Олимони Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти рақобати илмӣ корҳои таҳқиқотиву технологиро вусъат мебахшанд

Январь 17, 2018 11:54

ДУШАНБЕ, 17.01.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Сиёсати дохиливу хориҷии давлат ҳамасола ба воситаи пешниҳод намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат инъикос гардида, масъулини муассисаҳои давлатӣ дар тарғибу ташвиқи он саҳм мегузоранд. Олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва намояндагони масъули вазорату идораҳо дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ барои шаҳрвандон Паёми имсоларо тарғибу ташвиқ намуда, баҳри шиносоии саҳеҳи онҳо бо сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат мусоидат менамоянд.

Дар Паёми имсола вазифаҳои асосии муассисаҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зеро иртибот доштани илм бо истеҳсолот ва мусоидат ба рушди иқтисодии мамлакат аз омилҳои асосии фаъолияти илмӣ маҳсуб мегардад. «Махсусан, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад»,-омадааст дар Паёми Пешвои миллат.

Тағйирёбии иқлими сайёра сол то сол шумораи пиряхҳои Тоҷикистонро, ки яке аз манбаъҳои асосии оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, коҳиш медиҳад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш бори дигар таваҷҷуҳи олимони Академияи илмҳои ҷумҳуриро ба вазъи кунунии пиряхҳо ва омӯзиши ҳаматарафаи онҳо ҷалб намуда, изҳор доштанд,  ки аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар ҷумҳурии мо ба қайд гирифта шудаанд, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад. Бо дарназардошти чунин вазъ, Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, бояд мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии мамлакатро ҷиддӣ ба роҳ монад.

Бинобар гармшавии иқлим, айни замон башар ба мушкилиҳои пайдарпай дучор шуда, роҳҳои бартараф намудани ин мушкилиҳоро ҷустуҷӯ мекунад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он аксари захираҳои обии минтақа мавҷуданд, камшавии пиряхҳои азимҷусса мушоҳида мешавад. Аз ин хотир, зарурати аз лиҳози илмӣ омӯхтани авзои пиряхҳо ба вуҷуд омадааст ва тавре дар Паём омадааст, таъсиси Маркази илмии омӯзиши пиряхҳо дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон айни воқеият мебошад, чунки пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии мамлакат бо дарназардошти истеҳсол ва коркард намудани неруи барқ аз масоили таъминкунандаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат муаррифӣ мешаванд.

Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол вазифадор гардидааст, ки омӯзиши масъалаҳои обро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ монда, дар татбиқи сиёсати экологии Ҳукумати мамлакат саҳм гузорад. Камшавии пиряхҳо ва аз байн рафтани онҳо бинобар тағйирёбии иқлим дар ҷаҳони муосир мушоҳида мешавад ва дар назди инсоният вазифаи мушаххас истодааст, ки ҷараёни аз байнравии пиряхҳо ва дигар захираҳои обиро ҷилавгирӣ намояд. Манфиатҳои геополитикии  як зумра кишварҳои мутараққӣ ва  бо истифода аз силоҳҳои ҳозиразамони ҳастаӣ ба майдонҳои набард табдил додани нимҷазираи Арабистон дар дигаргун гардидани иқлими минтақа нақши манфӣ мегузорад ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳатто дар аҳди шӯравӣ боридани чангу хок мушоҳида намешуд, айни замон осмон дар аксар маврид ғуборолуд ба назар мерасад.

Масъалаи гуногунии биологӣ низ аз зумраи вазифаҳоест, ки таҳқиқи он барои олимони тоҷик аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешавад. Зеро сарватҳои табиӣ ва канданиҳои зеризаминии кӯҳистони Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷустуҷӯи геологӣ ва бостоншиносӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат бояд ба таври саҳеҳ ба роҳ монда шаванд ва омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик ба воситаи он идома ёбад. Аммо барои татбиқи вазифаҳои зикргардида қобилияту лаёқатҳои илмии олимони ватанӣ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонии илму технологияи муосир ҷавобгӯ бошад, чунки «дар шароити имрӯза, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст, олимони ҷумҳуриро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти рақобати илмии ватанӣ корҳои таҳқиқотиву технологиро вусъат бахшанд».

 

Январь 17, 2018 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад