Ду корманди соҳаи маориф барои омода намудани «Номаи камол»-и қалбакӣ то 150 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Январь 16, 2018 14:38

ДУШАНБЕ, 16.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Рашт ду корманди соҳаи маорифро барои омода намудани «Номаи камол»-и қалбакӣ то 150 ҳазор сомонӣ ҷарима намуд.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, директори муассисаи  таҳсилоти умумии  асосии №68 ноҳияи  Рашт Я. Толибов охирҳои моҳи августи соли 2015 бо маслиҳати пешакӣ ғайриқонунӣ  дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ба ному насаби Д. Асалзода «Номаи камол» омода намуда, бар ивази 500 сомонӣ ба Н.  Эшонова додааст.

Ҳамчунин номбурда кирдорҳои ҷинояткоронаи  худро идома дода, аввалҳои моҳи январи соли 2017 бо таҳдиди аз вазифа озод намудани таъмиргари муассисаи мазкур А. Асрориддин аз падари ӯ А. Қуқанов бо роҳи тамаъҷуӣ  400  сомонӣ  пора  талаб намуда, гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, бо ҳукми суди ноҳияи Рашт Я. Толибов ва Н. Эшонова гунаҳкор дониста шуда, ба Я. Толибов ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 150 000 сомонӣ ва ба Н. Эшонова ҷарима ба андозаи 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 100 000  сомонӣ таъйин гардид.

Январь 16, 2018 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид