Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Раиси Кумитаи сармоягузории Арабистони Саудӣ
ДУШАНБЕ, 27.12.2017./АМИТ «Ховар»/. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Раиси Кумитаи сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Иброҳим ибни Абдурраҳмон Ал-Умар мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд.
Бо таваҷҷуҳи зиёд ба зарурати фаъол намудани Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникӣ ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки дар моҳҳои наздик ҷаласаи дуюми ин комиссия ва форуми иқтисодию сармоягузорӣ бо иштироки соҳибкорони ду кишвар дар шаҳри Ар-Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор карда шавад.
Хотиррасон менамоем, ки Раиси Кумитаи сармоягузории Арабистони Саудӣ Иброҳим ибни Абдурраҳмон Ал-Умар ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистоону Арабистони Саудӣ мебошад.









Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






