Ҳангоми ба кирдорҳои коррупсионӣ даст задани кормандони милитсия ба «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ занг занед!
ДУШАНБЕ, 17.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки ҳангоми ба кирдорҳои коррупсионӣ ё дигар ҳаракатҳои ғайриқонунӣ даст задани кормандони милитсия онҳо метавонанд ба воситаи «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ- 221-21-21 занг зада, ҳолати мазкурро пешгирӣ намоянд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ин Вазорат хабар доданд, шаҳрвандони мамлакат ҳамчунин метавонанд ҳангоми ба кирдорҳои коррупсионӣ ё дигар ҳаракатҳои ғайриқонунӣ даст задани кормандони милитсия ба «Хабарнигори фаврӣ»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо рақами телефони мобилии + 992 939 222 111 тариқи шабакаҳои иҷтимоии Вайбер (Viber), Ватсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) занг зада, ҳолатҳои мазкурро пешгирӣ намоянд.
Ба иттилои манбаъ, махфияти муроҷиаткунандагон кафолат дода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






