Дар Бонки миллӣ ҳамкории дуҷонибаи судманд дар самти рушди иқтисод ва низоми бонкӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати намояндагии Бонки рушди АвруОсиё (БРАО) таҳти роҳбарии раиси Раёсати бонки мазкур Андрей Белянинов баргузор гардид.
Тавре аз Бонки миллӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷоннок намудани ҳамкории дуҷонибаи судманд дар самти рушди иқтисод ва низоми бонкиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода Андрей Беляниновро барои ба вазифаи Раиси Раёсати Бонки рушди АвруОсиё таъйин шуданаш табрик гуфта, барои рушд додани муносибатҳои дуҷониба дар сатҳи нави ҳамкорӣ изҳори умед кард. Зимни мулоқот Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳайати Бонки рушди АвруОсиёро бо вазъи феълии низоми бонкии мамлакат шинос намуда, изҳор дошт, ки марҳилаи солимгардонии низоми бонкӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Раиси Раёсати Бонки рушди АвруОсиё Андрей Белянинов таваҷҷуҳи асосиро барои мусоидат намудан дар самти қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ, имкониятҳои кушодани суратҳисобҳои Бонки рушди АвруОсиё дар Бонки миллии Тоҷикистон, гузаронидани амалиёти СВОП ва дигар масъалаҳои низоми бонкӣ ҷалб намуд.
Риси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зикр намуд, ки таклифу пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои зикршуда пурра омӯхта шуда, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда дар самти ба сатҳи нав гузаронидани ҳамкорӣ ва дастгирии низоми бонкии мамлакат мавриди пешниҳод қарор дода мешаванд.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






