ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 19 январ, ҷумъа, 19-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
19 январи соли 1936 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои Хуҷанд ва Қумсангир таъсис дода шуданд.
***
5 сол пеш, 19 январи соли 2013 дастаи наврасони Тоҷикистон (U-21) дар даври аввал- гурӯҳи «А»-и мусобиқаи «Ҷоми Иттиҳод» дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дастаи Эстонияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.
19 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Беларус – Рӯзи наҷотдиҳандагон.
***
Дар Исландия – Рӯзи ҳамсар.
РӮЙДОДҲО:
19 январи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Маркази нави омӯзишӣ дар назди Институти такмили ихтисос барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
***
19 январи соли 2015 дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Ҷоми «Баҳористон» дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ҳайати ҷавонони дастаи «Жетису»-и Қазоқистонро шикаст дод.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар арафаи 25-солагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медали «25-солагии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1903 дар Франсия дар бораи баргузор намудани аввалин пойгаи велосипедронӣ — «Тур де Франс» эълон ба нашр расид.
***
19 январи соли 1992 99% — и аҳолии Осетияи Ҷанубӣ дар раъйпурсӣ барои ҷудо шудан аз Гурҷистон овоз доданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 2016 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар Япония дар синни 112 куҳансолтарин сокини сайёра Ясутаро Коидэ вафот кард.