Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таҳлили фаъолияти молиявии вазорату идораҳоро ба нақша гирифтааст

Январь 17, 2018 10:52

ДУШАНБЕ, 17.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тҷикистон «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» дар моҳҳои феврал-апрели соли 2018 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани таҳлили фаъолиятро ба нақша гирифтааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ин ниҳод хабар доданд, таҳлили фаъолият дар доираи фаъолияти вазорату кумитаҳои интихобшуда аз ҷониби гурўҳ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия, ки ба ҳайати он намояндагони вазорату идораҳои интихобгардида ва кормандони дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шудаанд, гузаронида мешавад.

Тибқи талаботи бандҳои 28 ва 31-и методологияи мазкур барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ зарур аст, ки таҳлили муносибати мутақобилаи вазорату кумитаҳои интихобшуда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҷамъоварии маълумот гузаронида шавад.

Аз ин рў, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар вазорату кумитаҳои интихобгашта, аз ҷумла, сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли онҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро тариқи почтаи электронии  iinfo@anticorruption.tj ирсол намоянд.

Январь 17, 2018 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид