Вазорати кишоварзии Тоҷикистон: кишти сабзавоти барвақтӣ 70 %-и иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад

Декабрь 4, 2017 11:36

ДУШАНБЕ, 04.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имсол тибқи дурнамо дар майдони 607 ҳазору 534 га шудгори заминҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад. Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 27 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ майдони 157 ҳазору 445 га шудгор карда шуд, ки 26%-и иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.

Шудгори заминҳои кишоварзӣ дар вилояти Хатлон 87 ҳазору 611 га ё 29 %, дар вилояти Суғд 49 ҳазору 735 га  ё 24%, дар ВМКБ  3704 га ё 46 % ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 16 ҳазору 395 га ё 18 % -ро ташкил медиҳад. Дар мавсими шудгор 19 ҳазору 503 адад тракторҳои шудгоркунанда омодаи кор буда, 9584 адади он то имрӯз ба кор сафарбар карда шудаанд.

Инчунин имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ кишти тирамоҳии зироати кишоварзӣ босуръат идома дорад. Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар 87 ҳазору 457 га кишти тирамоҳии зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст.

Аз ҳисоби кишти умумии зироат дар ҷумҳурӣ дар 75 ҳазору 453 га ғалладонагиҳо кошта шудаанд, аз ҷумла, 59 ҳазору 862 гектарро гандум ва 9702 гектарро ҷав ташкил медиҳад.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ дар майдони 11 ҳазору 547 га кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуд, ки 70 %-и иҷрои дурнаморо ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2282 га зиёд мебошад.

Барои сари вақт ба анҷом расонидани шудгор ва кишти тирамоҳӣ дар ҷумҳурӣ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони соҳа дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури ситоди корӣ таъсис додааст. Ба иттилои манбаъ, корҳо дар ин самт бо маром идома доранд.

Декабрь 4, 2017 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад