Нусратулло Салимзода: «Дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 149 ҷиноят зиёд ба қайд гирифта шудааст»

Январь 24, 2018 15:48

ДУШАНБЕ, 24.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Дар  шаш моҳи соли 2017  дар ноҳия 1534 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016   149 ҷиноят зиёд мебошад. Аз ин миқдор 37 ҷиноят аз тарафи ноболиғон содир гардидааст, ки нисбат ба ҳамин  давраи соли 2016 9 ҷиноят кам мебошад», — иброз дошт  раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Нусратулло Салимзода зимни пешниҳоди ҳисобот дар  нишасти матбуотие, ки имрӯз дар мақомоти  мазкур  доир гардид.

Н.Салимзода  доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ маълумот дода, аз ҷумла, зикр кард, ки дар ҳудуди ноҳия 169  корхонаҳои саноатӣ мавҷуданд, ки соли 2017  93 адади он ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро  дар муқоиса ба соли 2016 зиёд намуда, 55 адади  дигари он  ҳаҷми маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи  20, 2 миллион сомонӣ кам кардаанд.

21 адад корхонаҳо умуман  фаъолият надоштанд.  Дар ин давра дар ноҳия  аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ 308 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст.

Н. Салимзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли 2017  5518 нафар сокинони ноҳия ба мақомот муроҷиат намудаанд, ки аз ин миқдор ба 5444 муроҷиат ҷавоб ирсол гардида, 74 адади он мавриди баррасӣ қарор доранд.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин зикр гардид, ки дар ҳудуди ноҳия 62 адад иншоот барои таъсиси нуқтаҳои ҳунарҳои мардумӣ  ҷудо карда шудаанд.  Алҳол аз теъдоди умумии онҳо дар 25 ададаш коргоҳ ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 209 нафар ба кор ва омӯхтани касбу ҳунар машғул мебошанд.

 

 

Январь 24, 2018 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик