Дар роҳи мошингарди Душанбе –Кӯлоб-Хоруғ резиши санг ба амал омад

Январь 9, 2018 09:20

ДУШАНБЕ, 09.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бинобар сабаби резиши санги зиёд ҳаракат дар роҳи  мошингарди Душанбе –Кӯлоб-Хоруғ-  дар минтақаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин  муваққатан қатъ гардидааст.

Тавре  сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аловуддин Аноятшоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ин минтақаи роҳи мазкур  резиши санг ҳанӯз ҳам идома дорад ва  корҳои бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ муваққатан қатъ  гардидаанд.  Алҳол 50 метри роҳ дар ин мавзеъ тоза карда шуда, баробари хотима ёфтани резиши санг корҳои тозакунии роҳи мазкур идома меёбанд.

Аловуддин Аноятшоев ҳамчунин зикр кард, ки айни замон  намояндагони сохторҳои дахлдор дар  макони офати  табиӣ қарор дошта, тамоми техникаи мавҷуда баҳри тоза намудан ва кушодани роҳ сафарбар карда шудаанд.

Январь 9, 2018 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид