ҲУШДОРИ ОБУҲАВОШИНОСОН: 5-7 декабр дар роҳҳои кӯҳии мошингарди Тоҷикистон яхбандӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 5.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки дар робита ба боришоти барф рӯзҳои 5-7 декабр дар роҳҳои кӯҳии мошингарди Тоҷикистоон яхбандӣ мешавад. Дар роҳҳои мошингарде, ки хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад, ҳатман бояд масофаи зарурии миёни мошинҳо то 500 метр риоя карда шавад. Дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, ба ғайр аз ВМКБ хатари тармафароӣ вуҷуд дорад.
Обуҳавошиносони мамлакат иттилоъ медиҳанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок, бориши борону барф ва баъзан фаромадани туман дар назар дошта шудааст.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок, рӯзона бебориш ва шабона дар баъзе ҷойҳо боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 19-24 ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар баъзе ҷойҳо шабона боридани барф ва рӯзона ҳавои туманолуди бебориш пешгӯӣ мешавад. Вазиши шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2 -7 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар водиҳо ҳавои бебориш ва дар баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок, шабона боридани барфи кӯтоҳмуддат, рӯзона бебориш ва фаромадани туман дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-8 дараҷа хунук ва рӯзона 3-5 дараҷа гарм мешавад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






