Вазорати маориф ва илм: таътили хонандагон аз 1 то 31 январ сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили хонандагон аз 1 то 31 январ сурат мегирад.
«Дар давраи таътил ба муассисаҳои таълимӣ тавсия дода мешавад, ки хонандагонро ба олимпиадаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ омода намоянд. Омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос ва дигар курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда шаванд. Хонандагон бояд бештар ба хондани китобҳои бадеӣ машғул шаванд»,- иттилоъ дод манбаъ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






