ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш ва фаромадани туман дар назар аст

Январь 12, 2018 08:32

ДУШАНБЕ, 12.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш гашта, туман мефарояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Ҳаво дар вилояти Суғд имрӯз тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-1 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

«Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 24-29 ва рӯзона 6-11 дараҷа сард мешавад»,-хабар дод манбаъ.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва тағйирёбанда гашта, рӯзона фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрӣ пешбинӣ гашта, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2 дараҷа хунук ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.

Январь 12, 2018 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад