ОБУ ҲАВО: барфи деринтизори мо омад!
ДУШАНБЕ, 17.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора тағйир ёфта, боридани барфу борон ва вазиши сахти бод дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, боридани барф дар назар дошта шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи номусоид гашта, боридани барф пешгӯӣ карда мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 6-11 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 5-10 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 4-1 ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз сокинони пойтахтро боридани барфи деринтизор хушҳол мекунад. Ҳарорат шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 5-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.












Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






