ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
ДУШАНБЕ, 23.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Маҳз анъанаҳои фарҳангӣ Наврӯзро то имрӯз зинда нигоҳ доштаанд. Аз гузаштаҳои дур занони тоҷик ба ороиши рӯй, чашму абрӯ ва ғайра аҳамияти зиёд медоданд. Барои занону духтарон, алалхусус арӯсон оро додани чашму абрӯ мояи зебоӣ ва шуғли ҳаррӯзаашон мебошад. Аз қадим занони Шарқ бо усули оро додани чашму абрӯи хеш фарқият доранд. Занони тоҷик дар деҳаҳои дурдаст бештар чашму абрӯи худро бо сурмаю ӯсмаи табиӣ оро медиҳанд.
Ӯсмакашӣ як қисми ороиши суннатӣ аст. Васма, вусма, ӯсма гиёҳест, ки занону духтарон баргҳои онро фишурда, оби сабзашро ба абрӯвон ва мӯи худ мемоланд. Баландии вусма то 25-100 сантиметр расида, поя ва баргҳояш ранги сабзи нилгун доранд. Барои кашидан ба чашму абрӯ барги ӯсмаи тахминан 10-25 сантиметраро истифода мебаранд.
Анъанаи ӯсмакашӣ чун мероси ниёгон дар байни занону модарони тоҷик хеле маъмул аст. Ӯсма ба абрувон тобиши сабзи хокистарранг медиҳад. Дар мавриди мунтазам кашидани ӯсма абрувон ба худ ранги сиёҳи ғализ мегиранд, ки ин ҳусну ҷамоли занонро даҳчанд зебо мекунад.
Баргҳои тару тозаи онро гирифта, 10-15 дақиқа то пажмурда шуданашон дар соя нигоҳ медоранд, баргҳои пажмурдаро то ҳосил шудани шираи он кафмол мекунанд, шираи ҳосилшудаи ӯсма дар таги пиёла, яъне чуқурчаи таги он ҷамъ мешавад. Сипас афшурдаи тару тозаи онро дар абрӯ мемоланд. Ин амалро то тамом шудани оби ӯсма такрор мекунанд. Баъди хушк шудани ӯсма абрӯвонро бо об эҳтиёткорона мешӯянд.
Барои захираи фасли зимистон ӯсмаро хушконида, майда мекунанд. Дар вақти даркорӣ ба он оби ҷӯшонида ҳамроҳ карда, то хунук шуданаш нигоҳ медоранд. Он барои молидан тайёр мешавад. Ӯсмаро ҳамчунин ба пӯсти сар, мӯйҳо, пилкҳои чашмон ва мижгонҳо мемоланд. Хусусияти шифобахшиаш дар он аст, ки биноиро хуб мекунад.
Агар кас ҳар рӯз ӯсма кашад, баъд аз 2 ҳафта абрӯвон ва мижжаҳояш ғафсу сиёҳ ва хушрӯй мешаванд. Равғани ӯсма барои табобати резиши мӯй ва барқарорсозии решаи осебрасидаи мижгонҳо, абрӯвон ва мӯйҳо истифода мешавад. Равғани тозаи ӯсмаро шабона ба қош ва мижжа молида, саҳар бо собун мешӯянд.
СУРМА. Онро занҳои тоҷик аз замонҳои қадим истифода мебаранд. Он на танҳо зебоии чашмро меафзояд, балки равшании онро низ беҳтар мекунад. Аз ин рӯ, сурма хусусияти тандурустӣ ҳам дорад. Сурма 2 навъ мешавад: говӣ ва сангӣ.
Сурмаи говиро занон аз равғани гов тайёр менамоянд. Асбоби махсуси пухтани сурма вуҷуд дорад. Чароғи дастие, ки дорои пилтаи махсус аст, барои сурмапазӣ истифода мешавад. Яъне, равғани говро дар чароғ мерезанд ва он об мешавад. Дар вақти сӯхтанаш ба болояш косаи алюминиро то пурра сӯхтани равған пурӯ менамоянд. Вақте ки равған сӯхта, тамом шуд, коса аз болои чароғ гирифта мешавад. Даруни коса пури дуди аз равған хориҷшуда мегардад. Ин сиёҳиро дар зарфе ҷамъ карда мегиранд. Онро дар халтачаҳои махсус нигоҳ дошта, нӯги донаи гӯгирдро сӯзонида, борик мекунанд ё яке аз донаҳои дандонхилолро гирифта, ба сурмаи дохили халтача тар намуда, ба чашм мемоланд. Ин навъи сурма нури чашмро зиёд мекунад ва газаки чашмро мегирад.
Сурмаи сангӣ табиӣ мебошад. Онро аз кӯҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастрас менамоянд. Он дар кӯҳҳои шаҳри Хоруғ, Поршинев ва аз ҳама зиёдтар дар кӯҳҳои ноҳияи Ишкошим вомехӯрад. Санги сурмаро бо оби хунук тоза мешӯянд ва дар як истакон шир (то хушк шудани он) меҷӯшонанд. Ва ё дар зарфе як пораи равғанини гӯшти говро гирифта, санги сурмаро ба он ҳамроҳ намуда, дар оташи паст меҷӯшонанд. Дар ин безараргардонӣ санг равғаннокиро ба худ ҷаббида гирифта, фоиданок мегардад. Санги сурма барои истифода тайёр карда мешавад. Аз ягон пораи он сангдаст низ тайёр мекунанд. Сангдаст борик буда, вазифаи чӯбчаи сурмакаширо адо мекунад. Мардуми Бадахшон санги сурмаро «чиртс» ва сангдастро, ки барои молидани сурма ба чашм хизмат мерасонад, «бонҷ» мегӯянд. Ин навъ сурма газаки чашмро гирифта, нури чашмро зиёд менамояд. Онро ба чашму абрӯвони кӯдакони навзод низ мемоланд.
АКС аз манбаъҳои боз








ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дар рушди технологияҳои инноватсионӣ ва идоракунии оқилонаи захираҳои обу энергия нақши бунёдӣ доранд
ЧОРМАҒЗПАРВАРӢ. Иқлими Тоҷикистон барои парвариши чормағз ва чӯби босифат созгор мебошад
Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе дар соҳибкасб намудани ҷавонон саҳми арзанда мегузорад
«ТОҶИКИСТОН, САРЗАМИНИ НАНГУ ОРИ МОСТ! ». Миллати тоҷик 40-солагии Истиқлолияти давлатиро бо ободкориҳои бемисл таҷлил менамояд
Илм ва инноватсия – омили муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Моҳи ноябр барои қаламча намудани гули садбарг мавсими мувофиқ аст
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Кодекси экологии Тоҷикистон барои таҳкими ҳифзи муҳити зист заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад
МАВСИМИ АНОР ДАР ТОҶИКИСТОН. Маълумоти муфассал дар хусуси фоидаҳои ин мева
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд






