи байни дастаҳои ин қора роҳ дод.

5 декабри соли 2017 Дар шаҳри Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Ҷазираҳои Баҳама баргузор гардид. Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Иттиҳоди Ҷазираҳои Баҳама Намояндаи доимии он кишвар дар СММ Шейла Карей ба имзо расониданд.

7 декабри соли 2017 Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар иҷлосияи 24-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Венаи Австрия   иштирок намуд.

9 декабри соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун сафар карданд.

10 декабри соли 2017 Нахустин сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Ал Ҳуссайния оғоз гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

10 декабри соли 2017 Дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Аммон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал-Мулкӣ мулоқот карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ва Урдун баҳри тавсеаи ҳамкорӣ ва ба сатҳи баландтар баровардани онҳо имконоти фаровон доранд ва мо омодаем, бо дарназардошти манфиатҳои миллии ду кишвари дӯст, тамоми воситаҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳоямон истифода барем.

11 декабри соли 2017 Дар ш.Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамайка баргузор гардид. Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Ҷамайка Намояндаи доимии он кишвар дар СММ Куртенай Раттрай ба имзо расониданд.

12 декабри соли 2017 Дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Истанбул мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Биналӣ Йилдирим баргузор гардид. Ҷонибҳо аз фазои мусоиди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори тавсеаи бештари тамосҳои гуногуни сатҳи сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, рушди саноат, кишоварзӣ, маориф, туризм ва дигар бахшҳои мавриди манфиати ҳамдигар гардиданд.

14 декабри соли 2017   Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найтхар Хёфер-Виссинг бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд.

13 декабри соли 2017 Дар Форуми XII олимон ва зиёиёни эҷодкор ва Шӯрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир гардид, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа А.Раҳмонзода Раиси  Шӯрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ  интихоб шуд.

19 декабри соли 2017  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Душанбе-2017 бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои истеҳсолии мамлакат шинос шуданд.

22 декабри соли 2017  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 декабри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.

26 декабри соли 2017 бо Амри Сарвари давлат ба 25 нафар варзишгарон ва мураббиёни онҳо аз рӯи натиҷаҳои мавсими варзишии соли 2017 мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми умумии 653 ҳазору 750 сомонӣ тақдим карда шуданд.

29 декабри соли 2017 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи охири нақшавии Ҳукумати ҶТ дар соли сипаришуда доир гардид.

Декабрь 31, 2017 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
Аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар пиряхи Зарафшон экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида шуд