Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд

Ноябрь 4, 2026 11:50

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи мазкур яке аз ташаббусҳои назарраси шаҳрсозии Ҷумҳурии Узбекистон ба ҳисоб рафта, бо мақсади ташаккули маркази нави муосири шаҳрӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва рушди устувори инфрасохтори шаҳрӣ амалӣ мегардад.

Тибқи нақшаи генералии лоиҳа, масоҳати умумии ҳудуди шаҳри нав 20 ҳазор гектарро ташкил дода, он барои зиндагии тақрибан 2 миллион нафар пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа бунёди маҳаллаҳои истиқоматӣ, марказҳои тиҷоративу маъмурӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, инчунин боғҳо, минтақаҳои сабз, обанборҳо ва дигар иншооти муосири инфрасохторӣ бо истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар назар дошта шудааст.

Таъкид гардид, ки таҷрибаи татбиқи чунин лоиҳаҳои бузурги шаҳрсозӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии идоракунии шаҳрҳо барои омӯзиш ва табодули таҷриба дар самти рушди инфрасохтори муосир аҳаммияти муҳим дорад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба иқдоми пешгирифтаи шаҳрдории Тошканд баҳои баланд дода, дар татбиқи амалии ин лоиҳа барори кор таманно намуданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 4, 2026 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид