Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2017» муайян гардиданд

Январь 10, 2018 13:44

ДУШАНБЕ, 10.01.208 /АМИТ «Ховар»/. 9 январи соли 2017 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2017» муайян ва бо диплом қадрдонӣ шуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи озмуни мазкур дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик ва ҷавобгӯй ба меъёрҳои санъати сухану забони адабӣ буда, мазмуну муҳтавои онҳо бояд мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишварро дар бар гирад.

Ин мавод инчунин  бояд ба завқи алоқамандони каломи бадеъ созгор буда, дар дили хонанда оташи меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан, обу хоки кишварро барафрӯзанд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2017»  муаллифони асарҳои бадеии тоҷик, ки китобҳояшон тайи соли 2017 дар муассисаҳои нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудаанд, иштирок намуданд.

Барои китоби назм Раҳмат Назрӣ бо китоби «Замзама», Муҳаммад Ғоиб бо китоби «Сесаду шасту шаш ғазал», Сайдалӣ Маъмур бо китоби «Борони сабз» ғолиби озмун дониста шуданд.

Инчунин  дар наср Ато Мирхоҷа бо китоби насри «Андозчини рӯзадор», Маҳмадризо Тоҳирӣ бо китоби насри «Даъват», Абдуғаффор Абдуҷаббор бо китоби «Зоопарк», дар назми бачагона Нарзулло Тиллозода бо китоби «Турнаҳо»,  Муслиҳиддин Маҳмадалӣ барои китоби бачагонаи «Пайроҳаи мурод»,  Рабоат Худойдодова бо китоби «Чашмаи дил» дар насри бачагона,  Гулчеҳра Муҳаммадиева барои китоби «Афсонаи товус», Рустам Ваҳҳобзода барои китоби «Шеър ва дониш» ва Қурбон Восеъ бо китоби «Маромгӯйи Ваҳдат ва Истиқлолият» ғолиб омада, бо диплом қадрдонӣ шуданд.

 

 

Январь 10, 2018 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид