Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе довталабонро барои иштирок дар озмуни ишғоли мансабҳои холӣ даъват менамояд

Январь 18, 2018 11:47

ДУШАНБЕ, 18.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  барои ишғоли  30 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон намуд.

Дар ин бора  аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Номгӯи мансабҳои мазкур  чунин аст:

1.Мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.  Довталабони ин мансаб  бояд  таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ   ва 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ дошта бошанд;

  1. Мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони  ин мансаб  доштани  таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ, сиёсатшиносӣ, илмҳои гуманитарӣ, сотсиологӣ, равоншиносӣ ё соҳаи идоракунии давлатӣ ва  4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ мебошад;

  1. Мудири бахши банақшагирӣ ва хариди давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

 Аз  довталабони ин мансаб  талаб карда мешавад, ки  таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва дигар ихтисосҳои мувофиқ ва 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ дошта бошанд.

  1. Мудири бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб  доштани таҳсилоти олии касбии соҳаи технология ва коммуникатсия ва дигар ихтисосҳои муносиб ва 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ мебошад;

  1. Мудири бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб  доштани таҳсилоти олии касбии молиявӣ ва баҳисобгирии иқтисодӣ, инчунин 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ мебошад;

  1. Сармутахассиси Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе – 2 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансабҳо  доштани таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисод ва молия ва 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ мебошад;

  1. Сармутахассиси Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе – 2 ҷой

Довталабони ин мансаб бояд таҳсилоти олии касбии соҳаи филологӣ ва ё журналистӣ ва  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ дошта бошанд;

  1. Сармутахассиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб  доштани таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, илмҳои гуманитарӣ ё соҳаи идоракунии давлатӣ ва 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ  мебошад;

  1. Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Довталабони  ин мансаб бояд таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ва 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ дошта бошанд;

  1. Сармутахассиси бахши банақшагирӣ ва хариди давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони  ин мансаб доштани  таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб, инчунин 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ мебошад;

  1. Сармутахассиси бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Довталабони ин мансаб  бояд таҳсилоти олии касбии соҳаи технология ва коммуникатсия ва дигар ихтисосҳои муносиб, инчунин 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ дошта бошанд;

  1. Сармутахассиси бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб доштани  таҳсилоти олии молиявӣ ва баҳисобгирии иқтисодӣ ва 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ мебошад;

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Довталабони  ин мансаб бояд таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ, сиёсатшиносӣ, сотсиологӣ, равоншиносӣ, илмҳои гуманитарӣ ё соҳаи идоракунии давлатӣ дошта бошанд;

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб доштани таҳсилоти олии касбии соҳаи нақлиёт аст;

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Довталабони  ин мансаб  бояд таҳсилоти олии касбии агрономӣ, ҷангалпарварӣ, биологӣ ва экологӣ дошта бошанд;

  1. Мутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб доштани таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии соҳаи сохтмону коммуналӣ мебошад;

  1. Мутахассиси Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Довталабони ин мансаб  бояд таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, филологӣ ва ё журналистӣ бошанд;

  1. Сармутахассиси Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе – 2 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб доштани таҳсилоти олии касбии актёри драма ва кино, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ё ихтисосҳои гуманитарӣ ва 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ мебошад;

  1. Сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

 Довталабони ин  мансаб  бояд таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, филолог ё ихтисосҳои гуманитарӣ, инчунин 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ мебошад;

  1. Сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб  доштани таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, илмҳои гуманитарӣ ё соҳаи идоракунии давлатӣ, инчунин 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ мебошад;

  1. Мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе – 2 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб доштани таҳсилоти олии касбии актёри драма ва кино, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ё ихтисосҳои гуманитарӣ мебошад.

22.Мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб доштани таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, филологӣ ё ихтисосҳои гуманитарӣ мебошад;

23.Мутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Довталабони ин мансаб  бояд таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ҳуқуқшиносӣ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, филологӣ ё ихтисосҳои гуманитарӣ дошта бошанд.

24.Мутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб  доштани таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии динӣ, ҳуқуқшиносӣ, филологӣ, шарқшиносӣ ё таърихшиносӣ  мебошад.

25.Мутахассиси шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории шаҳри Душанбе

Довталабони ин мансаб бояд таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ дошта бошанд.

26.Мутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб доштани  таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ё илмҳои гуманитарӣ  мебошад;

Хотиррасон  менамоем, ки  барои ҳамаи довталабон  донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд, ҳатмӣ мебошанд.

Тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ  маоши мансабӣ  барои мудирони шуъбаҳо 1207,90 сомонӣ,  мудирони бахшҳо 991,70 сомонӣ, сармутахассисон 894,40 сомонӣ, мутахассисони пешбар 733,20 сомонӣ ва  мутахассисон 603,20 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи  эълони мазкур  дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80, индекс: 734023, телефон, факс: 221-35-68, почтаи электронӣ: dushanbe80@yahoo.com, сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   www.dushanbe.tj

 

Январь 18, 2018 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» баргузор мешавад
Рустами Эмомалӣ бо Кетрин Мери Рассел мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои директорони шабакаи телевизионии «Евронюс» Педро Варгас Сантос Давид мулоқот намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши табибони ҷавони шаҳри Душанбе баргузор шуд
Шаҳри Душанбе то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ мегузарад
Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Сино супорида шуд
Дар Душанбе ба пешвози меҳмонон-иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо омодагӣ мегиранд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумакҳои пулӣ расонида мешаванд
Дар Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз ёфт