Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон се Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ ба қайд гирифта шуд

Январь 24, 2018 14:20

ДУШАНБЕ, 24.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аз тарафи Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  се Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора ректори донишгоҳи мазкур Ҳайдар Одиназода  имрӯз, 24 январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки шӯроҳои мазкур аллакай ба кор шурӯъ намудаанд ва дар яке аз онҳо як нафар рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд.

«Ин раванд барои пешравӣ ва баланд гардидани сатҳи дониши донишҷӯён мусоидат мекунад, зеро вақте ки омӯзгор аз болои худ кор мекунад, албатта, ба шогирд дониши беҳтар медиҳад»,- гуфт Ҳайдар Одиназода.

Бино ба гуфтаи номбурда, яке аз мақсадҳои асосӣ ва оинномавии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бархурдор аз техникаву технологияи замони муосир мебошад, ки барои ин дар донишгоҳ тамоми шароити муосир ва зарурӣ фароҳам оварда шуда, он дар оянда тақвият бахшида мешавад.

Масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсил ва ҷалб намудани диққати ҷавонон ба фанҳои техникӣ, инчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар ин самт барои андешидани тадбирҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

«Мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем»,- иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми имсола.

Маврид ба зикри хос аст, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон пойгоҳи асосии омода намудани мутахассисони соҳаи техникию технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар факултетҳои менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ, технологияҳои инноватсионӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, сохтмон ва меъморӣ, энергетикӣ ва нақлиёти он аз рӯи 73 ихтисоси амалкунанда ва 9 ихтисоси нав банақшагирифташуда мутахассисон омода карда мешаванд.

 

 

Январь 24, 2018 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд