ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Декабрь 11, 2017 15:47

ДУШАНБЕ, 11.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Пос доштани арзишҳои давлативу миллӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд, вале мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандони кишвар ба амалу кирдорҳои зидди қонун даст зада, сабаби ташвиши худу дигарон мегарданд. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза вобаста ба кирдорҳои ҷиноятии баъзе аз нафарони гумонбар хабару гузоришҳо интишор мекунад, ки чанде аз онҳоро пешниҳоди хонандагони «Ховар» мегардонем.

Садамаи нохуши роҳу нақлиёт

Ронандаи мошини тамғаи «Дулан» Маҳмадзоир Давлатов, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Панҷи поён, дар деҳаи А.Сурхи ноҳияи Ҷайҳун, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи «Тойота-Королла», таҳти идораи ронанда Ҳоким Тағоев, соли таваллудаш 1997, сокини деҳаи Тоҷикистони ҳамин ноҳия, ки аз ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Ҷайҳун ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Королла» Ҳ. Тағоев ва мусофири дохили мошин Ҳаким Сабуров, соли таваллудаш 1997, сокини деҳаи Тоҷикистон, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Инчунин мусофирони дохили мошин Кенҷагул Пирова, соли таваллудаш 1971 ва хурдсол Зубайдуллоева Шукрона Шарофиддиновна, соли таваллудаш 2013, сокинони деҳаи Истиқлол ва шаҳрвандон Бурҳониддин Додарбеков, соли таваллудаш 1997 ва Сангов Рамазон Муродалиевич, соли таваллудаш 1997, сокинони деҳаи Тоҷикистон бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дарёфти маводи мамнӯъи тарфгарӣ

Марди 39-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир гардид.

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 7 ҳазору 840 дона маводи тарфгарии намуди «Трения» дарёфт ва мусодира карда шуд.

Нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199, иловаи 1, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Мусодираи маҳсулоти ширии «сметана»-и ба саломатӣ хатарнок

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди бозори «Сафариён»-и ноҳияи Сино соҳибкор, марди 41-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони фиреби истеъмолкунандагон дастгир намуданд. Аз номбурда зарфҳои пластмассӣ, ки дар дохилашон 740 кг маҳсулоти ширии навъи «сметана» буд, мусодира карда шуд.

Мувофиқи маълумотномаи Маркази агентии «Тоҷикстандарт» аз 29 ноябри соли равон, маҳсулоти ширии мусодирагардида ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёри хӯрокворӣ мутобиқат накарда, истеъмоли он ба саломатии инсон хатарнок мебошад.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда дар бозори «Меҳргон» ва назди «Боғи ҳайвонот»-и пойтахт низ сметанаҳои ба саломатии инсон хатарнокро ба фурӯш баровардааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Декабрь 11, 2017 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад