Ин баҳор гулҳои шукуфтаи дарахтони бодом ба Наврӯзгоҳ шукӯҳи тоза мебахшанд

Январь 23, 2018 11:18

ДУШАНБЕ, 23.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, имсол дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе баргузории якчанд чорабинии дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дар назар дошта шудааст.

Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва идораҳои марбутаро  вазифадор намуданд, ки таҷлили ҷашни  Наврӯзи байналмилалӣ, қабули  сарони давлатҳо ва  меҳмонони воломақом, инчунин муаррифии сарзамини Тоҷикистон ба меҳмонону сайёҳони хориҷиро   дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   бо ин мақсад 21 январи соли 2018  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии кипарис, Сарви лейландӣ ва секвоя шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ  дар пойтахт ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар ин рӯз  ҳашари ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи асосии ободонию бунёдкорӣ ва навсозии пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе дар майдони Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт сурат гирифта, ба хотири зебою озода кардани хиёбонҳои шаҳр дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз  шинонида шуданд.

Дар баробари дарахтони ороишӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз ҳазор адад ниҳолҳои дарахтони бодом  шинонида шуд. Дарахтони мевадиҳандаи бодом дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи миллии Тоҷикистон ва Хоҷагии деҳқонии «Асадулло»-и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дастрас гардиданд.

Хотиррасон менамоем, ки Боғи Наврӯзгоҳ  соли 2014 бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд ва он дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст.

Боғи  мазкур  дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта,  дар он дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо аз давлатҳои гуногун оварда, шинонида шудаанд. Аз ҷумла, дар 15 гектари боғи  мазкур  дарахтони санавбар, калина, сарвиноз, ёс, ҷалғӯза, як навъи сарв, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, тӯси маҳаллӣ, шоҳбулут, зирк, заранги сурх, сарв, маҷнунбед ва гули садбарг шинонида шудаанд.

Рухсораи НУР,

АМИТ “Ховар”

Январь 23, 2018 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад