ЧОР МУЖДАИ МУҲИМ. Ё худ оҳанги даъватҳову ҳушдорҳо дар Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Январь 17, 2018 10:29

ДУШАНБЕ, 17.01.2018 /АМИТ «Ховар»/ Муқаддимаи Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаи байналхалқӣ иборат буд ва ин пайванди амиқ ба оҳанги рӯз дошт. Авзои байналхалқии ҷаҳон дар маркази диққати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта буд ва онро метавон оҳанги даъват ба ҳамватанон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ номид. Ба тамоми ҳамватанон моҳияти «тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон» ва ҷараёни ҷаҳонишавӣ дар доираи «…раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард» ишора гардид. Истилоҳ ва ибораи «ҷанги сард» хосияти амиқи илмӣ-иҷтимоӣ дорад, ки бо ҷуръати хос аз забони Пешвои миллат садо дод.

Бояд гуфт, ки дар оғози солҳои 2000 қарори махсуси СММ дар мавриди хатари ин навъи ҷанг қабул гашта, он даҳшатноктар аз силоҳи қатли ом эътироф гардида буд. Ҳарчанд оғози ин ҷангро ба солҳои панҷоҳуму шастуми асри гузашта мансуб медонанд, аммо гузашти вақт нишон дода истодааст, ки дар ҳақиқат он дар чанд даҳсолаи охир дар марҳилаҳои нав ба нав шаклан дигар мешавад. Ба таври ихтисору маҷмӯӣ шинохти онро имрӯз коршиносону олимон чунин баҳогузорӣ кардаанд: «ғасби мафкура ва ба нобудӣ бурдани халқияту давлатҳо аз харитаи сиёсии ҷаҳон…». Намуна ва натиҷаҳои онро аллакай аҳли башар шоҳид гашт, ки чӣ тавр намоишкорона баъзе халқҳои мазлуму ғофилу ноогаҳро ба ин оташ дидаву дониста пеш карда истодаанд.

Дар Паёми имсола бо ҷузъҳои хос ин масъала бозгӯ гардид. Тариқи мисолҳои нисбатан мушаххас аз нооромиҳову низоъҳои соли 2017 ёдовар гаштан маънии онро дорад, ки бояд ҳамватанони мо дар доираи ҷаҳонбиниҳо ва донишҳои хос ҳақиқатҳои аслии мухталифро дарк намоянд. Махсусан ҷумлаи «Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт» ба он манзур зикр гардид, ки бояд имрӯз ҳар як сокини сайёра ба ин воқеаҳо бо назари таҳқиқ нигарад. Маълум ки то ҳол аз ин воқеаҳо дар маҷмӯъ ҳеҷ як сокини сайёра суд набардоштааст ва нахоҳад бардошт. Зеро дар ин амалҳо бештари қурбониён афроди бегуноҳе мебошанд, ки паи зиндагии худ овора мебошанд. Пас, дар ин роҳ, дар роҳи монеа дар амалҳои даҳшатафканӣ танҳо ақли солиму идроки оқилона мусоидат карда метавонад. Ғафлат ва гумроҳии афроди ин амалҳоро содиркунанда боис мешавад, ки нахуст худи онҳо ва баъдан мардумони бегуноҳ қурбон шаванд.

Ишораи Пешвои миллат дар мавриди «…таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд», ҳушдор ва даъват ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки агар имрӯз ақли солиму тасмими саҳеҳ ҳукм надошта бошад, фардои наздиктарин бесуботии тартибу низомҳо ва барҳам хӯрдани онҳо ба нобудии аҳли башар мусоидат менамоянд.

Пӯшида нест, ки имрӯз талошҳои низоми сиёсатҳои якқутбаву чандқутбасозии ҷаҳон авзои сайёраро торафт тира месозанд. Ин низомҳо баръакс як омили ба вуҷуд омадани бенизомиҳову даҳшатҳо дар рӯи сайёра мебошанд. Манфиатҷӯиҳову сиёсатсозиҳои сунъӣ ба он оварда расонида истодаанд, ки аллакай дар чанд «нуқтаи гарм» ҳамчун сарчашмаи бадбахтиҳои аҳли башар эҳтимолияти сар задани бархӯрдҳои бузург ба амал омадааст.

Мавқеи Тоҷикистон ҳамгироиву дӯстист

Пешвои миллат чун як сиёсатмадори маъруфи  сатҳи байналхалқӣ мавқеи давлати Тоҷикистонро нисбат ба тамоюлоти манфии ҷорӣ ошкоро чунин иброз намуданд: «Дар марҳалаи кунунӣ давлати мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад». Ба гумони инҷониб, тадбирҳои мушаххас дар шароити мураккаби феълӣ- ин дар навбати аввал муайян кардани мавқеъ нисбат ба ҳар як падидаву ҳаводиси сиёсии ҷаҳон мебошад. Ҷои инкор нест, ки соли сипаришуда Тоҷикистон аз ҷумлаи мамлакатҳое буд, ки ҳар як амали терористии анҷомдодашударо аз аввалинҳо шуда маҳкум мекард. Чун як давлати дорои таҷрибаи сулҳсозӣ ҷонибҳои даргири муноқишаҳоро ба ҳалли мусолиҳатомез даъват менамуд. Охирин вокунишҳои  пурҷуръати Тоҷикистон дар авохири соли гузашта маҳкум кардани истифодаи силоҳи қатли ом ва ҳимоят аз манфиати халқи Фаластин ба ҳисоб мерафт.

Тоҷикистон дар сиёсатҳои байналхалқӣ давлате шинохта мешавад, ки асрори пӯшида надорад. Сиёсати “дарҳои боз” барои тамоми мамолики ҷаҳон, созмону ташкилотҳо ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ шароиту имкон фароҳам овардааст, ки онҳо имрӯз бо зиндагии мардуми тоҷик аз наздик ошно бошанд. Ин рӯҳияи демократии сиёсати феълӣ боис гаштааст, ки феълан дар арсаву минбарҳои баланд садои Тоҷикистонро мешунаванд. Тасмимҳо ва пешниҳодоти Тоҷикистонро қабул менамоянд ва давлати моро дар симои Пешвои он чун як мамлакати ташаббускор эътироф мекунанд. Мавқеи Тоҷикистон ҳамгироиву дӯстист ва ин нуктаро Пешвои миллат чунин баён доштанд: «Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем».

Чор мужда аз як масъалаи Паём

Ба ин мазмун метавон гуфт, ки мавзӯоти байналхалқӣ дар Паёми имсола муқаддам буд ва ҷойгоҳи хос дошт. Муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои калидӣ ва дигар кишварҳои Осиё, кумак ба Афғонистон ва рушди сулҳу субот дар ин кишвар, мақоми хосаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо ва Амрико, ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷануби Африқо ва Амрикои Лотинӣ, таҳаввулоти босуръати геоиқтисодӣ ва дипломатияи иқтисодӣ, ҳамкории иқтисодӣ бо шарикони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, робита бо сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии молиявию қарзӣ, ҷалби беҳтари созмонҳои байналхалқӣ барои иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ, густариши ҳамкории башариву фарҳангӣ бо мамлакатҳои дунё ва амсоли он муҳимтарин масъалаҳои байналхалқии Паёми имсола ба шумор мерафтанд. Тавре мебинем, ин мавзӯъ дар Паёми имсола аз даҳҳо бахш иборат аст. Аммо дар он чор нукта ниҳоят муҳим буданд ва аз баргузории чор ҳамоиши бузурги сатҳи байналмилалӣ дар соли 2018 дар ҷумҳуриамон мужда медоданд. Ин чор рухдоди дар пешистода инҳо мебошанд:

  1. Пешвои миллат Тоҷикистонро давлате муарифӣ намуданд, ки «…бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир» ҳамкории густурдаро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ мемонад. Ҳамин аст, ки моҳи майи соли 2018 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез барпо хоҳад гашт.
  2. Мушкилтарин ва муҳимтарин масъалаи ҳаёти башар барои имрӯзу оянда об аст ва дар робита ба ҳалли ин масъала Тоҷикистон дар ҷаҳон чун давлати ташаббускору дарккунандаи дурнамо эътироф шудааст. Дар партави ин тасмимҳо имсол дар арафаи «….ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 расман оғоз мегардад». Баргузории чандин конфронсу нишастҳои сатҳи баланд дар ин самт дар пойтахти мамлакат ба нақша гирифта шудаанд.
  3. Дар Паём зикр гардид, ки «дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши муносибатҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи стратегӣ ва моҳияти хос дорад». Тавре маълум аст, дар оғози соли 2018 Тоҷикистон раёсати имсолаи ИДМ-ро ба уҳда гирифт ва ташрифи роҳбарони давлатҳои ИДМ ба пойтахти Точикистон дар пеш истодааст.
  4. Ҳамчунин соли равон дар Тоҷикистон ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегардад, ки воқеаи бузурги сиёсии байналмилалӣ хоҳад буд

Аз ин рӯ метавон гуфт, ки сиёсати байналхалқӣ дар Паёми имсолаи Пешвои миллат мавқеи баланд дошт ва ин бесабаб набуд. Зеро соли 2018 бидуни ҳама гуна эълон соли сиёсатҳои васеи байналхалқии Тоҷикистон хоҳад буд.

Ҳар яки мо инро бояд донем, ки соли 2018 сиёсати хориҷии Тоҷикистон самтҳои васеъро дар бар хоҳад гирифт. Имсол таваҷҷуҳи тамоми расонаҳои хабарии олам ба Тоҷикистон ба маротиб меафзояд. Вақтҳои охир симои шаҳри Душанбе бо суръат зебову дигар гашта истодааст ва ин хосияти нек дорад. Зеро  шаҳри мо имсол мизбони меҳмонони зиёд аз тамоми нуқоти сайёра мешавад ва ба як минбари баланди байналхалқӣ табдил меёбад.

Тавре зикр гашт, Тоҷикистон соли равон дар маркази таваҷҷуҳи ВАО-и хориҷӣ қарор мегирад ва садҳо журналистону коршиносону шореҳон вориди ҷумҳурии мо мешаванд. Бо ташрифи онҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро боз ҳам бештар мешиносад, ки ин ифтихори ҳар фарди тоҷикзабон мебошад.

Бахтиёри ҚУТБИДДИН,

мудири кафедраи

журналистикаи байналхалқии ДМТ

Январь 17, 2018 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ конференсия доир шуд
21 декабр Анҷумани XIII навбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
Оид ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдату якпорчагии миллат ҳамоиши илмӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ 764 қонуншиканӣ нисбат ба маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор карда шуд
Дар Бадахшон маросими ҷоизасупории соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва занбӯриасалпарварӣ баргузор шуд
Дар Ҳисор ба ифтихори 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Британия қариб 66 ҳазор нафар бар асари тӯфон бе барқ монданд
Нархҳои маводи озуқаворӣ моҳи ноябр дар ҷаҳон 0,5% афзоиш ёфтанд
10 ДЕКАБР — РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Дар Тоҷикистон таъсис додани вазифаи Омбудсмени соҳибкорӣ дар назар аст