Ба «Тоҷик Эйр» ва «Роҳи оҳани Тоҷикистон» имтиёз дода мешавад

Январь 29, 2018 15:52

ДУШАНБЕ, 29.01.2018/АМИТ «Ховар»/. Палатаи  поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» илова ворид менамояд. Масъалаи мазкур 29 январ дар ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати  Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.

Раиси Кумитаи  Маҷлиси намояндагон оид ба молия ва иқтисод Шариф Раҳимзода зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки  ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Парлумони мамлакат бармеояд. Ҳадафи он рушди минбаъдаи соҳаи нақлиёт, сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва навсозии техникии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии  «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мебошад.

Тибқи иловаи ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»  воридшаванда ба корхонаҳои мазкур барои воридоти техникаю таҷҳизот имтиёз дода мешавад.

Дар ҷаласа аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамзамон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати «Kryso Resources Limited»ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут» оид ба истихроҷи кони «Пакрут»-ро баррасӣ намуданд.

 

Январь 29, 2018 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид