Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Танзила Нарбаева мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқоти хоссаи роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои парламентии Тоҷикистону Узбекистон ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши ҳамкории байнипарламентӣ, инчунин рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иброз гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки бар пояи робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии чандинҳазорсолаи ду халқи бародар асос ёфтаанд, солҳои охир ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимоди мутақобил, эҳтиром ва дастгирии ҳамдигарӣ пайваста рушд меёбанд.
Таъкид карда шуд, ки муколамаи созанда ва муносибатҳои самимиву эътимодбахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар таъмини рушди устувори ҳамкории дуҷониба нақши муҳим доранд.
Дар ҷараёни мулоқот ба рушди робитаҳои байнипарламентӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон ҷонибҳо фаъолияти Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Сенати Олий Мажлисро муҳим арзёбӣ намуда, зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкориро дар ин самт таъкид карданд.
Дар бахши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ тамоюли мусбати афзоиши гардиши мол байни ду давлат бо қаноатмандӣ иброз гардид.
Ҷонибҳо муҳимияти андешидани тадбирҳои мушаххасро барои расидан ба ҳадафи стратегии аз ҷониби сарони ду давлат гузошташуда — то ба 2 миллиард доллар расонидани ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат таъкид намуданд.
Дар ин замина, масъалаҳои тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва инфрасохторӣ, инчунин рушди савдои наздисарҳадӣ ва робитаҳои соҳибкорони ду кишвар баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон ба дурнамои рушди ҳамкории истеҳсолӣ ва густариши робитаҳо дар бахши кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо иқтидори васеи ҳамкории фарҳангию гуманитариро низ таъкид намуданд. Зарурати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, сайёҳӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир, инчунин таҳкими робитаҳои гуманитарӣ байни минтақаҳои ду кишвар таъкид гардид.
Дар баробари ин, ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, ҷонибдории худро аз таҳкими сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ иброз доштанд.
Дар фарҷом аз рӯи натиҷаҳои музокирот муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муҳтарам Танзила Нарбаева ба Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2027-2028 имзо гузоштанд.
Ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пас аз боздид аз толорҳои Сенат дар Китоби меҳмонони ифтихории Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон таманниёти неки худро дарҷ намуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид






