Ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн менамояд- бардошт аз ҳамоиш дар мавзӯи «Афғонистон: таҳдидҳои нави минтақавӣ»

Декабрь 28, 2017 16:20

ДУШАНБЕ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Афғонистон: таҳдидҳои нави минтақавӣ» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ин ҳамоиш хабар дод, дар он намояндагони корпуси дипломатии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони масъули вазорату муассисаҳои давлатии мамлакат ва пажӯҳишгарону коршиносон иштирок намуданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар зимни суҳбат зикр намуд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ изҳор доштанд, ки  вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард» боиси нигаронӣ гардидааст. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. «Сарвари давлат минҷумла дар бораи вазъияти Афғонистон низ изҳори ташвиш намуданд ва бинобар ин мо тасмим гирифтем, то масъалаҳои хеле муҳимеро, ки имрӯз дар кишвари ҳамсоя мегузаранд,  баррасӣ намоем. Баррасиҳое, ки имрӯз шуданд, барои беҳбуд бахшидан ва таҳлили дурусту амиқи вазъият ба ниҳодҳои давлатӣ кумаки бисёр хоҳанд кард ва ин таҳлилҳо дар оянда мавриди иҷро қарор мегиранд»,-гуфт Худобердӣ Холиқназар.

Ба андешаи коршиноси масоили Афғонистон Қосимшоҳ Искандаров, вазъияти Афғонистон таи чанд соли охир тамоюли бадшавӣ дорад ва мо ҳеҷ тамоюли беҳтаршавии вазъиятро намебинем. «Мутаассифона, дар ҷомеаи афғонӣ баъд аз соли 2014  буҳрони сиёсӣ ҳеҷ фурӯ нанишаст ва байни гурӯҳҳои сиёсӣ дар Афғонистон ва махсусан дар ин давраи охир ин мухолифату ихтилофҳо хеле зиёд шудаанд. Натиҷаи инҳо ба Туркия рафтани муовини аввали Раиси ҷумҳури ин кишвар ва содир шудани фармон дар бораи барканории волии Балх Атомуҳаммади Нур ва баъзеи дигар мухолифатҳост, ки мутаассифона, заминае барои фаъолияти ин гурӯҳҳо дар Афғонистон муҳайё кардаанд»,-мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Қосимшоҳ Искандаров, агар ин шароит тағйир наёбад, барои фаъолияти ин ҷангҷӯён ва гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон шароит мувофиқтар мешавад ва таҳдиду хатарҳо барои давлатҳои Осиёи Марказӣ хеле ҷиддӣ хоҳанд буд.

 

Декабрь 28, 2017 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид